Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МАТБУОТ-ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
single-product

МАТБУОТ-ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

2026-03-11 10:37:18

«Матбуоти мо ба хотири муттаҳид намудани тамоми қувваҳои солими ҷомеа, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, расидан ба ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи демократӣ, инкишоф додани иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии давлати тозаистиқлоли мо фаъолияти муассир нишон дод».
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик яке аз арзишҳои муқаддас ва бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Он барои ҷомеаи мо ҳамчун роҳнамое хизмат мекунад, ки дар заминаи он мардуми кишвар ба сӯи рушди устувор, пешрафт, ободонӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ қадам мегузорад. Барои ҳар як фарди ватандӯст сулҳу ваҳдат арзиши бебаҳо дошта, кафили зиндагии осоишта ва рушди устувори давлат мебошад.
Халқи тоҷик ҳамасола рӯзи 27 июн-ро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо эҳтиром ва ифтихори баланд таҷлил менамояд. Ин санаи таърихӣ дар сарнавишти давлату миллати тоҷик аҳамияти ниҳоят бузург дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз ҷанги шаҳрвандии кишвар ба анҷом расида, заминаи сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам гардид.
Дар ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва таърихӣ мебошад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки аз соли 1992, замоне ки дар иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат ба роҳбарии давлат интихоб гардиданд, барои барқарор кардани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани миллат бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд.
Дар он солҳои бисёр душвор Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вартаи нобудӣ наздик шуда буд. Аммо бо талошҳои пайгирона, ҷасорату матонат ва масъулияти баланди ватандорӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд мардумро муттаҳид намуда, заминаи сулҳу оштии миллиро фароҳам созанд. Маҳз ба шарофати ҳамин ҷонфидоиҳо сулҳу ваҳдат дар кишвар барқарор гардида, ҳазорон гурезагони тоҷик ба Ватан баргаштанд.
Дар ин раванди муҳим воситаҳои ахбори омма, бахусус матбуот, радио ва телевизион, нақши бисёр муҳим бозиданд. Онҳо ба мардум моҳияти сулҳу ваҳдат, зарурати муттаҳидӣ ва аҳамияти нигоҳ доштани оромию суботро фаҳмонида, афкори ҷомеаро ба сӯи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ роҳнамоӣ мекарданд Пеш аз он ки дар бораи нақши ВАО сухан гӯем, ба ёд овардани ғазали устоди шодравон Мавлоно Ашӯр Сафар бо номи «Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ» хеле бамаврид аст. Ин ғазал яке аз аввалин асарҳое буд, ки дар васфи сулҳу ваҳдат эҷод шуда, руҳияи мардумро боло бурд. Шоир чунин навишта буданд
Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳон қанди сухан омадаӣ.
Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?
Сар сари дидаи ман омадаӣ.
Ин қадар ҷома туро зеб диҳад,
Ба рухат акси рухи себ диҳад.
Ба нигоҳам қадамат гулбез аст,
Дар бағал боғу чаман омадаӣ.
Ҷомаи тоза муборак бошад,
Ҳусни шероза муборак бошад.
Раҳи пурнур дар он метобад,
Зи раҳи нурфикан омадаӣ.
Ба ҳамин ҷома дигар банд миён,
Ҷомаро дор нигоҳу мадарон,
Сари ҳар риштаву кукаш бахт аст,
Бахт дар бар ба ватан омадаӣ.
Тирамаҳ ранги баҳорон бигирифт,
Зиндагӣ аз сари нав ҷон бигирифт,
Оби ҷӯ соф шуд аз хуноба,
Марҳами реши бадан омадаӣ.
Ин шеър оғози як марҳилаи нав дар адабиёт ва публитсистика гардид. Шоирон, нависандагон, журналистон ва зиёиёни кишвар бо асарҳо ва навиштаҳои худ сулҳу ваҳдатро васф намуда, мардумро ба дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекардан. Бистунуҳ сол муқаддам, яъне 27 июни соли 1997, дар таърихи навини Тоҷикистони азиз рӯйдоди муҳими сиёсӣ ба амал омад. Дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Ин ҳуҷҷати таърихиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ ва намояндаи махсуси СММ Герд Дитрих Меррем имзо намуданд. Дар маросими имзои созишнома намояндагони давлатҳои гуногун ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доштанд. Ин воқеа ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта, барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод фароҳам овард. Ҳамон рӯз тамоми воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ ин хабарро паҳн намуда, ба мардум аҳамияти сулҳу ваҳдатро шарҳ доданд.
Матбуоти даврии кишвар дар тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат саҳми назаррас гузошт. Рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Халқ овозӣ», «Народная газета», инчунин нашрияҳои гуногуни соҳавӣ ва маҳаллӣ пайваста мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва таҳлилҳои гуногун нашр намуда, мардумро ба ҳифзи сулҳу ваҳдат даъват мекарданд.
Журналистон воқеан рисолати касбии худро дар назди миллат ва давлат иҷро намуда, дар таҳкими сулҳу субот ва муттаҳидии ҷомеа саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин раванд радио низ нақши муҳим дошт. Барномаҳои радиои Тоҷикистон дар он рӯзҳои ҳассос минбари воқеии мардум гардиданд. Журналистон бо олимон, шоирон, нависандагон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбатҳо анҷом дода, андешаҳои онҳоро дар бораи сулҳу ваҳдат ба мардум мерасониданд.
Яке аз барномаҳои машҳури он давра «Хоки Ватан» буд, ки бо роҳбарӣ ва идеяи профессор Иброҳим Усмонов таҳия мешуд.Ин барнома ҳамчун пуле миёни тоҷикони дохили кишвар ва гурезагони берун аз Ватан хизмат мекард. Садои радио ба гурезагони тоҷик умед мебахшид ва онҳоро ба бозгашт ба Ватан даъват менамуд. Телевизиони Тоҷикистон низ бо барномаҳои гуногун, аз ҷумла силсилаи барномаҳои «Оташи ҷанг ва парчами нанг», воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва аҳамияти сулҳу ваҳдатро инъикос намуда, барои баланд бардоштани шуури миллӣ ва худогоҳии мардум мусоидат кард.
Бояд таъкид намуд, ки дар таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми олимон, нависандагон ва журналистон хеле калон буд.Мақолаҳо ва таҳлилҳои олимони маъруф, инчунин шеърҳои шоирони тоҷик дар васфи ваҳдат мардумро ба дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекарданд.
Ҳамчунин дар матбуот андешаҳои муҳим ва арзишманди роҳбарияти кишвар низ нашр мегардиданд.Аз ҷумла, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд». Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар роҳи рушди устувор қарор дорад. Ҳифзи ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар анҷом мехоҳем бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳоро ҷамъбаст намоям: «Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Бигузор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз поянда ҳамеша поянда бошад.
Одилов Тоҳир, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.