Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ЗАНОН ВА РУШДИ СОҲАИ ИЛМ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
single-product

ЗАНОН ВА РУШДИ СОҲАИ ИЛМ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

2026-03-05 11:35:17


Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон марҳилаи нави таърихи миллати тоҷик оғоз гардид. З5 соли замони Истиқлолро метавон барҳақ давраи азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бақою пойдории давлат, барқарорсозии сулҳу ваҳдат, пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар номид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ва илм самти асосӣ ва стратегии сиёсати давлат эълон гардид. Давра ба давра дар соҳаи мактабу маориф ва соҳаи илм ислоҳот ворид шуда, дар ин самт дастовардҳо назаррас ба амал омаданд. Дар сиёсати давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол фароҳам овардани шароит барои иштироки занон дар корҳои идоракунии давлатӣ ва саҳми онҳо дар рушди илму маърифат яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ мебошад.

Дар асоси таҳлили коршиносон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон занони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёт бо мардон ҳуқуқҳои баробар доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исбот намуд, ки он дар низоми давлатдории ҷомеаи навини Тоҷикистон ба неруи пешбари занону бонувони кишвар ва саҳми онҳо дар рушди илм ва маърифати аҳли ҷомеа такя мекунад. Аз ин хотир, бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию-сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди илму маърифат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, ки онҳо баҳри баланд бардоштани мақом ва манзалати зан, саҳми онҳо дар рушди илму маърифат нақши муҳим мебозанд.

Имрӯз дар мамлакат зиёда аз 65 ҳазор нафар занон муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мебошанд. Ин далел гувоҳи он аст, ки шумораи занон дар идораи давлатӣ ва фаъолияти илмию омӯзгорӣ зиёд гаштааст. Мақому манзалати зан дар ҷомеа, бахусус, дар самти илму маърифат аз масъалаҳои муҳимми замони муосир ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иродаи қавӣ ва масъулиятшиносии занонро ба инобат гирифта, онҳоро ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътироф карда, барои дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар самти илму маърифат комёб гаштанашон пайваста талош меварзанд.

Дар Тоҷикистони азизи мо занҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа бо қобилияту имкониятҳои зеҳнии хеш ва таҳқиқотҳои илмии худ ба дастовардҳои зиёде ноил гардидаанд. Тибқи маълумотҳои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир дар сатҳи ҷумҳурӣ 795 нафар доктори илм ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 128 нафар занҳо ҳастанд. Аз шумораи умумии номзадони илм, ки 3473 нафарро ташкил медод, 1132 нафарашон зан буда, аксарияти онҳо дар марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар фаъолият менамоянд.

Олимон ва мутахассисони тоҷик аз ҳисоби занон дар Тоҷикистон имрӯз дар муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо, лабораторияҳо ва марказҳои инноватсионӣ мавқеи баланд доранд. Таҷриба, дониш ва касбияти онҳо ба баланд бардоштани сатҳи таҳсилот дар кишвар ва ташаккули иқтидори зеҳнӣ барои рушди оянда мусоидат мекунад. Натиҷаи чунин тадбирҳову дастгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар аст, ки Тоҷикистон бинобар эътирофи коршиносон аз ҷиҳати шумораи намоянагони бонувону духтарон дар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва рушди маорифу илм яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи амалии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саҳми занон дар рушди илму маърифат ва таҳкими давлат, пиёда намудани дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарону бонувон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва иштироки онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷомеа минбаъд низ роҳандозӣ менамояд, зеро пойдевори сиёсати давлатӣ дар ин самт аз эътирофу эҳтироми занон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа ва нақши онҳо рушди илму маърифат ва таҳкими давлату давлатдорӣ сарчашма мегирад.

 

Латофат ОДИНАЗОДА,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент