ҶАШНИ НАВРӮЗ-ОЙИНАИ ТАЪРИХ, ФАРҲАНГ, ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ҲАСТИИ НИЁГОНИ МО
2026-03-18 12:34:24
Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмуҳтавотарин ҷашнҳои башарист, ки решаҳои он ба умқи таърихи тамаддуни ориёӣ мерасад. Ин ҷашни бостонӣ на танҳо оғози соли нави табиат, балки рамзи эҳёи зиндагӣ, тозагии маънавӣ, ҳамдигарбахшӣ ва инсонсозист. Ниёгони тоҷикон ориёиҳо ҳанӯз дар давраҳои қадим дорои фарҳангу маданияти ғанӣ ва низоми мукаммали ҷаҳонбинӣ будаанд. Маҳз дар ҳамин замина Наврӯз ҳамчун як ҷузъи муҳими низоми маънавӣ ва иҷтимоии ҷомеа ташаккул ёфтааст.
Фарҳанги ориёӣ бо пойдорӣ ва фарогирии худ тавонист дар тӯли ҳазорсолаҳо бо вуҷуди тағйироти сиёсиву мазҳабӣ ва ҳуҷуми қавмҳои бегона арзишҳои асосии худро ҳифз намояд.Тоҷикон низ дар баробари қабули дини ислом ва пушти сар кардани давраҳои пурошӯби таърихӣ, ҷашну ойинҳои миллии худро, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргонро нигоҳ доштанд ва ба наслҳои баъдӣ интиқол доданд.
Аҷдоди гузаштаи мо Наврӯзро хеле хушнудона истиқбол мекарданд. Рӯзҳои наврӯзӣ ҳамаи мардону занон ва кӯдакону ҷавонон либосҳои идона ба бар карда, ба саҳро мебаромаданд, сайругашт мекарданд ва сурудҳо мехонданд. Занҳо як ҷо гирд омада, ба рӯйи ҳамдигар гул мепошиданд ва ҳамдигарро ба ин иди фархунда табрик мегуфтанд. Ҷавонписарону духтарон хурсандиҳо намуда, ба ҳамдигар обпошӣ мекарданд. Баъд аз сайругашт мардум гурӯҳ-гурӯҳ дар ягон ҷойи мувофиқи саҳро, ки онро Наврӯзгоҳ мегуфтанд, ё дар меҳмонхонае гирд меомаданд ва хони Наврӯзӣ меоростанд ва он хонро “ҳафт шин” мегуфтанд, ки ҳар як нозу неъмати дар рӯйи хон буда бо ҳарфи “шин сар мешуд: шир, ширинӣ, шакар, шароб, шоҳ (номи як навъ рустании кӯҳӣ), шамъ ва шарбат. Ҳар як нозу неъмати хони Наврӯзӣ рамзи орзуву омоли халқ дар Соли Нав мебошад.
Хушбахтона, бар асоси роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангии таъсиргузори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Ҷуҳурии Тоҷикистон марказ ва ҳувияти фарҳанги тамаддуни ориёӣ аст. Дар Эрон ва дар ҳеҷ кишвари форсизабони дигар тандисҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Куруш ва соири шахсиятҳои форсизабон ва ориёӣ дида намешаванд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзро ҳамчун як ҷашни миллию давлатӣ ба расмият даровард ва онро бо шукӯҳу шаҳомати таърихияш эҳё ва ҳар сол таҷлил мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки «Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рузи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии “Наврӯз муборак!” табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст». Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳавзаи Наврӯз-Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Туркия робитаҳои зичи фарҳангӣ дорад ва дар чорабиниҳои наврӯзии байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзро ҳамчун як неруи рушди таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва рамзи дӯстӣ ва сулҳ миёни халқҳо тарғиб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи фарҳангии Наврӯз нақши умда дошта, ҳамчун кишвари дорои таърихи бойю қадима дар таҷлили ин ҷашн, ба хотири рушди мероси фарҳангии Наврӯз, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ саҳми бузург дорад. Наврӯз ҷашни пур аз
шодӣ ва умед аст. Он ба мо ёдрас мекунад, ки зиндагӣ ҳамеша нав мешавад ва мо бояд бо дилгармӣ ва меҳрубонӣ ба сӯи ояндаи нек қадам гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст». Ин суханони Пешвои миллат моҳияти амиқ ва паҳлуҳои гуногуни ҷашни Наврӯзро инъикос мекунанд. Шарҳи мухтасару равшани он чунин аст: Наврӯз инсонро ба покӣ, некӣ, меҳнатдӯстӣ ва созандагӣ даъват мекунад. Дар ин айём мардум бо нияти тоза, дилу андешаи нек ва умеди нав ба зиндагӣ ворид мешаванд. Яъне Наврӯз қадру арзиши инсон ва зиндагии шоистаро гиромӣ медорад. Наврӯз ба оғози фасли баҳор рост меояд замоне ки сармо пас меравад ва гармӣ фаро мерасад, рӯзҳо дарозтар мешаванд. Ин ҳолат рамзи ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ ва зиндагӣ бар хомӯширо дорад. Дар маънои рамзӣ пирӯзии некӣ бар бадӣ ва умед бар ноумедист. Бо фаро расидани Наврӯз табиат зинда мешавад, дарахтон
гул мекунанд, замин сабз мегардад, кишту кор оғоз меёбад. Ин бедории табиат инсонро низ ба бедории фикрӣ ва маънавӣ раҳнамун месозад. Наврӯз танҳо тағйири фасл нест балки оғози давраи нави ҳаёт аст. Ҳама мавҷудот наботот, ҳайвонот ва инсон ба ҳаракату рушд ворид мешаванд. Ин эҳё рамзи навшавии зиндагӣ ва ҷомеа мебошад. Наврӯз аз қадим мардумро гирди ҳам овардааст, хешу табор, ҳамсояҳо ва дӯстону наздикон ба ҳам меоянд, кинаҳоро мебахшанд, дӯстиро мустаҳкам мекунанд. Аз ин ҷиҳат, Наврӯз ҷашни ваҳдат, ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи дигар қайд намуданд, ки «Мо ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Тайи ҳазорсолаҳо дар ҳаёти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла мо-тоҷикон ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқуъ пайвастаанд, ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, ба шумули Наврӯз гардидаанд». Дар ин росто Пешвои миллат таъкид менамояд, ки Наврӯз танҳо як ҷашни оддӣ нест, балки меваи андешаи амиқи фалсафӣ ва ҷаҳонбинии мардуми ориёӣ мебошад. Яъне он аз мушоҳидаи табиат, гардиши фаслҳо, баробар шудани шабу рӯз, эҳёи замин ва зиндагӣ сарчашма гирифтааст. Ифтихор аз Наврӯз ифтихор аз таърихи куҳан, фарҳанги баланд ва саҳми ниёгон дар тамаддуни башарист. Зикри “беш аз шаш ҳазор сол” ба решаҳои бисёр қадима доштани ин ойин ишора мекунад. “Тайи ҳазорсолаҳо дар ҳаёти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла мо тоҷикон ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқуъ пайвастаанд…” Ин бахш ба таърихи пурпечутоби халқҳои ориёӣ ишора
мекунад. Дар тӯли асрҳо ҷангҳо, истилоҳо, тағйири давлатҳо, низомҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омадаанд. Ҳар як давра ба тарзи зиндагӣ ва фарҳанги мардум таъсир расонидааст. “…ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, ба шумули Наврӯз гардидаанд.” Дар баъзе давраҳоитаърихӣ баргузории ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, маҳдуд ё манъ шуда буд. Сабабҳо метавонанд сиёсӣ, идеологӣ ё динӣ бошанд. Аммо бо вуҷуди ин маҳдудиятҳо, мардум ойинҳои худро ҳифз карданд ва Наврӯз аз байн
нарафт. Пешвои миллат таъкид менамояд, ки Наврӯз рамзи ҳувияти таърихӣ ва фарҳангии мост. Гарчанде дар тӯли таърих монеаҳо зиёд буданд, ин ҷашн ба шарофати муҳаббат ва эҳтироми мардум зинда монд. Имрӯз таҷлили озодонаи Наврӯз нишонаи эҳёи арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз решаҳои тамаддунии тоҷикон мебошад.
Наврӯз дар фарҳангии миллати мо чунон решаи қавӣ дорад, ки ҳатто дини мубини Ислом натавонистааст онро бартараф кунад ё ба баргузории он халал ворид намояд. Ин натанҳо муносибати Ислом ба Наврӯз буд, балки муносибати дини мубин ба одобу суннатҳои миллӣ низ маҳсуб меёфт. Чунонки донишманди маъруфи тоҷик Кароматулло Олимов менависад: ”Наврӯз на танҳо ихтилофе бо ислом надорад, балки бо фарханги исломӣ якҷоя тафаккури миллиро ғани намуда, ҳамчун синтези фарҳанги то исломӣ ва исломӣ, ҳамчун ҷузъи муҳими рӯҳи болидаи
миллати мо бузург менамояд”.
Аз манобеъ ва сарчашмаҳои таърихӣ, фарханги ва исломӣ маълум мегардад, ки ҳадафи нузули ислом дур сохтани ҳар миллату халкият аз арзишҳои волои миллӣ набуда, балки дар бисёр мавридҳо ислом бар он аст, ки арзишҳои муҳими суннатҳои миллиро нигоҳ дорад ва пойдору устувор гардонад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар таълимоти дини ислом диққати асосӣ бештар ба беҳзистии халифаи Худованд Одам (а) нигаронида шудааст ва муборизаи доимӣ ба муқобили ҳама гуна гаравишҳои ботиле, ки ба фитрати одами таъсири манфӣ меоранд, бурда мешаванд.
Масалан, Расули Худо (с) дар ин маврид фармудаанд: “Касе ки одат ва суннати
некеро поягузори кунад, подоши амали худаш ва низ ба андозаи подоши дигар
амалкунандагон ба вай дода мешавад, бидуни он ки аз подоши амалкунандагон кам
шавад. Ва касе суннати бадеро поя гузорад ва бад-он амал шавад, гуноҳи амали худаш ва дигарон ба уҳдаи уст, бидуни он ки аз гуноҳҳои дигарон коста шавад ”.
Хазрати Али (р) дар китоби “Наҳч-ул-балоға” доир ба маънии боло чунин иброз намудааст: “Ойини писандидаеро барзам нарез, ки бузургони ин уммат бад-он рафтор намудаанд ва ба василаи он мардум ба ҳам пайвастаанд ва халқ бо якдигар созиш кардаанд. Ва ойине магузор, ки чизе аз суннатҳои неки гузаштаро зиён расонад, ки дар он сурат подош азони ниҳандаи суннат бошад ва гуноҳи шикастани он бар ту монад”.
Дуруст аст, ки аз рӯзҳои аввали зуҳураш ба бисёр идҳо ва равияҳои даврони чоҳилия зиддият намуда, ҳатто, ба баргузор намудани онҳо монеъ гардидааст. Лекин доир ба баргузор намудани Наврӯз на дар Куръони Карим ва на дар аҳодиси набави ба ҷуз аз чанд ҳадиси мухталифия ҳамчун ид монеияти ҷидди дида намешавад. Аз бузургони дин баҳри густариши ин ид ақоиди манфиатноке пешниҳод гардидааст. Ва ин амалҳо шоиди онанд, ки ойини ислом одату русумеро, ки хайру саховат ва хусусияти сулҳу салоҳ доранд, мепазирад.
Имом Бухори дар “Ат-таърихул-кабир” аз Ҳаммод ибни Салама аз Али ибни Зайд аз Сиъри Тамими чунин ривоят мекунад: “Барои Али (р) фолуда (тухфа) оварданд. Али (р) пурсид: ин чист? Гуфтанд: имруз Наврӯз аст. Али (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз кунед”. Фирӯзободӣ дар “Ал-қомус” овардааст:“Микдоре ҳалво барои Али (р) оварданд. Пурсид, ки ин чист? Гуфтанд, ки барои Наврӯз аст”.
Ба эътибор бархе коршиносони табдили гоҳшумор, дар валасаи машварати ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) барои тақвим, Ҳурмузони тозамусалмон ширкат дошт ва тақвими шамсиро, ки ба Наврӯз шуруъ мешавад, барои ҳозирон шарҳ кард ва халифа он тақвимро барои умури девонӣ ва хароҷ пазируфт.Хулафои умавӣ ва аббосӣ, ҳадяҳои Наврӯзро мепазируфтанд, ҳатто дастур медодаанд, то барояшон ирсол гардад.
Дар ҳадисе аз Имом Ҷаъфари Содиқ нақл шудааст, ки: “Рӯзи Наврӯз ҳамон рӯзест, ки Худованд дар он рӯз аз бандагонаш паймон гирифт, ки ӯро парастиш кунанд ва ҳеҷ чизро шарики ӯ надонанд. Ва ин ки ба Паёмбарон ва авлиёаш имон биёваранд. Ва он нахустин рӯзе аст, ки хуршед дар он тулуъ карда ва бодҳои бордоркунанда дар он вазидааст ва гулҳо ва шукуфтаҳои замин офарида шудааст”.
Ин нуқта ҳам лозим ба ёдоварист, ки дар адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷику форс Наврӯз суруда ва ҳатто ниҳоят зиёд васф карда шудааст. Ин шоирони вассофони Наврӯз ҳама пайравони дини ислом буданд. Дар мавриди ривоятҳо ва ақоиди дар фавқ зикр гардида байни донишмандони ислом фикру андешаҳо мухталифанд.
Дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ оид ба пайдоиш ва моҳияти Наврӯз маълумоти фаровон ба назар мерасад. Яке аз муҳимтарин маъхазҳо “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Фирдавсӣ пайдоиши Наврӯзро ба давраи подшоҳии Ҷамшед мансуб медонад.Тибқи ривояти ӯ, Ҷамшед тахт сохт ва дар рӯзи ба тахт нишастанаш ҷаҳон равшан гардид ва мардум он рӯзро “рӯзи нав” номиданд:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Дар ин ҷо Наврӯз на танҳо оғози сол, балки оғози давраи нави ободонӣ ва шукуфоӣ маънидод мешавад. Маълумоти муфассалро инчунин дар асарҳои “Бундаҳишн”, «Осор-ул-боқия» ва «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ, «Таърихи Табарӣ», «Форснома»-и Ибни Балхӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори мӯътабар метавон пайдо кард.
Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» Наврӯзро бо такя ба ривоятҳо ва ҳисобҳои илмӣ шарҳ медиҳад. Ӯ чанд фарзияи пайдоиши Наврӯзро меорад. Яке аз онҳо ба Ҷамшед вобаста аст: гӯё Ҷамшед бар тахт нишаст ва бо кумаки неруҳои ғайбӣ аз Дамованд то Бобул дар як рӯз расид ва мардум ин ҳодисаро мӯъҷиза пиндошта, он рӯзро ид гирифтанд. Берунӣ ҳамчунин ба ҷанбаҳои нуҷумӣ ва тақвимии Наврӯз ишора намуда, онро ба баробаршавии шабу рӯз ва вуруди Офтоб ба бурҷи Ҳамал мепайвандад, ки асоси илмии оғози соли шамсӣ мебошад.
Асари махсусе, ки комилан ба Наврӯз бахшида шудааст, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём аст. Ин китоб на танҳо хусусияти таърихӣ, балки илмӣ низ дорад. Умари Хайём сабаби ниҳодани Наврӯзро ба низоми ҳаракати Офтоб ва ҳисобу китоби дақиқи сол рабт медиҳад. Ӯ менависад, ки чун подшоҳон ва донишмандон дарёфтанд, ки Офтоб пас аз даври комил ба нуқтаи аввали бурҷи Ҳамал бармегардад, он рӯзро оғози сол қарор доданд. Ба ин тартиб, Наврӯз танҳо ҷашни ривоятӣ не, балки бар пояи донишҳои нуҷумӣ ва тақвимӣ низ устувор гардидааст. Дар
баъзе маъхазҳо Наврӯз бо ойини зардуштӣ ва Маздаясно низ пайванд дода мешавад. Ривоятҳое вуҷуд доранд, ки қабул шудани ойини Зардушт, ё пирӯзии Таҳмурас бар девон, ё пазируфтани дин аз ҷониби Гуштосп маҳз дар рӯзи Наврӯз сурат гирифтааст. Аммо пажӯҳишгарон бар ин назаранд, ки Наврӯз аз худи ойини зардуштӣ низ қадимтар аст ва решаҳои он ба давраҳои бисёр куҳан мерасад.
Баъди густариши ислом кӯшишҳо барои маҳдуд сохтани ҷашнҳои куҳан ба назар мерасид, вале Наврӯз бо сабаби ҷойгоҳи амиқаш дар зеҳну зиндагии мардум аз байн нарафт. Бо гузашти вақт Наврӯз бо муҳити нави фарҳангӣ созгор гардид ва ҳатто дар баъзе сарчашмаҳои арабӣ низ аз он ёд шудааст. Дар «Булуғ-ул-араб» зикр мешавад, ки Наврӯз ва Меҳргон дар бархе минтақаҳои арабнишин низ ҷашн гирифта мешуд. Дар давраи сулолаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён низ Наврӯз расман таҷлил мегардид. Дар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр идгоҳҳои махсуси наврӯзӣ амал мекарданд.
Наврӯз дар фарҳанги мусиқии бостон низ ҷойгоҳи вижа дошт. Лаҳну мақомҳое чун «Наврӯзи бузург», «Наврӯзи Аҷам», «Наврӯзи Сабо», «Наврӯзи Раҳовӣ» ва дигарҳо вуҷуд доштанд, ки ба силсилаи оҳангҳои маросимӣ дохил мешуданд. Бархе аз онҳо ба Борбади Марвазӣ нисбат дода мешаванд. Дар айёми Наврӯз анъанаи рубоисароӣ, дубайтисароӣ ва бадеҳагӯӣ низ густариш меёфт, ки бозгӯи рӯҳияи эҷодӣ ва шодмонии мардум буд.
Адибону шоирони бузург низ дар ашъори худ пирӯзию сафои ин ҷашни бостониро ситоиш карда, нақши онро дар сабзу хуррам гардондани на танҳо табиат, балки дили инсонҳоро такид кардаанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар байтҳои зер беш аз ҳама назаррабост:
Ҳамасола бахти ту
пирӯз бод
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!
Дар ин ду мисра орзуи бузург барои ҳамагон ниҳон аст. Шоир ирода дорад, ки бахту саодат ҳамеша насиби инсон бошад ва тамоми рӯзҳои ӯ мисли Наврӯз, яъне пурнур, шодоба ва рангин бигузаранд. Вақте дар рӯзе, ки зиндагӣ идома дорад, рӯҳу равони кас ончунон дар шарофати Наврӯз нур меорад, ин нишонаи ҳамбастагӣ ва дӯстист. Маҳз ҳамин орзу карданҳо ва дуои нек доданҳо як роҳи муҳимми дурахшон намудани фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат байни одамон мегардад.
Шоир, Сайёд Ғаффор, дар шеъри “Наврӯзӣ” даъват мекунад, ки дӯстон дар рӯзи Наврӯз ба ҳам биёянд, бо як эҳсоси ҷадиду беолоиш бар сари дастархони баҳорӣ нишинанд ва қиссаи навро оғоз кунанд:
Эй дуст, биё, боз ба Наврӯз расидем,
Нав қисса бипардоз, ба Наврӯз расидем.
Дар пардаи гул бод наво карда парешон,Эй мурғи хушовоз, ба Наврӯз расидем.
Ин хитоби “Эй дуст, биё…” башорат медиҳад, ки иди Наврӯз пеш аз ҳама баҳонаест барои боз ҳам муттаҳид шудани дӯстон, наздикону ошноён. Дар ин рӯз бояд диле дошт, ки бо муҳаббат ва самимият кушода бошад. Ҳамин “дили боз” метавонад яке аз рамзҳои муҳими ҳамбастагиву садоқат байни одамон шавад, чунки вақти гузашта дигар барнамегардад, аммо дӯстие, ки дар рӯзи Наврӯз бахусус сайқал меёбад, то дергоҳ дар ёди мардум мемонад. Сайёд Ғаффор шакли зебои бедории табиатро низ тасвир карда, “мурғи хушовоз” ва “пардаи гул”-ро рамзи
таронаву шукуфоӣ мегузорад, ки он калиди фаҳмидани сиру асрори тароват, шодмонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аст.
Имрӯз Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 то 24 март бо шаҳомати хос таҷлил мешавад. Он ҳамчун ҷашни давлатӣ ва миллӣ мақоми баланд дорад. Дар минтақаҳои гуногун ойинҳои вижаи наврӯзӣ баргузор мегарданд, аз ҷумла:
ü -гулгардонӣ;
ü -хонабаророн;
ü -суманакпазӣ;
ü -оштикунонӣ;
ü -фолгирии наврӯзӣ;
ü -ҷуфтбарорӣ.
Ҳамчунин мусобиқаҳои варзишӣ чун гӯштингирӣ, аспдавонӣ, чавгонбозӣ, бандкашӣ ва дигар бозиҳои мардумӣ баргузор мешаванд.
Хулоса, ҷашни Наврӯз дар пояи илм устувор аст ва муборак доштани он ва таҷлили он иборат аз шодмониву осудагӣ хостан барои тамоми одамизод аст. Пас моро зарур аст, чун одату суннати пешинаамон, ба баҳори нав, баҳри ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ, ки оғози соли тақвими ориёниямон ҳаст, бо қадамҳои устувору бунёдкор, бо азму иродаи нав, қадам ниҳода, дар гул-гулшукуфии кишвари азизамон, Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем. Бошад, ки Наврӯзи дилафрӯз ба кошонаи ҳар яки мо файзу баракати зиёдеро ато кунад. Хуш аст, ки имрӯзҳо Наврӯзи фархундаву хуҷастапайро дар мақоми давлатию байналмиллалӣ ва ба тарзи умум ҷашн мегирему мегӯем:
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон пирӯз бод!
Тоҳир Одилов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ