Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

single-product

НАВРӮЗ –ИДИ НИЁГОНИ МО

2026-03-14 11:22:38

Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеҷ як анъна ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва сунату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.

Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз “рӯзи нав” маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад.Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон-Наврӯз, Меҳргон ва Саддаро дар тули асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонад. Ҷашни Наврӯз арзишҳои чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстӣ миёни қавму миллатҳои гуногунро афзоиш медиҳад.

Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.

Тавре ки маълум гардид, ҷашни бузурги аҷдодии мо – Наврӯз ва дигар идҳои сунатиамон ба ҳодисаҳои табиат ва ҳаракати ҷирмҳои мунири кайҳонӣ пайванди амиқ доранд, Аз ин ҷост , ки дастгоҳи гоҳшуморӣ (силшуморӣ)-и ориёи аз дидгоҳи ҷашну оинҳо ва маросимҳои марбут ба онҳо аз солномаҳои маъмулии маҳаллӣ ва мардумӣ ибтидо гирифта, дар тӯли таърих аз гоҳшумориҳои ғайрирасмию нособит зимни тасҳеҳу ислоҳҳо дар давру замонҳои гуногун то дараҷаи расмӣ ташаккул ёфтанд ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд.

Равшан аст, ки яке аз сабабҳои аз аҳди бостон ҷашни байналмилалӣ гардидани Наврӯз дар он аст, ки он дар ҳайати давлатҳои ориёӣ, аз қабили Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён, Ҳахоманишиниён, Кушониён, Ҳайтолиён, Сосониён, Сомониён, Ғӯриён, Сарбадорон ва ғайра , ки дар онҳо ба ғайр аз ақвоми эронитабор халқиятҳои гуногуни  ориёнӣ ва ғайриэронӣ зиндагӣ мекарданду таҳти нуфузи тамаддуни ориёӣ қарор доштанд ва ногузир арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашну маросимҳои эронитаборонро мепазируфтанд.Аз ин рӯ, аз аҳди қадим ҷашни Наврӯз дар баробари дар байни ақвоми ориёитобори Хуросону Мовароуннаҳр, ки манотиқи бузурги нахустмеҳани ориёиҳо эътироф шудаанд, густариш доштанаш, дар миёни халқҳои шимоли Африқо, Ҷанубу Шарқи Аврупо, Ховари Наздику Миёна, Қафқоз, Шимолу Ғарби Чин ва Ҳинд доман густурда, ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.      

Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддун Наврӯз боси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши  муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.

Нишони Наврӯз, ки бо нишондодҳои улуми табиатшиносию ситорашиносӣ таҳия гаштааст, дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва нишони сарисинагии ҳар як фард бошад.

Рӯзи Наврӯз дар бисёр манотиқи тоҷикнишин дегҳоро пур карда, оши палав ва гандумкӯча мепухтанд ва бо ин амал онҳо орзу мекарданд, ки тамоми сол серию пурӣ ва пурфайзу баракат бошад. Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: сиёҳгӯш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.

 

Файзиддин ШАРИПОВ,

декани факултети молия, бонк

ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат