КОНФРОНС: "НАВРӮЗ ҶАШНИ ҚАДИМА ВА РАМЗИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ "
2026-03-17 08:44:34
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ бо иқдоми факултети кори ҳамширагӣ конфронси илмӣ- адабӣ таҳти унвони "Наврӯз ҷашни қадима ва рамзи худшиносии миллӣ " ташкил ва баргузор гардид.
Конфронсро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Мухбира Ҷӯрабоева оғоз бахшида, меҳононро муаррифӣ намуд.
Сипас, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷибой Султонзода Паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзодаро бахшида ба ҷашни Наврӯз ба самъи ҳозирин расонид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Наврӯз ҳамчун маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод сарчашмаи ифтихор ва воситаи муҳимтарини худшиносиву худогоҳӣ ба шумор рафта, ба шарофати истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё ва мақоми байналмилалиро соҳиб гардид. Пешвои муаззами миллат дар мавриди мақоми Наврӯз ва суннату анъанаҳои он дар сарнавишти миллати тоҷик чунин таъкид намудаанд: “Наврӯз барои мо баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем. Истиқлол ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯз чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон дар якҷоягӣ пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда бо расму ойин ва суннату анъанаҳои гузаштагони некноми мо мебошанд”.
Дар айёми Наврӯз ҳама ҷо сабзу хуррам гардида, марди деҳқон ба умеди ҳосили фаровон ва баракати дастархон ба замин тухм мепошад, мардум бо тозаву озода кардани гирду атроф, макони зист, ҷӯйбору дарёҳо, омода намудани таомҳои наврӯзӣ оғози солро бо шодию хурсандӣ пешвоз мегиранд.
Дар шароити имрӯзаи вазъи ҷаҳони муосир интишори фарҳанги наврӯзӣ заминаҳои созгорро барои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳунарии байни давлатҳо ба вуҷуд овард”.
Декани факултети кори ҳамширагӣ Мавзуна Усмонова дар конфронс баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст. Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мақоми онро таъмин кардем ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем.
Дар ҷараёни кори конфронс ҷонишини декани факултети кори ҳамширагӣ Мижгона Авазова дар мавзӯи "Таърих ва пайдоиши ҷашни Наврӯз" ва омӯзгори кафедраи кори ҳамширагӣ Парвина Баротова дар мавзӯи "Наврӯз ҷашни қадима ва рамзи худшиносии миллӣ ва анъанаҳои миллии ниёгон" маърузаҳои пурмӯҳтаво ироа намуданд.
Таъкид шуд, ки Наврӯз ваҳдатро парастиш менамояд ва сулҳу оромӣ тақдим менамояд. Бо даромадани рӯзи наву Наврӯз ҳама дарду ғамҳои кӯҳна ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, зиндагии хушу рангин ва марҳилаи тоза барои ибтидои ҳаёти нав оғоз мешавад.
Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашариашро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Наврӯз ва тамоми суннатҳои наврӯзӣ намунаи баланди одобу маърифат ва некию ҷавонмардӣ, хайрхоҳӣ, сулҳу нишот ва хушбахтии одамизод мебошанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозии мо аст, ки омӯзиш ва шинохти ҷашни Наврӯз, мақому мартаба ва идеяҳои арзишманди он то ҳол манзалаташонро гум накардаанд, балки боз асолату назокати наву рангин касб намуда, барои бедор намудани худшиносию хештаншиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаамон барои наслҳои оянда хеле муҳим мебошанд. Ин ҷашн аз ҳамаи мо тақозо менамояд, ки пос доштану эҳтироми мероси аҷдодиамонро муқаддас шуморему ба наслҳои баъдӣ ба ёдгор бимонем.
Дар қисмати адабии конфронс шеъру саҳнача, урфу одатҳои наврӯзӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултети кори ҳамширагӣ намоиш дода шуд. Сурудҳои наврӯзӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.