Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАВРӮЗ - РАМЗИ РУШНОӢ ВА ТАНТАНАИ АДОЛАТУ НАКӮКОРӢ
single-product

НАВРӮЗ - РАМЗИ РУШНОӢ ВА ТАНТАНАИ АДОЛАТУ НАКӮКОРӢ

2026-03-18 12:22:08

«Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Дар масири таърихи инсоният ва муборизаҳои тезутунди геополитикиву фарҳангӣ фақат арзишҳое қобилияти зиндамонӣ доранд, ки воқеан дорои ҷавҳари аслӣ буда, ваҳдати инсоният ва муҳити атрофро таъмин карда тавонанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз решаҳои амиқи таърихӣ дошта, пайдоиши он ба давраҳои қадим, замони пеш аз ислом низ маънидод карда мешавад. Бино ба баъзе манбаъҳо, ин ҷашн ба давраи Ҳахоманишиён (асрҳои VI-IV пеш аз милод) рост меояд. Дар он замон, Наврӯз ҳамчун оғози солшумории офтобӣ ва фарорасии баҳор таҷлил мешуд. Бо мурури замон, ин ҷашн дар байни халқҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон паҳн гардид ва ба як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги онҳо табдил ёфт.
Миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди бостон истиқбол намуда, бо шукуҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирад. Дар тайи ҳафтод соли мавҷудияти давлати Шӯравӣ аз ҷониби идеологияи коммунистӣ Наврӯз ҳамчун «боқимондаи хурофоти феодалӣ» ва ҳатто як «иди зараровари динӣ» муаррифӣ мешуд ва таҷлили он дар сатҳи давлатӣ ҷоиз набуд ва Наврӯз ба унвони оғози баҳор, оғози мавсими кишоварзӣ, бо номи сохтаи иди «Сайри лола», «Иди меҳнат» таҷлил мегардид.
Наврӯз дар ин муддат гарчанде аз байн нарафта бошад ҳам бо шукӯҳу ҳашамати хос ҷашн гирифта намешуд. Вале халқ сунатҳои Наврӯзӣ, урфу одатҳои ниёгонро пос дошта, аз онҳо фаромӯш накард. Дар колхозу совхозҳо Наврӯзро ҳар сол ҷашн мегирифтанд, дар маҳаллҳо бузкашиву доиразаниву гулгардониву суманак андозиву ҳамаи маросимҳои Наврӯзиро иҷро мекарданд.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз аз нав ҳамчун ҷашни миллӣ эҳё гардид ва ботантана таҷлил мегардад. Сол то сол анъана ва суннатҳои азбайнрафтаи Наврӯзӣ эҳё шуда, такмил ме- ёбанд. Ҷашни фархундаи Наврӯз чун падидаи нодиру бузурги табиат, таҷассумгари рамзи рушноӣ ва тантанаи адолату накӯкорӣ, тимсоли рӯзи наву оғози соли нави миллати тоҷик мебошад, ки худ баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон ва расму оин буда, давоми мавҷудияташ арзишҳои фарҳангиву миллии тоҷиконаро дар таркиби худ ҳифз намудааст.
Баъди даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз аз нав эҳё шуд ва ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ таҷлил карда мешавад. Наврӯз ба василаи баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ва ифтихор аз гузаштаи миллат табдил ёфт.
Дар эҳё ва пайдо намудани ҷойгоҳи баланди давлатӣ ва байналмилалии ҷашни Наврӯз хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Маҳз бо ташаббуси ин шахсияти шинохтаи сиёсию фарҳангӣ ҷашни бостонии Наврӯз на танҳо дар сатҳи давлатию байналмилалӣ, балки дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ботантана ва ба таври расмӣ таҷлил карда мешавад, ки шинохту дарки моҳияту муҳиммияти он амиқтар мегардад. Мардуми тоҷик аз он хушнуд ҳастанд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни аҷдодии тоҷикон фаромиллӣ шуда, дар саросари олам бо номи тоҷикии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад ва тамоми башариятро гирди худ ҷамъ овардааст.
Имрӯзҳо дар фазои софу беғубор ва сулҳпарварӣ сарзамини куҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари Ватани маҳбубамон накҳати яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодиамон Наврӯзи хуҷастапай танинандоз асту аз шарофати он қалби пиру барноро эҳсоси гуворою фараҳбахш фаро мегирад. Наврӯз ба рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинҳо, ҳамдигарбахшӣ ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона табдил ёфтааст.
Ҳамасола дар таърихи 21-22-23-юми март дар саросари кишвар ин ҷашни бошукӯҳ бо тамоми расму оинаш таҷлил карда мешавад. Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 то 24 март рӯзҳои иди Наврӯзӣ, рӯзҳои расмии истироҳат дар Тоҷикистон эълон дошта шудаанд ва Наврӯз аз деҳаи дурдасти кӯҳистонӣ то маркази мамлакат дар ҳама ҷои Тоҷикистони азиз ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллии мо буда, дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд. Ба ибораи дигар, Наврӯз ва суннату ойинҳои он як бахши муҳимтарини зиндагии мардуми мо аз давраҳои қадим то имрӯз мебошад.
Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, адлу эътидол, бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣ аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиат, таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд. Маҳз дар арафаи Наврӯз табиат аз нав эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.
Муҳимият ва асолати ҷашни Наврӯз он аст, ки давоми мавҷудияти беш аз шашҳазорсола дар баробари пурра нигоҳдоштани оину анъанаҳои худ номи таърихию мантиқии худро низ нигоҳ дошт. Имрӯз халқҳои гуногуни дунё ҷашни Наврӯзро чун Рӯзи нав аз Соли Нав, бедоршавии табиати хуфта ва аз хоби тӯлонии пирию карахтӣ ҷавону нарм ва сабзпӯшу гулафшон бархостани он, ҳамчунин дилкашу назаррабо ва тозаву озода гардидани замину замон ҷашн мегиранд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини камназирамон дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хоса ва шукургузории том таҷлил мегирад. Махсусан, баъд аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳқиқи он ва нашри маводи наврӯзшиносӣ тадриҷан боло рафта, теъдоди асарҳои ҷудогона ва рисолаву мақолаҳои илмӣ афзуданд. Таваҷҷуҳи муҳаққиқонро бештар масоили таърихӣ, пайдоиш ва фалсафаи Наврӯз, ҷойгоҳи Наврӯз дар фарҳанги миллӣ ва тамаддуни башарӣ давраҳои таҳаввул, расму оинҳо ва суннатҳои Наврӯзӣ, тарзи тайёр намудани дастархони Наврӯзӣ ба худ ҷалб намуд.
Дар фарҳанги тоҷикон, Наврӯз на танҳо як ҷашни оддӣ, балки як маросими пур аз маъно ва рамзҳо мебошад. Дар ин рӯз, мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, либосҳои нав ба бар мекунанд, таомҳои махсус омода мекунанд ва ба аёдати якдигар мераванд. Яке аз расму оинҳои муҳими Наврӯзӣ пухтани суманак мебошад, ки рамзи фаровонӣ ва баракат аст. Ин анъанаҳо на танҳо ба зебоии ҷашн зебоии дигаре зам мекунанд, балки арзишҳои инсониро низ инъикос менамоянд.
Бо ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Дар ин замина, Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ бо шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ҳар сол дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ баргузор мешаванд, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат мекунанд. Дар мактабҳо ва донишгоҳҳо дарсҳои махсус бахшида ба таърихи Наврӯз ва аҳамияти он гузаронида мешаванд, ки насли наврасро бо мероси фарҳангии худ ошно месозанд.
Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар байни дигар халқҳои минтақа низ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ҳамчун омили муттаҳидсозии миллатҳо ва халқҳо нақши муҳим дорад. Дар даврони ҷаҳонишавӣ, ки баъзан арзишҳои миллӣ таҳти хатар қарор мегиранд, чунин ҷашнҳо метавонанд ба нигоҳдории ҳувият ва фарҳанги миллӣ мусоидат кунанд. Дар Тоҷикистон, Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ваҳдати миллӣва ҳамгироии иҷтимоӣ хизмат мекунад.
Наврӯз ҳамчун ҷашни қадимӣ ва пурмазмуни тоҷикон дар даврони муосир аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ин ҷашн на танҳо мероси таърихӣ, балки омили муҳими рушди фарҳангӣ, таҳкими ҳувият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Бо таҷлили Наврӯз, мардуми тоҷик на танҳо гузашта ва фарҳанги худро эҳтиром мекунанд, балки ба наслҳои оянда низ арзишҳои волои инсониро мерос мегузоранд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз Наврӯз бо қабои пурнусрати худ дар рӯзгори мардуми мо файзу шукӯҳи нав оварда, манзалати дунявӣ касб кард. Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ин Ҷашн дар дунё ҳамчун рисолат ва фарҳанги тоҷик шинохта шудааст.
Мояи ифтихори мо тоҷикон аст, ки бо саҳм ва талошҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ ҳамасола 21 март Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Бо ҷаҳонӣ шудани Наврӯз фарҳанг густурда шуда, масъулияти инсонҳоро барои ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ афзун кард. Вобаста ба ин Сарвари хирадсолори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Тарғиби фарҳанги Наврӯз метавонад ғоя ва амалияи Роҳи бузурги абрешимро густариш дода, ба эҷоди бозори муштараки кор ва тиҷорат дар минтақа мусоидат намояд. Фарҳанги маърифатпарваронаи Наврӯз ҳамчунин метавонад барои тавсеаи ҳамкории наздик дар соҳаҳои иттилоот, маориф, фарҳанг ва иҷрои тарҳҳои муштараки илмӣ дар бахшҳои гуногун мусоидат намояд».
Яке аз сабабҳои зуд истиқбол шудани ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ аз ҷониби мутахассисон ва комиссияҳои ЮНЕСКО-ю Созмони Милали Муттаҳид дар он аст, ки ин ҷашн воқеан ҳам ҷашни фарҳангӣ ва сулҳофар аст ва ба дину оине рабт надорад, зеро дар айёми Наврӯз ҳама бо ҳамдигар, новобаста аз миллат, забон, дин, нажод ва маҳал хурсандӣ карда, гирди дастурхони наврӯзӣ мешинанд.
Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу адолату баробарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ буда, ин навшавӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи мост, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба беҳтар зистан даъват мекунад, дилҳо ва андешаҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некуиро пеша кунанд.
Бо самимияти хоса мегӯем, бигзор Наврӯзи имсола ба Шумо ва аҳли хонадонатон, бо манзалату ҳикмати беназираш сиҳатмандии бардавом, осудагиву амонӣ, барори кор, файзу нусрат ва сарбаландиро чун кӯҳсорон эҳдо намояд.
Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,
директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникию омӯзгорииноҳияи Рӯдакӣ»