ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ЭҲЁГАРӢ АРЗИШҲОИ МАЪНАВИИ МИЛЛӢ
2026-03-17 09:08:01
«Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо-тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст».
Эмомалӣ Раҳмон.
Наврӯз яке аз ҷашнҳое мебошад, ки фарҳанги таърихии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Ҳамин аст, ки дар солҳои охир бо ташаббус ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти умумибашарии ҷашни бостонии Наврӯз бо дастгирии аксарияти кишварҳои олам бо Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро соҳиб гардид, ки ин алббата мояи ифтихори мардуми фарҳангсолори тоҷик ба ҳисоб меравад.
Наврӯз як ҷашни қадимӣ ва фарогир аст, ки дар тамоми минтақаҳои Осиё ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил мешавад. Аммо барои тоҷикон, Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки як рамзи аҳамияти амиқ ва фарҳангии худ мебошад. Ҷашни Наврӯз барои мо-миллати тоҷдор мақоми махсуси сиёсӣ ва фарҳангӣ дорад, зеро Наврӯз иртиботи амиқ бо таърихи пурғановати миллат ва арзишҳои маънавии мо дошта, ҳамчун ҷашни миллӣ дар зиндагии мо мавқеи худро дорад. Наврӯз-ҷойи вохӯрӣ ва муносибати мардум, ҷое, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, лаззати эстетикӣ мебаранд, ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.
Дар солҳои охир шахсан бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шуруъ аз ҷашни Сада ва дар арафаи Наврӯз ниҳолшинонӣ оғоз мегардад. Мардуми тамоми минтақаи кишвар ҳазорон ниҳолҳои мевадор, ороишӣ ва гулҳои зеборо шинонда, кишварро ба як кишвари зебо табдил медиҳанд. Имрӯзҳо Наврӯзи тоҷиконро дар тамоми ҷаҳон беш аз 350 миллион нафар ҷашн мегиранд ва аз тариқи воситаҳои ахбори ҷаҳон дар бораи он беш аз 1 миллиард нафар иттилоъ пайдо менамоянд, ки ин ваҳдату пайванди инсону табиат ва ҳиссаи тоҷикон дар рушди тамаддуни башарӣ аст.
Бо вуҷуди он ки дар аввали солҳои 90-и садаи 20 мамлакатро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифта буд, мардуми баъзе минтақаҳои Тоҷикистон Наврӯзро хеле кам бо дили хоҳаму нохоҳам ба забон меоварданд. Дар солҳои 70-80 садаи 20 гоҳе теъдоди андаки одамон ба сайргоҳҳо, боғҳо, даштҳо ва кӯҳҳо баромада, шодмонӣ мекарданду халос. Вале бо талоши баъзе равшанфикрон дар солҳои 90-и садаи 20 дар матбуот низ мақола, шеър ва гуфтугӯю гузоришҳо дар бораи Наврӯз зиёд шуд. Аз хоҳишу навиштаҳои он солҳо бармеояд, ки орзуҳои деринаи мардум ба таври густурда бояд амалӣ шавад, чунки касе мамоният ба Наврӯз надорад. Вале бо таассуф дар ҳамин солҳо баъзе шахсони мазҳабие, ки дар кишварҳои исломӣ маълумоти динӣ гирифта буданд ва зиёда аз ин шахсоне, ки аз кишварҳои исломии хориҷӣ ба давлати мо ворид шуданд, бар зидди Наврӯз таблиғҳо намуда, мегуфтанд, ки «Наврӯз исломӣ нест, ид кардани он раво нест». Ин гуфтаи онҳоро баъзеҳо пазируфта, ба ҷашн гирифтани Наврӯз мамониат нишон медоданд, вале зиёиёни мамлакат ба ақидаҳои онҳо муқовимат карда, тавассути воситаҳои ахбор дар бораи Наврӯз суханони бо меҳру муҳаббат баён мекарданд.
Солҳои 1992 ва 1993 вазъият дар мамлакат бад буд. Пас аз иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ умед ба ояндаи орому сулҳовар ва пешрафти тоҷикон ва Тоҷикистон пайдо шуд. Ҳамин умед буд, ки баъди ҳамин иҷлосия зиндагӣ ранги дигар гирифт. Раиси Шурои Олии вақт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар соли 1993 бо меҳр мардуми ҷабрдидаро аз тариқи воситаҳои ахбор бо Наврӯз табрик намуда, гуфтанд: «Имрӯз ба сарзамини зиндагисоз баҳори нозанин-Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад! Ба диёри куҳансоли мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст. Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодат ба мулкамон бошад!»
Аз ин гуфтаҳо, ки соли 1993 садо дод, маълум буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи дурустро интихоб намудааст. Умед ба ояндаи дурахшон ва эҳёи бештари Наврӯз зиёд шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон сол дар идомаи ҳамон суханҳояшон пешомади ояндаи кишварро вобаста ба Наврӯз гуфта буданд: «Агар гӯям, ки зимистони сиёсие, ки аз Наврӯзи соли гузашта (манзур 1992) дар Тоҷикистони мо оғоз шуда буд, тирамоҳи соли гузашта, аз сессияи шонздаҳуми Шурои Олӣ рӯ ба баҳор овард ва имрӯз дар баҳори ҳақиқии зиндагӣ аввалин гулҳои он мешукуфад, ғалат намешавад».
Бояд қайд намуд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳои мардуми форсизабон ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Қафқоз ва қисматҳои дигари ҷаҳон аст. Ин ҷашн на танҳо оғози соли нав, балки рамзи эҳёи табиат, тозагӣ ва зиндагии нав аст, ки ҳамасола бо фарорасии баҳор, рӯзи 21-уми март таҷлил мешавад ва оғози соли навро ифода мекунад.
Дар арафаи ин ҷашни бузургу муқаддас, ки ба 21- уми моҳи фарвардин, яъне моҳи март рост меояд, мардуми тоҷик бо тантана ин ҷашни бостониро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Бо оғози ин санаи муҳим дар тамоми манотиқи кишвар фазои идона шуруъ мегардад, ки халқи соҳибтамадуни тоҷик ҷашни меросдор ва ойини миллии аҷдодони худро бо як шукӯҳ ва шаҳомати беандоза ҷашн мегиранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишварамон тамоми анъана ва суннатҳои миллию фарҳангӣ дубора аз нав зинда гардида, ба ҷаҳониён таърихи миллати моро муаррифӣ карда истодаанд. Яке аз ин анъанаҳое, ки дар субҳи содиқи ин ҷашн анҷом дода мешавад, корвони Наврӯзӣ мебошад. Субҳи содиқ корвони Наврӯзӣ, ки пурра бо нақш ва нигорҳои миллии тоҷикона оро дода шудааст, дар хиёбонҳои шаҳр гашта, ба мардум аз омадани Наврӯз мужда мерасонад. Дар ҳайати ин корвон Маликаи Наврӯзӣ қарор дорад. Дар атрофаш бо созҳои миллии тоҷикона сурудҳои Наврӯзӣ хонда мешавад, ки ин шукуҳу шаҳомати ҷашнро дучанд мегардонад.Дигар рамзе, ки аз ниёгони мо мерос омадааст, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳру навоии кишвар ва қадрдонии ғолибон бо туҳфаҳои хотирмон мебошад. Инчунин оростани хони Наврӯзӣ бо таомҳои миллии тоҷикона низ яке аз расму оини тоҷикона ба шумор рафта, бонувони ҳунарманди мо дар он маҳсули омода кардаи худро ба тамошо мегузоранд.
Хони тоҷикро дар ҷашни бостонӣ «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» оро медиҳад.Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати кишвар ба таърихи фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамоянд. Воқеан ҳам ҷашни Наврӯз аз замони пайдоиш таърихи дуру дарозе, ки ҳамчун ҷашни бедории табиат, оғози рӯзи нав, аз нав эҳё шудани табиат мебошад.
Дар ҳақиқат дар ин замони ҷаҳонишавӣ дар арсаи ҷаҳон танҳо миллату халқе метавонад худро ҷовидонӣ гардонад, ки таърихи бостониву куҳанбунёд дошта, ҳамзамон ба арзишҳои миллӣ, анъанаву ҷашнҳои қадимаи халқӣ ва чеҳраҳои саршиноси илму фарҳангу адабиёти худ арҷ гузорад. Дар иртибот ба ин меъёрҳо метавон гуфт, ки таърих худ гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд дар таърихи башар аз худ асар гузоштаву ҷомеаи ҷаҳонӣ ориёинажод будани ин халқиятро эътироф намудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе бунёд намудани «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз» чораҷӯйӣ намоянд, ки ин амалҳо худ далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо тоҷикон мебошанд.
Таъсис ва фаъолияти «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз» метавонанд дар оянда бо омӯзишу пажуҳиш ва муаррифию эҳёи дубораи таъриху фарҳанги худ боз ҳам мероси оламшумул ва арзишҳои милии аҷдодони хешро дар сатҳои аз ин ҳам болотару волотар таҷассум намоянд.
Хулоса, ҷашни Наврӯзи дилафрӯзу ҷаҳонафрӯз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати баланду арзандаеро соҳиб гардид ва дар сатҳи давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати зиёд таҷлил карда мешавад. Дар эҳёи дубора ва пайдо намудани мавқею ҷойгоҳи баланди давлатӣ ва байналмилалии ҷашни Наврӯз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо ташаббусу ибтикороти ҳамешагии ин шахсияти шинохтаи сиёсию фарҳангӣ ин ҷашни бостонӣ на танҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки дар сатҳи байналмилалии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ботантана ва ба таври расмӣ таҷлил карда мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз чанд соли охир дар сатҳи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон, Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Балхи Афғонистон ва Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ботантана ва бошукуҳ ҷашн гирифта шуд.
Рӯзиев Анвар, декани факултети омӯзгории Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ»