БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ СОҲА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
2026-03-14 12:46:46
Бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ 14-уми марти соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар кори конфронс раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дотсент Зоир Ғафурӣ, инчунин, намояндагон аз Ҷумҳурии исломии Покистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии федеративии Нигерия, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олимону муҳаққиқон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дотсент Зоир Ғафурӣ зимни баромади худ аз дастгириву иқдомоти бузургу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фароҳам овардани шароити шоиста барои фаъолияту таҳсили омӯзгорону донишҷӯён ёдовар шуданд.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ иштирокчиён дар бораи масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ, боз ҳам беҳтар кардани сифати таҳсилот, нақши зеҳни сунъӣ дар рушди соҳа, омода кардани мутахассисони ҳирфаӣ ва истифодаи усулу таҷҳизотҳои муосир дар дарсҳо ибрози назар карданд.
Иштирокчиён вобаста ба мавзуи конференсия маърузаҳои судманд пешниҳод намуда, таъкид гардид, ки маҷмуи мақолаҳои конфронс нашр гардида, дастраси муаллифон карда шуд.