НАВРӮЗ - РАМЗИ ТАМАДДУН, ВАҲДАТ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
2026-03-18 13:33:50
Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва бошукӯҳтарини халқҳои ориёӣ, алалхусус форсизабонон буда, аз сапедадами фарҳангу тамаддуни ориёӣ то ба имрӯз, новобаста ба вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва идеологии давраҳои таърихӣ, дар байни мардуми мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҳатто шикасту нокомиҳо аз ҷониби ақвоми мухталиф ба ҳеҷ ваҷҳ натавонистаанд, чизе аз бузургию шаҳомати ин ҷашнро кам кунанд. Баръакс, Наврӯз ба мисли дарахти барӯманди ҳамешасабзе бо гузашти солҳо бар умқи қалбҳои халқҳои эронитабор решаҳояшро устувор карда, беш аз пеш қавитару пурбортар гардида, ҳамзамон ба ҷашни миллии халқҳои дигар кишварњо низ табдил ёфтааст.
Ёдрас мешавем, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ба мақоми сарварии Тоҷикистон омадани фарзонафарзанде, чун Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон, назири Наврӯз дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда
расонд. Саъю талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки тоҷиконро дар арсаи банйламилалӣ ҳамчун миллати
тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва кишвари
ташаббускору бунёдкор шинохтанд ва эътироф карданд.
Дар ин самт, махсусан таваҷҷуҳ ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Наврӯз ва таҷлили бошукӯҳи он арзандаву сутуданист. Зеро маҳз бо ташаббуси
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷонибдории кишварҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна Ќатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда, дар он 21-уми март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид.
Қатъномаи мазкур ба Наврӯзи ниёгони мо хусусияти умумибашарӣ бахшида, ин оини бостониро ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ ва эълон намуд. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихи ҷашни Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннат барои миллати соҳибҷашни тоҷик ифтихори бузург аст.
Дар Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони муътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд. Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне, Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.
Инак, пас аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз имкониятҳои бештаре фароҳам омадаанд, ки кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба воситаи таҷлили ҳамасола ва пуршукӯҳи Наврӯз суннатҳои волои онро, ки бархе аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, бо дастгирии доираҳои илмиву фарҳангии ҳамдигар эҳё гардонанд ва ба оламиён собит намоянд, ки Наврӯз воқеан ҳам аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Наврӯз яке аз унсурҳои асосии ҳувиятсози миллати тоҷик ба њисоб рафта, дар ҳассостарин лаҳзаҳои таърихии миллат ба унвони ҳалқаи пайванди наслҳо, намоди ваҳдат ва бақои он будааст. Аз ин рӯ, таҷлил аз Наврӯз таҷлил аз хотираи асотирию таърихӣ ва фарҳангии миллат мебошад. Ниҳояти ифтихори миллати мост, ки акнун дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон Наврӯз ва расму оинҳои он бо асолати таърихии худ дар сатҳи миллату давлат таҷлил мешавад. Мо бояд ба хотири ҳифзи асолати худ ба арзишҳои бебаҳои миллиамон дар ҳама ҳолат ҳамеша арҷ гузорем ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда ба ояндагон расонем.
Саидзода Аҳмадшо Раҳматшо – н.и п, дотсент, директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе