НАВРӮЗИ АҶАМ ВА ЭҲЁИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН
2026-03-12 10:21:31
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башарият ба шумор меравад, ки таърихи чандҳазорсола дорад. Ин ҷашн аз тамаддуни қадимаи мардуми ориёӣ сарчашма гирифта, рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав ва навшавии зиндагӣ мебошад. Дар фарҳанги мардуми тоҷик Наврӯз мақоми махсус дорад ва онро ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва миллӣ эҳтиром мекунанд. Бо гузашти замонҳо Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни мардумӣ, балки ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва худшиносии фарҳангӣ низ шинохта шудааст. Эҳёи Наврӯз дар Тоҷикистон, махсусан дар давраи истиқлолият, ба рушди фарҳанг, анъанаҳо ва худогоҳии миллӣ таъсири бузург расонд.
Наврӯз калимаи форсӣ буда, маънояш «рӯзи нав» мебошад. Ин ҷашн ба оғози баҳор ва баробаршавии шабу рӯз рост меояд. Таърихи он ба давраи тамаддуни ориёӣ ва замони подшоҳони қадима, аз ҷумла ба давраи ҳукмронии Ҷамшед нисбат дода мешавад. Мувофиқи ривоятҳои бостонӣ, гуфта мешавад, ки Ҷамшед дар ҳамин рӯз ба тахт нишаста, мардумро ба зиндагии нав ва ободонӣ даъват кардааст.
Наврӯз дар давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла дар замони давлатҳои қадимаи эронитабор, давлати Ҳахоманишиён ва баъдтар дар замони Сосониён бо шукӯҳу шаҳомати зиёд таҷлил мешуд. Дар он давраҳо Наврӯз на танҳо ҷашни мардумӣ, балки ҷашни расмии давлатӣ низ буд.
Дар адабиёти классикии тоҷик низ ба Наврӯз аҳамияти калон дода шудааст. Шоирону мутафаккирони бузург ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва Умари Хайём дар осори худ Наврӯзро ҳамчун рамзи зебоӣ, шодмонӣ ва эҳёи табиат васф кардаанд.
Дар давраи ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлили бисёр анъанаҳои миллӣ маҳдуд гардид. Наврӯз низ муддате расман ҷашн гирифта намешуд, зеро онро ҳамчун ҷашни динӣ ё миллӣ арзёбӣ мекарданд. Бо вуҷуди ин, мардуми тоҷик ин ҷашнро дар байни худ нигоҳ дошта, анъанаҳои онро пинҳонӣ ё дар доираи оила идома медоданд.
Дар деҳаҳо мардум то ҳол суннатҳои Наврӯзиро ба мисли пухтани суманак, тоза кардани хона, кишти рамзии дона ва баргузор кардани бозиҳои миллӣ нигоҳ медоштанд.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ дар Тоҷикистон ба маротиб зиёд гардид. Ҳукумати кишвар барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, тадбирҳои зиёде андешид.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Дар тамоми шаҳрҳо ва ноҳияҳо барномаҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои идона баргузор мегарданд. Соли 2010 бо ташаббуси кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид. Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард. Ҳамчунин Наврӯз ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шуд.
Наврӯз бо расму оинҳои гуногун ҳамроҳ аст, ки ҳар кадоми онҳо маънои рамзӣ доранд. Яке аз анъанаҳои муҳим омода кардани дастархони идона мебошад. Дар дастархон одатан ҳафт навъи маҳсулоте гузошта мешавад, ки бо ҳарфи «син» оғоз меёбанд ва рамзи фаровонӣ ва баракат мебошанд.
Пухтани суманак ҳамчун рамзи баракат ва фаровонӣ, тоза кардани хона ва гирду атроф, шинонидани дарахтон ва гулҳо, бозиҳои миллӣ, аз ҷумла: гуштингирӣ ва аспдавонӣ, дидани хешу табор ва табрики ҳамдигар...
Ин анъанаҳо на танҳо ҷашнро зебо мегардонанд, балки рӯҳияи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва меҳрубониро дар ҷомеа тақвият медиҳанд.
Наврӯз барои мардуми тоҷик танҳо як ҷашн нест. Он рамзи таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ мебошад. Ин ҷашн наслҳоро бо гузашта мепайвандад ва арзишҳои ахлоқӣ ба мисли эҳтиром ба табиат, меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб мекунад. Наврӯз инчунин ба рушди сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик дар ҷаҳон мусоидат мекунад. Дар рӯзҳои ҷашн меҳмонони зиёде аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон меоянд ва бо фарҳанг, ҳунар ва суннатҳои тоҷикон шинос мешаванд.
Хулоса Наврӯзи Аҷам яке аз арзишмандтарин меросҳои фарҳангии мардуми тоҷик ва тамоми халқҳои форсизабон ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди мушкилоти таърихӣ, ин ҷашн аз миён нарафт ва имрӯз бо шукуҳу шаҳомати бештар эҳё шудааст. Эҳёи Наврӯз дар Тоҷикистон на танҳо эҳёи як ҷашн, балки эҳёи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва ҳифзи мероси фарҳангии ниёгон мебошад.
Наврӯз имрӯз ҳамчун пули фарҳангӣ байни гузашта ва оянда хизмат мекунад ва ба мардум умед, дӯстӣ ва эҳёи зиндагиро ба ёд меорад.
Бахтиёр Ҳайдаров – сардори бахши идоракунии сифати таҳсилоти МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор”