РӮЗИ МОДАР - ҶАШНИ ПУР АЗ МЕҲРУ МУҲАББАТ
2026-03-06 13:39:58
«Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар - сарчашмаи ҳаёт ва
бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад» -фармудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Басо рамзист, ки ин ҷашни диловезу дилошуб «Рӯзи модар» ба фарорасии фасли дӯстиву муҳаббат, озодагиву нафосат ва сарсабзиву таровати дилкаш – Баҳори хуҷастапай рост меояд. Модар ва Баҳор бо ҳам тавъам буда, рисолати хоси худро доранд. Баҳор мавсими эҳёи табият, гулгулшукуфоии дашту чаман, савту суруди дилнишин, оѓози кори деҳқон, фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Модар – офарандаи ҳаёт, сарчашма ва сабаби ҳастии инсоният, таҷассумгари хираду маърифат, ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгори ҳар як хонадон аст.
Рисолати модар, қабл аз ҳама, ҳифзу нигаҳдории хонадони хеш, идомаи насл, тарбия ва ба камол расонидани фарзандон буда, ӯ пайваста кӯшиш мекунад, ки бо сабурӣ, меҳнатдӯстӣ, боиффатӣ ва меҳрубониву дилсӯзии худ фарзандонро ба воя расонад. Дар баробари вазифаи модарӣ Зан - Модар вазифаи ҳамсариро низ ба зимма дорад, ки барои зани тоҷик, ҳамчун суннати миллии ниёгонамон, муҳимтари ва арзишмандтарин вазифа ба ҳисоб меравад. Барои Зан – Модар муқаддасоти оила, садоқату муҳаббати поку беолоиш суннати волотарин мебошад ва маҳз ин хислатҳои асилу некманзари модарону хоҳарони мо асоси ҷомеаи солиму пешрафтаи имрӯза шудаанд.
Зани тоҷик дар ҳама давру замон бо хислатҳои ҳамидаи инсонии худ, бо хирадмандиву заковати асили хеш дар баробари мардон кору фаъолият намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки зани тоҷик шоира, олим, муҳофизи Ватан, роҳбар, ходими сиёсӣ ва мураббии наслҳо будааст. Маҳз ба ҳамин хотир, Роҳбари давлат баҳри барқарор намудани сулҳу суботи пойдор, сарҷамъсозии мардум, ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳалли масоили мухталифи давлатдорӣ ба занҳо низ такя намуда, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи худ мақоми занро махсус гардонид. Ӯ дар яке аз баромадҳои хеш қайд намудааст: «Занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд».
Имрӯз занону модарони тоҷик босаводу соҳибҳунар буда, новобаста аз тарбияи фарзандон, инчунин барои таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат, таҳкими сулҳу субот ва ободиву гулгулшукуфоии Ватан кӯшиш ба ҳарҷ медиҳанд ва дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузоранд. Маҳз бо дарназардошти нақши боризи занон дар самти бунёдкориву созандагӣ сабаб шуд, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ баланд бардоштани мақоми занро дар ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии худ қарор медиҳад. Дар натиҷа занону духтарон имрӯз дар вазифаҳои баланди давлатӣ: вазир, вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ, роҳбари воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ кору фаъолият мекунанд.
Ба андешаи ман, ҳар як фарди боору номус бояд дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат, ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарон арҷ гузорад ва қарзи фарзандии худро адо созад. Набояд фаромуш кард, ки Модар дар домони поки худ нобиѓаҳо, пайѓамбарон, шоҳону бузургони ин ҷаҳонро парвариш намудааст.
Бо арзи эҳтирому қадрдонӣ дар шахсияти Зан-Модар, якояки занону духтарон ва модарони кишварро бо ин иди пур аз меҳру муҳаббат табрику таҳният гуфта, ба Шумо бахти сафед, хушбахтии оилавӣ, саломатии бардавом ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.
Амирҷон ВАЗИРОВ,
директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат