МОДАР ЧАРОҒИ ХОНАДОН АСТ
2026-03-05 14:55:45
Модар! Шахсест меҳрубон, таҳаммулпазир, мӯътабар, ғамхор ва ғамгусор. Танҳо модар аст, ки барои фарзанд ва осоиштагии оила ба ҳама гуна дард, ғам, озор, дуруштӣ ва тамоми сахтиҳои рӯзгор таҳаммул мекунад ва дар иваз чизе умедвор намешавад. Яъне, Модар ин худ як гулест, ки ба мислаш дар љаҳон бори дуюм намеруяд.
Модар дар амри тарбияи фарзанд, дар руҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон ва сарфаю сариштакорӣ, ба роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят намудан бузург ва ҳалкунанда мебошад.
Бояд қайд намуд, ки миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд дар бобати ташкили оила ва муносибатҳои оилавӣ таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷашни фархундаи Рӯзи модарон дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ фаро мерасад. Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста намояд.
Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиб, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28.12.2024 қайд намудаанд дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хоси худро дорад.
Мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Ҳамзамон қайд намуданд, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд ва зиёда аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Бинобар ин, дар ду соли охир ду ҳуҷҷати умуми – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 қабул карда шудааст.
Итминон дорам, ки модарону бонувони арҷманди мо чунин суннатҳои деринаи миллиамонро дар оянда низ идомаи нек бахшида, дар амри ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши пурарзиш мегузоранд. Бовар дорам, ки мо занон бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси занону модарони тоҷик иҷро карда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақшу мақоми бонувону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзишманд мегузорем.
Нақш ва таъсири занону модарони азиз, дар амри тарбияи фарзандон, хусусан, духтарони худ дар руҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон ва сарфаю сариштакорӣ, ба роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят кардани онҳо бузург ва ҳалкунанда мебошад. Зеро миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд дар бобати ташкили оила ва муносибатҳои оилавӣ таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд.
ТИЛЛОЕВА Ситора Ҷалолиддиновна,
директори Коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова