МОДАР-ФАРИШТАИ ЗИНДАГӢ ВА САРЧАШМАИ ҲАЁТ АСТ
2026-03-06 13:45:48
Модар-чи мафҳуми волост. Ҳар вақте ин мафҳумро ба забон меорем, дар зеҳни мо як шахси азизу меҳрубон, қадрдону некусиришт, дилсӯзу муътабар ва раҳнамои ҳаёт ба назар мерасад. Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зан ҳанӯз дар аввалин китобҳои бузургони мардуми кӯҳанбунёди мо ҳамчун фарди зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, ватандору ватанпараст, ҳунарманд ва алалхусус тарбиятгар тасвир ёфтааст.
Гузашта аз ин, зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар фарди солимфикр ва бонангу номус аст. Маҳз модар метавонад аз овони тифлӣ наҷибтарин хислатҳои инсониро дар замири фарзандаш бипарварад.
Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва ҳаловатбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Модар барои ҳар инсон азизтарин шахс аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд”.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонидааст. Дар баробари ин, мавқеи устувори занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохтааст.
Дар ин замина, ғамхорӣ дар ҳаққи занон ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани онҳо ба корҳои роҳбарӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар, алалхусус Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Боиси сарбаландист, ки имрӯз занони мо дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд. Мо бо занону бонувоне, ки дар самтҳои гуногун бо меҳнати худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд, ифтихор мекунем.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст.
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ба ин маънӣ, бояд занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.
Имрӯз танҳо модари тоҷик метавонад фарзанди худро дар рӯҳияи худшиносӣ, қадр кардани арзишҳои миллӣ ва шинохти унсурҳои давлатдорӣ тарбия намояд ва бо ин рисолаташ дар пурҷило гаштани ситораҳои парчами Тоҷикистон дар ҷаҳон нақши абадӣ гузоранд. Чунон, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ нақши бонувонро дар шукуфоии мамлакат баланд арзёбӣ нам “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.
Модар ҳамон сарчашмаест, ки бо сухани нек, бо амалу ҳаракатҳои шоиста, бо дунёи саршор аз меҳр, бо қалби кушода ва нигоҳи накуҳ аввалин падидаҳои некномиро дар замири фарзанд ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, имрӯз танҳо ва танҳо дар қудрати модарон ислоҳи ботадбири ҷомеаи мутамаддинро метавон пайдо кард ва ба нерӯи азалии онҳо умед баст. Барои ҳар як модари тоҷик тарбияи фарзанди худогоҳ, ватандӯст ва боҳунар шараф ва вазифаи имониву ҷонӣ ба шумор меравад.
Модарони тоҷикон аз азал мардуми соҳибтамаддун буда, ҳамчу пуштибони ин фарҳангу тамаддун дар ҷаҳон ҷойгоҳи махсус доранд. Таъриху тамаддуни куҳани тоҷикон оинаи рӯшане дар худнигарии ҳар як тоҷик ҳамеша тобанда аст ва мазҳари шинохту талқину рӯйкарди онро маҳз модарон бар дӯш доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ чунин изҳор намуда буданд, ки : «Занону духтарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунад ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад».
ХОҶАЗОДА Давронҷон Қурбоналӣ,
директори Коллеҷи техникию омузгории н. Рӯдакӣ