МОДАР - ФАРИШТАИ РӮИ ЗАМИН ВА САРЧАШМАИ МУҲАББАТИ БЕПОЁН
2026-03-05 14:21:00
Дар таърихи фарҳангу тамаддуни башарият симои модар ҳамеша ҳамчун рамзи муҳаббат, покӣ, фидокорӣ ва сарчашмаи ҳаёт мавқеи хос доштааст. Дар ҳамаи халқиятҳо ва тамаддунҳо эҳтироми модар ҳамчун арзиши олии ахлоқӣ пазируфта шудааст. Дар фарҳанги мардуми тоҷик низ мақоми зан-модар ниҳоят баланд буда, аз қадимулайём бузургони илму адаб, шоирону мутафаккирон ва аҳли маърифат дар осори худ бузургии ӯро васф намудаанд. Зеро маҳз зан-модар аст, ки инсонро ба дунё меорад, ӯро бо меҳру муҳаббати беандоза парвариш мекунад ва барои ҷомеа шахсияти арзанда ба воя мерасонад.
Модар дар зиндагии ҳар инсон на танҳо шахси наздик, балки сарчашмаи асосии тарбия, муҳаббат ва ахлоқ мебошад. Аз лаҳзаи ба дунё омадани тифл то ба камол расидани ӯ модар пайваста дар канораш қарор дорад. Ӯ нахустин шахсест, ки кӯдакро бо муҳаббати беғаразона фаро мегирад ва бо меҳрубонӣ ба зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, модарро ба фаришта монанд кардан рамзӣ нест, балки ифодаи ҳақиқати зиндагист. Модар воқеан фариштаест дар рӯи замин, фариштае, ки гарчанде болу пар надорад, вале бо муҳаббат, сабр ва дуои некаш фарзандро дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ ҳимоя мекунад.
Зан-модар пеш аз ҳама сарчашмаи ҳаёт мебошад. Ҳар инсон нахустин нафаси худро ба шарофати модар мегирад. Нӯҳ моҳ модар тифлро дар батни худ нигоҳ дошта, бо сабру таҳаммул ва меҳру муҳаббат ӯро ба дунё меорад. Ин давра худ намунаи олии фидокорӣ ва аз худгузарии зан мебошад. Модар дар ин муддат на танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ, балки аз ҷиҳати рӯҳонӣ низ бо фарзанди худ робитаи амиқ пайдо мекунад. Ҳар тапиши қалби тифл дар батни модар барои ӯ рамзи умед ва орзуҳои оянда мегардад.
Бузургии зан-модар дар он зоҳир мегардад, ки ӯ барои хушбахтии фарзанд аз оромии худ мегузарад. Шабҳои бедорхобӣ, заҳматҳои пайваста ва ғамхории беандоза барои модар як кори табиӣ ба назар мерасад. Ӯ ҳеҷ гоҳ заҳматҳои худро бузург намешуморад, зеро тамоми орзуву нияти ӯ ба хушбахтии фарзандон равона шудааст.
Модар ҳамчунин аввалин омӯзгор ва тарбиятгари инсон мебошад. Кӯдак аввалин суханро аз модар меомӯзад, аввалин қадамро бо дастгирии ӯ мегузорад ва нахустин дарсҳои ахлоқ ва инсондӯстиро дар домани модар аз худ мекунад. Маҳз модар ба фарзанд мефаҳмонад, ки ростқавлӣ, меҳрубонӣ, эҳтиром ба калонсолон ва дӯст доштани Ватан чӣ маъно дорад. Аз ҳамин сабаб, бисёр мутафаккирон таъкид кардаанд, ки тарбияи модар - тарбияи миллат аст. Агар модар бофарҳанг, босавод ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошад, фарзанд низ бо ахлоқи ҳамида ва ҳисси баланди масъулият ба воя мерасад.
Дар ҷомеаи муосир низ нақши зан-модар дар ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафтаи миллӣ ниҳоят муҳим мебошад. Зан на танҳо дар доираи оила, балки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамояд. Имрӯз занони тоҷик ҳамчун омӯзгор, табиб, муҳандис, олим ва роҳбари кордон дар рушди ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Аммо новобаста аз фаъолияти иҷтимоӣ, рисолати муқаддаси модарӣ ҳамеша дар маркази зиндагии онҳо қарор дорад.
Меҳри модар муҳаббатест, ки ҳеҷ гуна ҳудуд ва шарт надорад. Ин муҳаббат аз муҳаббати дигарон фарқ мекунад, зеро он беғараз ва самимӣ мебошад. Модар фарзанди худро дар ҳама ҳолат дӯст медорад: новобаста аз он ки фарзанд муваффақ аст ё ноком. Ӯ ҳамеша омода аст барои фарзанд аз ҳама чиз бигзарад.
Дар адабиёти тоҷик бузургии модар бо эҳтироми хос васф шудааст. Шоирон модарро ҳамчун рамзи покии рӯҳ ва муҳаббати беинтиҳо тасвир намудаанд. Дар ин маврид мисраъҳои зерин маънии амиқи ин андешаро ифода менамоянд:
Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ӯ дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт...
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт.
Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри “видоъ эй писар” надошт.
Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Азбас илоҷ пеши казову қадар надошт.
Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,
Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.
Ин шеър инсонро водор месозад, ки қадри модарро дар вақти зинда буданаш бидонад. Зеро баъзан инсон танҳо баъд аз дер шудан мефаҳмад, ки модар барои ӯ чӣ гуна неъмати бузург будааст.
Дар ҷомеаи мо эҳтироми зан-модар ҳамеша яке аз арзишҳои асосии фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Тавассути барномаҳои давлатӣ, сиёсати гендерӣ ва дастгирии иҷтимоӣ шароити мусоид барои фаъолият ва рушди занон фароҳам оварда шудааст. Ин тадбирҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи муосир нақши зан-модарро ҳамчун пояи устувори рушди ҷомеа эътироф мекунад.
Қадршиносии модар танҳо бо сухан маҳдуд намешавад. Ин эҳтиром бояд дар рафтор, муносибат ва ғамхории ҳаррӯза нисбат ба ӯ зоҳир гардад. Ҳар як фарзанд вазифадор аст, ки дар зиндагӣ муҳаббат ва эҳтироми худро нисбат ба модар бо амал нишон диҳад. Модар тамоми умри худро барои тарбияи фарзанд сарф мекунад ва дар пирӣ низ ба меҳру таваҷҷуҳи онҳо ниёз дорад. Модар бузургтарин неъмати зиндагии инсон мебошад. Ӯ сарчашмаи ҳаёт, рамзи муҳаббат ва пояи устувори тарбияи ҷомеа аст. Бузургии зан-модар дар сабру таҳаммул, фидокорӣ ва муҳаббати беандозааш таҷассум меёбад. Агар фариштае дар рӯи замин вуҷуд дошта бошад, он зан-модар аст - фариштае, ки гарчанде болу пар надорад, аммо бо меҳру дуои худ зиндагии моро равшан месозад ва роҳи моро ба сӯи ояндаи нек ҳидоят менамояд.
Низомзода Зокирҷон Мукарам, директори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ