Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
single-product

СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2026-03-13 11:58:48

Модарон на танҳо ояндаи фарзандони худ, балки ояндаи миллатро месозанд. Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои модарон ва занон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занон ва бонувонро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат қарор додааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, фаъолият ва иштироки онҳо дар идоракунии давлат тадбирҳои муҳим андешида шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ва дар мулоқоту суханрониҳои гуногун пайваста таъкид менамоянд, ки зан – модар пояи асосии оила, тарбиятгару парваришгари насли наврас ва неруи муҳимми рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар паёмҳои худ Сарвари давлат борҳо зикр намудаанд, ки занону бонувони кишвар дар баробари мардон дар татбиқи сиёсати давлатӣ фаъолона иштирок намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими мақоми занон дар ҷомеа заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шуданд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани нуфузу мақоми занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барномаҳои махсус ва санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намуданд. Яке аз қадамҳои муҳими давлат дар ин самт қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад, ки ба ташаккули сиёсати гендерии давлатӣ замина гузошт. Ин санади муҳим имконият фароҳам овард, ки занону бонувон дар идоракунии давлат, фаъолияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ фаъолона ширкат варзанд. Ҳамчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таҳкими мақоми онҳо дар ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқи занон аҳамияти махсус медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 Конвенсияи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон» (CEDAW)-ро ба тасвиб расонид. Ин иқдом далели он аст, ки давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва ҳимояи ҳуқуқи занон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар доираи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии занон соли 2001 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон» қабул гардид. Ҳадафи асосии ин ҳуҷҷат фароҳам овардани шароити баробар барои занону мардон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ҷалби занон ба фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад.

Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таҳсил ва тарбияи духтарон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Имрӯз шумораи зиёди духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ фаъолият мекунанд. Инчунин барои дастгирии духтарони боистеъдод квотаҳои президентӣ таъсис дода шудаанд, ки ба таҳсили онҳо мусоидат менамоянд.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни 8 март расман ҳамчун Рӯзи модар эълон гардид. Ин иқдом нишонаи эҳтироми баланд ва қадршиносии ҷомеа нисбат ба зан – модар мебошад. Модар ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, тарбиятгар ва раҳнамои насли наврас дар ҷомеаи тоҷик мақоми хосса дорад. Имрӯз занони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз илму маориф то сиёсату иқтисод фаъолона ширкат доранд. Бисёре аз занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда, дар пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Занони тоҷик бо дониш, малака ва меҳнати содиқонаи худ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди фарҳанг ва тарбияи насли наврас нақши муҳим мебозанд.

Ҳамин тавр, сиёсати хирадмандона ва ояндабинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми занон имконият фароҳам овард, ки занони тоҷик ба як неруи муҳими ҷомеа табдил ёбанд. Имрӯз зани тоҷик на танҳо модар ва тарбиятгар, балки шахсияти фаъол, мутахассиси соҳибмаърифат ва неруи созандаи ҷомеа мебошад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда низ сиёсати давлат дар самти дастгирӣ ва таҳкими мақоми занон идома ёфта, саҳми занону бонувон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар боз ҳам бештар мегардад. Зеро пешрафти ҷомеа бидуни иштироки фаъолонаи занон ғайриимкон мебошад.

 

Сурайё САНГИНОВА,

муовини директор оид ба тарбияи

Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор