Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ
single-product

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ

2026-03-11 10:03:14

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма, аҳли қалам!

Матбуот ҳамчун рукни асосии ҷомеаи муосир андешаи иҷтимоиро ташаккул медиҳад. Рисолати он дар таъмини маълумоти дақиқ ва воқеӣ, таълими ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳангию миллӣ муайян мешавад. Воситаҳои ахбори омма, махсусан матбуот, аз ҷумла рӯзномаву маҷаллаҳо бояд ҳамеша дар таҳлили мавзӯъҳо устувор ва мустақил бошанд, то шаҳрвандон тавонанд қарорҳои огоҳона қабул кунанд ва дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намоянд.

Рӯзи матбуоти тоҷик падидаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад. Он бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 инҷониб таҷлил карда мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад.

Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақш ва ҷойгоҳи аҳли матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар пешбурди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа чунин иброз намудаанд, ки «имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург мебошад».

Бо вуҷуди аҳамияти баланди матбуот дар рушди ҷомеа, имрӯз ВАО дар Тоҷикистон бо як қатор чолишҳо ва мушкилот рӯбарӯ мебошанд. Яке аз муҳимтарин онҳо масъалаи молиявӣ аст, чун бисёре аз нашрияҳо буҷети маҳдуд доранд ва вобастагӣ ба манбаҳои берунӣ метавонад ба сифати мавод ва миқдори саҳифа таъсир расонад.

Имрӯз дар идораҳои ВАО мушкилоти кадрӣ низ вуҷуд дорад, чун сатҳи тахассус ва омӯзиши журналистон дар баъзе минтақаҳо кофӣ нест. Бо илова бар ин, таъсири иқтисодӣ метавонад ба озодии баён таъсир расонад, ки ин барои рисолати матбуот чолиши ҷиддӣ мебошад. Дар даврони муосир, рақобат бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои онлайн низ масъалаи нав эҷод кардааст, зеро хонандагон бештар ба иттилооти интернетӣ дастрасӣ доранд ва нашрияҳо бояд ба форматҳои нави иттилоотӣ мутобиқ шаванд.

Муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки матолиби матбуот бояд ҳамеша дақиқ ва воқеӣ бошад ва ҳадафаш иттилоотдиҳӣ ва огоҳии ҷомеа бошад, на таблиғи шахс ё гуруҳе. Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда роҳҳои зерин пешниҳод мешаванд, чун дастгирии молиявӣ ва институтсионалӣ барои таҳияи маводҳои таҳлилӣ; такмили тахассус ва омӯзиши журналистон тавассути семинарҳо ва тренингҳо; муҳайё кардани шароит барои озодии баён ва дастрасӣ ба маълумоти расмӣ; мутобиқшавӣ ба технологияҳои муосир, истифодаи веб-платформаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои расонидани хабар ба аудиторияи васеъ; ва ҳамкории фаъол бо ҷомеа ва ташкилотҳои шаҳрвандӣ барои таҳияи мавод ва муҳокимаи мавзӯъҳои иҷтимоӣ.

Ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадиру муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан, дар таҳаввулоти самтҳои рушди ҷомеа, табдили мафкураҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хосса касб менамоянд”.

Соли равон журналистони мамлакат 114-солагии матбуоти миллиро ҷашн мегиранд. Матбуоти тоҷик дар масири таърих шебу фарози зиёдеро паси сар намуда, дар инъикоси дастовардҳои тамоми соҳаҳои ҷомеа ва боло бурдани маърифат, ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ саҳми арзанда ва назаррас гузоштааст.

Низоми воситаҳои ахбори оммаи даврони истиқлол баёнгари мафкураи миллӣ ва орзую омоли халқи Тоҷикистон гардид, ки дар заминаи матбуоти расмии ҳукуматӣ ва матбуоти расмии ғайриҳукуматӣ ташаккул пазируфт. Агар солҳои 90-ум дар кишвар ҳамагӣ 139 рӯзномаю маҷалла (аз ин 4 хусусӣ) вуҷуд дошт, ҳоло ин шумора ба 395 расидааст, ки аз он 104 ададаш рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ мебошанд. Ин нишондиҳанда баёнгари муҳити озоди фаъолияти эҷодӣ ва таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ нисбат ба воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи кадрии соҳаи воситаҳои ахбори омма диққати махсус равона намудааст. Имрӯз дар беш аз 10 муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов ва ҳатто дар якчанд коллеҷу омӯзишгоҳҳо низ журналистони ҳирфаиро омода мекунанд, ки ин аз таваҷҷуҳи ҷиддии давлат ба базаи кадрии соҳа гувоҳӣ медиҳад.

Аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манофеи миллӣ, ташаккули худшиносӣ ва мафкураи миллӣ, рақобат дар набардҳои иттилоотӣ имрӯз хеле боло рафтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «ҳифзи манофеи миллию давлатиамон дар асри ҷаҳонишавӣ ва бархурдҳои геополитикӣ вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, махсусан воситаҳои ахбори омма маҳсуб мешавад». Дар асри XXI, ки онро пажуҳишгарон ҳамчун «асри иттилоот», «асри ташаннуҷи набардҳои иттилоотӣ» ном мебаранд, воситаҳои ахбори омма чун силоҳи амниятии муқтадири стратегӣ истифода мегарданд. Ин абзори тавоно чун василаи муҳими таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ дар идоракунии равандҳои сиёсии кишварҳо нақши бориз ва нотакрор дорад.

Ҳамин тавр, дар фазои муосири иттилоотӣ, ки бо рушди босуръати технологияҳо ва афзоиши манбаъҳои гуногуни хабар тавсиф мешавад, нақши нашрияҳои соҳавӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар»-и Кумита дар чунин муҳит ҳамчун як минбари фарҳангӣ ва иттилоотӣ мавқеи хоси худро пайдо кардааст. Нашрия бо инъикоси масъалаҳои марбут ба касбомӯзӣ, ҳунар, фарҳанг, эҷодкорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар ташаккули андешаи фарҳангии ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.

Яке аз вижагиҳои муҳими рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» таваҷҷуҳ ба муаррифии ҳунармандони миллӣ ва намояндагони касбу ҳунарҳои коргарӣ мебошад. Нашрия тавассути мусоҳибаҳо, мақолаҳои бадетю таҳлилӣ ва гузоришҳои иттилоотӣ фаъолияти ин эҷодкоронро ба ҷомеа муаррифӣ намуда, барои густариши муҳити ҳунар ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунад. Ин раванд ба баланд бардоштани завқи фарҳангии хонандагон ва ҳифзи мероси фарҳангии миллат мусоидат менамояд.

Дар шароите, ки қисми зиёди иттилоот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, нашрияҳои касбӣ вазифаи муҳим, чун пешниҳоди иттилооти санҷидашуда ва таҳлилшударо иҷро мекунанд. Рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» низ дар ин самт бо пешниҳоди маводи таҳлилӣ ва фарҳангӣ талош мекунад, ки хонандагон на танҳо аз рӯйдодҳо огоҳ шаванд, балки моҳият ва арзиши фарҳангии онҳоро низ дарк намоянд. Ин гуна матолиб ба ташаккули андешаи таҳлилӣ ва баланд гардидани сатҳи маърифати фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд.

Рӯзнома дар фазои матбуоти имрӯз ҳамчун як нашрияи соҳавии фарҳангӣ нақши муҳим мебозад. Он бо муаррифии ҳунар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги иттилоотӣ ба ташаккули ҷомеаи маърифатнок ва фарҳангдӯст саҳм мегузорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати иттилоотӣ, чунин нашрияҳо метавонанд ҳунар ва фарҳанги миллиро ба ҷомеа ва наслҳои оянда муаррифӣ намоянд.

Имрӯз рӯзноманигорони мо дар тамоми навъи воситаҳои ахбори омма фаъолияти назаррас доранд. Мутмаинем, ки онҳо рисолати муқаддаси касбиашонро масъулиятшиносонаю сарбаландона иҷро мекунанд, ба манфиати халқу Ватан, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи кишвар, ҳимояи манофеи милливу давлатӣ, муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи минтақавию ҷаҳонӣ ва ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ хизмати содиқонаву софдилона анҷом медиҳанд.

Ҳамаи Шуморо ба муносибати ин ҷашни қаламкашон самимона шодбош гуфта, бароятон сухани бурро, неруи тавоно ва сарбаландию тансиҳатиро орзумандам. Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бод!