Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАВРӮЗ- АНЪАНАҲОИ НИЁГОН ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВ
single-product

НАВРӮЗ- АНЪАНАҲОИ НИЁГОН ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВ

2026-03-18 12:28:05

Наврӯзи аҷам зинда кунад, хоки куҳанро,
Аз нав бикунад
ҷома бар тан боғу чаманро.

Дар замони муосир, ки
ҷаҳонишавӣ ва фарҳангҳои гуногун ба ҳам омезиш меёбанд, масъалаи тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ аҳамияти хоса пайдо менамояд. Яке аз муҳимтарин воситаҳо дар ин раванд ҷашни Наврӯз ба шумор меравад.

Навр
ӯз аз зумраи ҷашнҳои қадима маҳсуб гардида, ба қавле пайдоиши он ба замони ҳазрати Одам ва Кайумарс, ба пиндори дигар, ба даврони Ҷамшед, ба фикри сеюм ва чаҳорум ба асри зардуштиён рост меояд ва боз андешаҳое ҳам роиҷанд, ки асрҳо мардумон онро гиромӣ медоранд ва чун бо баҳор тавъам меояду сари сол аст, ҷашни баҳору ҷашни Соли Нав низ қаламдод мешавад.

Навр
ӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо рӯҳияи сиёсӣ доир карда мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад.

Баъди ба даст овардани Исти
қлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили Ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосаро паӣдо кард. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад. Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигзор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва армонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони сафобахши рӯзгор танинандоз бошад.

Имр
ӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин, бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.

Бояд иброз дошт, ки э
ҳёи суннат ва оинҳои наврӯзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун паёми мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ва сокинони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба оламиён, мақоми байналмилалӣ гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додааст, ки шинохти онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум, пайванди наслҳо ва инчунин ташаккули фарҳангу ахлоқи ҳамидаи тоҷикӣ мусоидат мекунад.

Яке аз асос
ҳои маънавию ахлоқии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол садоқат ба арзишҳои умумибашарӣ, таҳкиму густариши мероси маънавии халқамон мебошад. Мустаҳкам намудан ва инкишоф додани рӯҳияи маънавии халқ дар Тоҷикистон вазифаи муҳимтарини давлат ва ҷамъият мебошад. Маънавият барои инсон мисли обу ҳаво зарур аст. Инсон аз ранҷу азобҳои зиёд сарчашмаи маънавиётро меҷӯяд. Маънои маънавият васеъ буда, он таърих, фарҳанг, сарзамин, оила, падару модар, фарзандон, хешу табор, ҳамсоя, садоқат ба давлати соҳибистиқлоламон, эҳтиром ба халқ, эътимод, хотира, виҷдон, озодиро дар бар мегирад.

Дар ин замина хусусият
ҳои бузурги тарбиявии Наврӯз: инсондӯстӣ, зебопарастӣ ва сифатҳои умумибашариро таъкид кардан лозим аст. Ҷашни Наврӯз бо эҷодиёти мардуми мо алоқаманд буда, орзую умеди онҳоро тараннум мекунад, рӯҳияи миллии зиндагӣ ва маънавиёти онҳоро бо эҷодиёти мардумӣ, тарзу услуб ва ҳунару анъанаҳои ғании миллии халқамон тараннум мекунад.

Дар
ҳақиқат, Наврӯз мероси арзишҳои маънавии халқҳои тоҷику шарқ буда, дар тарбияи ҷавонони толибилмон дар рӯҳияи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ, ватандӯстии баланд, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ, дӯстӣ, некӣ, некӣ, адолат ва сулҳу осоиштагӣ тарбия намудани мо сарват ва ганҷи бузурги мост. Баъди ба даст овардани истиқлолияти кишвари мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқ ба амал омаданд. Пеш аз ҳама маълум аст, ки он аз таърихи дуру дарози аҳолӣ тарзи зиндагӣ ва тафаккури миллӣ, урфу одатҳои миллӣ, урфу одат ва маънавиёт сарчашма мегирад.

Агар ба рамзи Навр
ӯз назар андозем, мебинем, ки рамзи аслии он навсозӣ ва навпардозӣ, тантанаи некӣ ба бадӣ аст, на кӯҳнапарастӣ, ки баъзе аз ашхос ба хато, бо чашми зоҳирбин онро чунин пиндоштаанд. Ҳарчанд ки Наврӯз ҳар сол ба як қарор такрор мешавад, вале он на ҷашни такрорҳо, балки паёму даъват аст ба кашфу навгонӣ ва инчунин поксозӣ ва бозсозии тинату вуҷуди инсон ва муҳити зиндагии табииву иҷтимоии ӯ.

Дар яке аз муло
қотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҷавонон таъкид шудааст: «Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимиву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи пурифтихор ва ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст». Зеро ки асоси арзиш ва суннатҳои миллиро адабиёти гуфтории халқ ба монанди панду ҳикмат, зарбулмасалу мақол ва анъанаву достонҳои халқӣ ташкил мекунанд. Ин унсурҳо дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон мақоми хоса доранд. Сабаби пуртаъсир будани арзиш ва суннатҳои миллӣ дар он аст, ки онҳо бевосита ҳаёти халқ, орзуву ният, марому мақсад, урфу одат, хислат ва анъанаҳои мардумиро дар худ таҷассум мекунанд. Бинобар ин, дар тули таърихи куҳан одамон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки аз тавсияҳои қиёснашавандаи суннатҳои миллӣ дар амалия ҷиҳати тарбияи фарзандони хеш истифода баранд. Аз тарафи дигар, дуруст истифода бурдани тавсияҳои (нишондодҳо) арзиш ва суннатҳои миллӣ раванди корҳои тарбиявиро такон дода, ба ташаккули худогоҳии миллӣ, ваҳдати миллӣ, ахлоқи ҳамида ва меҳнатдӯстии насли наврасу ҷавонон кӯмак мерасонад, ки дар раванди тарбия ин хеле муҳим ва муфид аст. Бояд дар хотир дошт, ҳама он унсурҳое, ба монанди арзишҳои олии инсонӣ, фалсафаи ҳаёт, фаҳмиши моҳияти зиндагӣ, орзуву амол, идеали иҷтимоӣ ва ғайра, ки дар ҳастии инсон саҳмгузор ҳастанд ва дар ташаккули шуур, маишат, урфу одат, анъана, расму таомул, ахлоқу одоб нақши муҳим мебозанд, аз воситаҳои тавонои тарбия мебошанд. Ба он хотир, ки ин ҳамаро дастраси насли наврас ва ҷавон гардонем, пеш аз ҳама худ бояд аз онҳо огоҳ бошем. Ва дар заминаи он мо дар худ ва дар насли наврасу ҷавон бояд муҳимтарин сифатҳои инсониро фаъол гардонем, арзишҳои бузурги инсониро ба вуҷуд оварем, неруҳои инсонии насли наврасу ҷавонро ба бунёдкорӣ сафарбар намоем, онҳоро ба сӯи одамият, ба сӯи арзишҳою суннатҳои миллӣ ва умумибашарӣ равона намоем ва бо ҳамин восита ба бақои умри инсонии худ замимагузор бошем.

Яке аз арзиш
ҳо ва суннатҳои миллии Наврӯз ҳамин аст, ки чун мардум Наврӯзро ҷашн мегиранд, тамоми муноқишаҳо фаромӯш гардида, ранҷишҳо ва гуноҳҳо бахшида мешаванд, эҳтиром ба ҳамдигар, меҳрубониву инсондӯстӣ ва ғамхорӣ нисбат ба наздикону дӯстон зиёд гардида, муҳаббат ба Ватану табиат боз ҳам самимитар мегардад. Наврӯз ҷашни тозагии рӯҳ аст ва ҷашни бархурдорӣ аз хушиҳои зиндагист, ҷашни зиндаест аз ҷашнҳои дигари ориёӣ. Ин ҷашни тавҳиди инсон ва табиат аст. Аз ҳамин хотир, тӯли ҳазорсолаҳо аз лавҳи хотири инсонҳо зудуда нашуда, балки тамоми расму оини наврӯзӣ то ба имрӯз дар гӯшаю канори мамлакат роиҷ аст.Аз ин лиҳоз ба ин нукта қарор бояд кард, ки арзишу суннатҳои миллӣ, анъана, расму таомул, урфу одатҳои халқӣ як воситаи муҳими тарбияи насли наврас ва ҷавон мебошанд.

На
ҷбудинзода Ҳабибулло, муовини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ