Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

single-product

Таъиноти кадрӣ

2026-03-06 14:09:35

06.03.2026

Имрӯз бо фармонҳои Президент ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Тоҷиддин аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардида, ба вазифаи раиси суди ноҳияи Мастчоҳ таъин гардид.

Ҳамчунин, Прокурор ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз шумули кадрҳои кордону соҳибтаҷриба ва дорои малакаи хуби назорату роҳбарӣ таъин гардиданд.

Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар Прокурор ва сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ иваз карда шуданд.

Зимни суҳбат Роҳбари давлат фаъолияти сохторҳои зикршударо ҳаматарафа баррасӣ намуда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус истеъмолу фуруши маводи мухаддир, қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи ғайримақсадноки замин, таъмини тартиботу волояти қонун ва амну суботи ҷомеа супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои давлату миллат дар мадди аввал бошад ва ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бояд дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда фаъолияти худро ба роҳ монда, вазифаҳои хизматиашонро пурра ва софдилона иҷро намоянд.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисос ва азхуд кардани донишҳои муосири техникӣ аз масъалаҳое буданд, ки Пешвои миллат ба таври ҷиддӣ таъкид намуданд.