НАВРӮЗ РАМЗИ БЕДОРИИ ТАБИАТ ВА ЭҲЁИФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
2026-03-16 12:22:19
Наврӯз омад имрӯз, сарсабз шуд ҷаҳонам,
Аз хушнудӣ ба гӯшат савти азон бихонам,
Наврӯзи нозанинам, эй тоҷу эй нигинам,
Аз файзи туст пурнур имрӯз хонадонам.
(Камоли Хуҷандӣ)
Оре, ҷашни наврӯз дар Тоҷикистон ҷашни миллии ниёгон аст ва аз он ба унвони рамзи муҳаббату дӯстӣ, покиву озодагӣ, кошти баракату неъмат, шинонидани ниҳолҳо бо умеди сарзабзиву хуррамӣ, ба хайр шудани сол, сиҳатию бардамӣ, рафъи офоту балоҳои осмониву заминӣ ва ғайра ёд карда, онро бо сару либоси тоза бо шодобию рақсу тарона ва монанди инҳо ба номи «Ҷашни бузург» ва ҷашни миллӣ-мардум пешвоз мегиранд.
Барои мо - тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳанбунёду бостонӣ 23 феврали соли 2010 аз ҷониби Созмони милали муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътирофу эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаву рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, “Осор-ул-боқия” ва “Ат-тафҳим”-и Абурайҳони Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Абулсаиди Гардезӣ, ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст.
Чунончи дар асари машҳури Умари Хайём- “Наврӯзнома” роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин суханҳои пурмаънӣ омадааст: “...аммо сабаб ниҳодани Наврӯз он будааст, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бар ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашну ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ ибтидо карданд”.
Аз ин китобҳои таърихӣ маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст, фарқи ҷашни Наврӯз аз дигар идҳо дар он маҳсуб меёбад, ки онро дар фасли баҳор ҷашн мегиранд ва оғози кишту кори баҳорист. Дар ин фасли сол табиат ба зиндашавӣ оғоз менамояд ва аз ҳама фасли зеботарин маҳсуб мешавад.
Дар «Таърихи Ғурар ус-сияр» дар бахши «Подшоҳии Ҷамшед аз хонадони Ҳушанг» омадааст: «Номи ин подшоҳ Ҷамшед аст, ки ба гунаи фишурда «Ҷам» низ гӯянд… Дар замони шоҳии хеш Ҷамшед ба инкишофу пешрафтӣ фалсафаи ҳастӣ – сохту сози сохтумонҳои баланду қаиқҳои баҳрӣ ва дигар афзорҳои дарёӣ, ҳавоӣ таваҷҷуҳи хос намуда, ба мардум дарёнавардӣ ва аз дарёҳо берун кашидани гуҳарҳои дарёӣ ва кишту кор ва дигар касбу ҳунарҳоро омӯзонида, пешрафти зиндагиро ба авҷи аъло расонид.
Аз ин рӯ, ба сари қудрат омадани Ҷамшед муҷиби нобудии неруҳои аҳриманӣ ва хушксоливу нодорӣ гардида, бори дигар хуррамию шодмонӣ ва хайру баракатро ба мардум арзони дошта, дарахтҳои хушкида аз нав сабзида ва мардум он рӯзро «Наврӯз» ё «Рӯзи навин» хондаанд.
Онгоҳ ҳама бо фархундагию шодмонӣ чунин рӯзе дар таште ҷӯ коштанду сабза рӯёниданд ва ин расм барои мардуми тоҷику форс дар айёми Наврӯз ҷовидона шуд. Ин рӯйдод дар нахустин рӯзи фарвардин, аз нахустин моҳи баҳор пеш омад, ки оғози сол ва ҳангоми тозагии ҷаҳон ва зинда шудани замин аст. Мардум ин рӯзро рӯзи наву ҷашни фархунда ва сарфарози номиданд ва онро аз бузургтарин ҷашнҳо баргузиданду наврӯзаш номиданд ва Худоро сипос гуфтанд, ки чунин ҷойгоҳи арҷуманд ба подшоҳонашон бахшидааст».
Ин аст ҳикмати ҷашни Наврӯз ва фалсафаи он, ки тавассути нияти поки Ҷамшед – шоҳи некқадами даврони бостони тоҷик, ки ба ҳастии замину мардуми он баракату раҳмат ва рӯшноии ҳаёту зиндагии осуда овард. Ин подшоҳи хирадманду тавоно дар таърихи тамаддуни бостон қонунҳои тараққиёту пешрафти ҳаётро дар сарзаминаш аз нигоҳи диалектикаи табиат ва тафаккуру фаҳмиши инсонӣ ҷорӣ намуд.
Аз ин рӯ, Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон таъкид карданд, ки «Бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Итминон дорам, ки амалӣ иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад».
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони Наврӯз тасдиқ гардидааст, бо нишондодҳои улуми табиатшиносию ситорашиносӣ таҳия гашта, дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ дар наврӯзгоҳҳо ва нишони сарисинагии ҳар як фард таҷлил ва тақдим мегардад. Дар нишони наврӯз, ки дар шакли курраи Замин аст, қутбҳои шимолу ҷануб, нурафшонии офтоб, оғози бедоршавии табиат, айёми киштукори донаҳои умед, фасли баҳору шукуфоӣ, ҳамчунин, тоҷи заррини Нишону Парчами Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд.
Дар қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони муътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳоро баргузор намоянд. Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, Осиёи Марказӣ, нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо кард. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.
Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад. Дар яке аз суханрониашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз қайд карданд, ки: “ Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд”.
Хулоса таҷлили ин ҷашни ниёгонамон барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, некӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.
Ин масъала, хусусан дар замони мо, ки инсоният дар арсаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳамияти фавқулодда муҳим дорад.
Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд. Хулоса ба ду мисра шеъри Ҳофизи Шерозӣ, ки таҷассумгари иди Наврӯз аст иктифо мебахшем.
Сухан дар парда мегӯи, чу гул аз парда берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест, ҳукми мири наврӯзӣ.
Мирзозода Мақсадҷони Достӣ- н.и.ф.,
сардори шуъбаи таълими Коллеҷи
техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ