НИГАҲДОШТИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕКИ НИЁГОН–ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСИВУ ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТ
2026-03-16 09:24:01
Дар кишвари азизамон ҷашни шодиву нишот, суруру шодмонӣ, рамзи эҳёи табиат, таҷассумгари фарҳанги пурғановати халқ-Наврӯзи хуҷастапай фаро расид. Наврӯз дорои фазилатҳои неку созанда ва муттаҳидкунандаи башарият буда, ҳазорсолаҳо инҷониб дар муҳити фарҳангии халқҳои олам ҷойгоҳи сазовор пайдо намудааст.
Имрӯз
дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои
миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли
сиёсиву фарҳангӣ аҳаммияти басо муҳим касб кардааст. Ёдовар гардидан ба маврид
аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи
тамаддуни Наврӯз ин ҷашн тавассути қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мавқеи
байналмилалӣ, яъне Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб гашт. Ин иқдом мояи ифтихору
сарбаландии мо-тоҷикон мебошад.
Халқи
тоҷик имрузҳо бо пайравӣ аз суннатҳои гузаштагони худ Наврӯзро бо тамоми
унсурҳояш таҷлил намуда, онро ҳифз менамоянд. Дар ин замина мебинем, ки ин иди
бостонии аҷдодӣ солҳои охир бо шукуҳу таровати бесобиқа ҷашн гирифта мешавад.
Таҷлил аз ин ҷашни бостонӣ ҳамчун мероси муқаддас, покизаву зебо, баҳори эҳёи
табиат сол то сол пуршукуҳтар мегардад. Ин ҳама аз сарҷамъӣ ва дар фазои
истиқлолияту ваҳдати миллӣ сурат мегирад. Наврӯз идест, ки тамомии сифоти накӯю
хислату амалҳои равшаниофару бунёдгузор ва эҳёсози одамият, адлу инсоф, хайру
эҳсон дар он таҷассум ёфта, ҳамбастагию якмаромии аҳли башариятро тақвият
мебахшад ва оламу одамро аз нав меофарад.
Мо
тоҷикон миллати васлгаре ҳастем, ки ин хислатро аз гузаштагони бофазлу
бохириадамон ба худ мерос гирифтаем. Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва роҳи
зиндагисозу тамадунофари аҷдодони мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму оинҳои
он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву
ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд. Наврӯз ҳамчун намунаи тобнок
ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик буда, ҳамеша нигоҳдорандаи забон,
расму оин, фарҳангу таърих ва инъкоскунандаи ҳамаи ҷабҳаҳои рӯзгори мардуми мо
мебошад.
Ҷашни
бузурги аҷдодии мо, Наврӯз ва дигар идҳои суннати мардуми эронитабор ба
ҳодисаҳои табиат ва ҳаракати ҷирмҳои кайҳонӣ пайвандии амиќ доранд. Воқеан,
бунёд ва таҷлили ҷашнҳои мавсимӣ ё тақвимӣ аз арзишҳои пурэъҷози мардуми тоҷику
форс ба ҳисоб рафта, онҳо зери мафҳуми ҷашн амали сутудан, парастидан, ниёиш,
анҷоми расму ойинҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба
инсонҳо хурсандӣ, шодӣ ва тараб меовард, мефаҳмиданд. Ба ин ҷашнҳои мавсимӣ чор
ҷашни бостонии ниёгонамон, ки онҳоро донишмандон ба чаҳор подшоҳони зиндагисоз
ва фарҳангустари Пешдодиён: ҷашни Садаро ба Ҳушанг, ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед,
ҷашни Тиргонро ба Ораши камонгир ва ҷашни Меҳргонро ба Фаридун нисбат медоданд,
шомил мешуданд.
Аз
сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки аҷдодони мо, то давраи зуҳури дини ислом ва
оини зардуштия ба анъанаву суннатҳои наврӯзӣ пойбанд буданд ва Иди Наврӯзро бо
шукуҳу шаҳомати хосса ботантана таҷлил мекарданд.
Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои худ дар роҳи эҳёи суннатҳои наврӯзӣ ба ҷаҳон паём
доданд, ки Наврӯз таърихан ҷашни тоҷикон буда, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ
унсурҳои башардӯстонаи он дар фарҳангу тамаддуни ҳамаи халќҳои олам ҷойгоҳ
пайдо намудааст. Ин аст, ки миллати мо дар таърих ҳамчун як миллати озода зикр
мешавад. Сарчашмаи озодагии миллати мо маҳз чунин мероси таърихиву фарҳангие
чун Наврӯзи бостон аст, ва имрӯз Наврӯзи бостонии мо дар сартосари ҷаҳон таҷлил
мегардад.
Маҳз
унсурҳои инсондӯстонаи ҷашни Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидани
Наврӯзро ташкил медиҳад, ки дар ин самт нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир
ва мондагор аст. Иқдоми наве, ки дар Паёми навбатии худ Ҷаноби Олӣ дар мавриди
бунёд кардани Конун, яъне «Маркази тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии
Наврӯз» дар шаҳри Душанбе гирифтанд, низ далолат аз он мекунад, ки Наврӯз ва
эҳёи дигар арзишҳои фарҳанги ориёӣ дар шароити ҷомеаи муосир мубрам мебошанд ва
илман омӯхтан, таҳқиқ ва муаррифӣ кардани онҳо вазифаи пурмасъули олимону
муҳаққиқони ватанию хориҷӣ бошад.
Аз ин
рӯ, мо бояд бо ин ҷашни оламшумул ифтихор намоем, зеро Наврӯз мероси аҷдодӣ ва
мояи ифтихорӣ миллат аст, Наврӯз фарҳанги мост! Иди Наврӯз ва миллати тоҷик аз
ҳам ҷудонопазиранд ва ҳазорсолаҳо инҷониб миллати тоҷикро бо Наврӯз мешиносанд.
Мо
меросбарони ин ҷашн Наврӯзро бо тамоми ҳастӣ дӯст дорем ва онро ҳифз намоем,
зеро ҳифзи анъанаҳои наврӯзӣ бо ҳифзи Ватан ва фарҳангу миллат баробар аст.
Пас,
моро мебояд дар радифи ҳифзи ин осори пурарзиши фарҳангӣ барои таҳкими унсурҳои
он кӯшиш ба харҷ диҳем.
Исмоилзода
ЗАРИНА, номзади илмҳои педогогӣ,
омӯзгори
кафедраи педагогика-психология ва
фанҳои
иҷтимоии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ