ВОХӮРИИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2026-02-19 15:00:06
Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо Сафир - Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски баргузор гардид.
Дар
ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, тақвияти ҳамкориҳои техникӣ ва ҷалби
сармоягузорӣ барои такмили заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимиро
мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр
гардид, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши таҳсилоти
касбӣ солҳои охир густариш ёфта, як қатор барномаҳои муҳим дар самти баланд
бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқсозии стандартҳои таълимӣ ба талаботи бозори
меҳнат ва рушди малакаҳои касбии ҷавонон амалӣ гардида истодаанд.
Академик
Фарҳод Раҳимӣ дар оғози мулоқот таъкид намуд, ки соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба шумор меравад.
Таъкид
гардид, ки дар шароити муосир рушди иқтисоди миллӣ бидуни омодасозии
мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, таҷдиди
барномаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири омӯзишӣ ва таҳкими
ҳамкорӣ бо шарикони рушд аҳамияти стратегӣ дорад.
Ҷонибҳо
доир ба татбиқи лоиҳаҳои маблағгузоришаванда аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар
Тоҷикистон ибрози назар карданд. Зикр гардид, ки барномаҳои ҳамкорӣ дар доираи
ташаббусҳои минтақавӣ ва миллӣ имконият фароҳам меоранд, то муассисаҳои
таҳсилоти касбӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, омӯзгорон аз курсҳои
бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаранд. Дар ин замина, масъалаи рушди таҳсилоти
дуалӣ, ки ҳамгироии таълим бо таҷрибаи истеҳсолиро дар бар мегирад, аз
мавзуъҳои муҳими мулоқот маҳсуб ёфт.
Радослав
Дарски изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо ҳамкории худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
бахши маориф ва таҳсилоти касбӣ идома медиҳад ва омода аст барои баланд
бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ, дастгирии ҷавонон ва тақвияти имкониятҳои
шуғли онҳо саҳмгузор бошад. Ӯ таъкид намуд, ки таҳсилоти касбӣ омили асосии
рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, сармоягузорӣ ба ин соҳа сармоягузорӣ
ба ояндаи кишвар мебошад.
Дар
ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рақамикунонии раванди таълим, таҳияи
стандартҳои нави ихтисосҳо мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, инчунин густариши
табодули таҷриба байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва кишварҳои узви
Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо зарурати тақвияти робитаҳо миёни
муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусиро таъкид намуда, онро омили муҳими баланд
бардоштани сатҳи омодагии касбии хатмкунандагон арзёбӣ карданд.
Дар
анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории созанда ва татбиқи
лоиҳаҳои муштараки нав изҳор намуда, таъкид карданд, ки таҳкими шарикии
стратегӣ дар бахши таҳсилоти касбӣ ба рушди захираҳои инсонӣ ва болоравии сатҳи
рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Вохӯрӣ
дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, бо изҳори умедворӣ аз
густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба анҷом ёфт.