НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР ИНТИХОБИ КАСБИ ХОНАНДА
2026-03-13 11:13:01
Касб (ҳунар, пеша, шуғл) гуфта, чунин навъи фаъолияти меҳнатӣ ва машғулияти инсонро мефаҳманд, ки омӯзиши назариявӣ ва тайёрии махсусро талаб мекунад, мунтазам аз тарафи инсон кор фармуда мешавад, манбаи даромад барои таъмини рӯзгор ба ҳисоб меравад, ба кас лаззат ва қаноатмандӣ мебахшад ва ному мартабаи инсонро баланд мебардорад.
Касб
аз ихтисос фарқ дорад. Ихтисос ин навъи аниқи фаъолият дар доираи ягон намуди касб аст. Масалан, дар касбӣ “духтурӣ” чунин ихтисосҳо ба монанди: духтури чашм, духтури дандон, духтури бемориҳои дарунӣ (терапевт), ҷарроҳ, духтури кӯдакон (педиатр) ва дигар ихтисосҳои соҳавӣ дохиланд. Дар доираи як касб шахс имкон дорад, ки соҳиби якчанд ихтисос гардад.
Олами
касбҳо тағйирёбанда аст. Бо дараҷаи тараққиёти илму техника ва сохтори ҷамъият одамон касбҳои куҳнаро якҷоя, ҷудо ва иваз карда, касбҳои навро ба вуҷуд меоваранд. Савол ба миён меояд, ки чанд намуди касб мавҷуд аст? Аслан, ҳазорҳо намуди касб мавҷуд аст. Мувофиқи “Стандарти байналмилалии таснифоти касбҳо” 9333 касб номнавис шудааст. Албатта, омӯзондан аз рӯйи чунин адади зиёди касбҳо хеле душвор аст.
Касб
ва интихоби он аз муҳимтарин аҳдофест, ки ҳангоми интихоби дурусти он дар овони кудакӣ ва наврасӣ, метавонад ояндаи ҳар як шахсро равшану мунаввар намояд. Шахс, вақте ки ин ва ё он касберо интихоб менамояд, бояд аввал андеша кунад, ки касби интихобкардааш чӣ нафъ расонида метавонад, пеш аз ҳама, барои худаш, аҳли оилаааш ва ҷамъияту давлат ва худи ӯ. Оё метавонад аз уҳдаи касби интихобнамудааш барояд?
Масъалаи
интихоби касб дар ҳама давру замон барои инсон аҳаммияти хосса дошт. Мо аз айёми кӯдакӣ орзуҳои некро дар дил мепарварем ва ояндаи хешро бо он орзуҳо тасаввур мекунем. Саволи асосие, ки дар зеҳни ҳар кӯдак ҷой мегирад, муайян кардани роҳи ҳаёт, яъне, «ман кӣ мешавам?» аст. Дар ин синну сол чунин интихоб осон ба назар мерасад, аммо орзуҳоро амалӣ намудан ба дастгирӣ ва роҳнамоии волидон ва омӯзгорон ниёз дорад.
Дар
давраи наврасӣ омилҳои зиёде ба интихоби касб таъсир мерасонанд, аз ҷумла, шароити иқтисодӣ, муҳити иҷтимоӣ ва андешаҳои атрофиён. Аз ин рӯ, интихоби касб яке аз марҳилаҳои муҳимми ташаккули шахсият ба шумор меравад, ки бо раванди худшиносӣ ва дарки имкониятҳои шахсӣ алоқаманд аст. Ҳарчанд тасмими огоҳонаи интихоби касб бештар дар зинаҳои болоии таҳсил сурат мегирад, заминаҳои он дар синфҳои ибтидоӣ ва дар раванди фаъолияти таълимӣ гузошта мешаванд.
Дар
ҷараёни таълим омӯзгор имконият дорад, ки хусусиятҳои инфиродии хонандагонро мунтазам мушоҳида намояд. Майл ба таҳлил, шавқ ба фаъолияти эҷодӣ, қобилияти ташкили фаъолият, малакаҳои муошират ва масъулиятшиносӣ метавонанд ҳамчун нишонаҳои ибтидоии рушди шахсият арзёбӣ гарданд. Муносибати илмӣ ва методии омӯзгор ба ин хусусиятҳо ба ташаккули қобилияти худмуайянсозӣ ва худшиносии хонанда таъсири амиқ мегузорад.
Мутаасифона,
солҳои охир бисёр ба назар мерасад, ки наврасону ҷавонони мо ин ва ё он касбро аз рӯйи шавқу ҳавас ва истеъдоди худ мақсаднок интихоб накарда, бо таъсири дигар омилҳову шахсон ноогоҳона интихоб мекунанд. Баъзан, дар бораи касби худ тасаввуроти аниқ ҳам надоранд, ки ин боиси таассуф буда, барои ин гуна шахсонро ҳамчун мутахассиси баландихтисос омода намудан дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон мушкилот ва ранҷи зиёд мекашанд.
Яке
аз муваффақиятҳои солҳои пеш дар он буд, ки аксар волидон ва хонандагон маҳз бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои омӯзгорон ба мактабҳои олӣ дохил мешуданд, вале мутаассифона, ҳоло вазъ қариб, ки ин гуна нест.
Омӯзгор дар ҳақиат муҳандиси руҳу равони хонанда буда, метавонад дар бораи интихоби ихтисосу роҳи ояндаи хонанда маслиҳату хулосаи аниқ ва дақиқ диҳад. Ҳамин тавр касби омӯзгорӣ касбест, ки ба инсон ҳаётро меомӯзонад, зиндагиро ёд медиҳад, яъне инсонро ба ҳаёт ва зиндагӣ омода менамояд. Бузургони тоҷику форс муаллимро ҷилодиҳандаи рӯҳи инсон гуфтаанд.
Имрӯз фаъолияти омӯзгор дар шароити нави муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо гуногунмазмунӣ, гуногунсоҳавӣ пурра мегардад, чунки маҳз ӯ дар ташкилу ба роҳ мондани шаклу усулҳои нави таълиму тарбия дар таълимгоҳҳо шахси асосӣ ба шумор меравад ва фаъолияти ӯ баҳри дар амал татбиқ намудани мутахассисони баландихтисос дар асри XXI равона карда мешавад.
Дар
натиҷа, қонеъ набудан аз касби худ метавонад касро ба бемориҳои равониву ҷисмӣ гирифтор намояд. Зарари касби маҷбуран ба сари ҷавон боршуда на танҳо ба худи ӯ, балки ба ҷомеа низ мерасад, зеро вақте ки кас ба касбу кораш меҳру муҳаббат ва шавқу ҳавас надорад, дилу бедилон кор мекунад ва меҳнати ӯ ҳеҷ гоҳ самари дилхоҳ намедиҳад.
Интихоби
дурусти касбу ҳунар дар ҳаёти инсон гарави комёбиҳост. Яъне, интихоби дуруст метавонад ояндаро пешбинӣ карда, мутахассисро дар ҷомеаи имрӯзаи мо сазовори иззату эҳтирому обрӯ гардонад ва дар ҳаёти инсон зиндагии хушу муваффақиятҳои зиёде оварад.
Хуршеда
ҶАББОРОВА,
омӯзгори Литсейи касбии
техникии
нефту гази шаҳри Исфара