ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
2026-02-18 12:10:05
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба
муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон – айёми файзу баракат, хайру
саховат, сабру таҳаммул, бахшиши гуноҳҳо ва ҳидояти мардум ба амалҳои неку
шоиста самимона табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар яки
шумо рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва дар ҳамаи корҳо ва фазилатҳои
инсонӣ муваффақияту комёбӣ орзу менамоям.
Моҳи шарифи Рамазон
бо ҳикматҳои худ дар таълимоти дини мубини ислом ҷойгоҳи хосса дорад, зеро
Худованд дар ин моҳ сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат ва хайру саховатро аз миёни
дигар ибодатҳо интихоб кардааст ва ба онҳо мақоми махсус додааст.
Дар хотир бояд дошт,
ки ҳикмати рӯзаи моҳи Рамазон танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва ибодат
кардан иборат нест, балки дар ин моҳи муборак покизагии ботину зоҳир, дурӣ
ҷустан аз кинаву адоват, ихтиёрдории нафс ва бештар анҷом додани амалҳои шоиста
дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад.
Парҳезгорӣ,
саховатмандӣ ба атрофиён, дасти ниёзмандонро гирифтан, аз рӯйи тавону имкон
кумак кардан ба наздикони худ ва анҷом додани дигар амалҳои неку савоб аз
ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар ин моҳ барои мусулмонон савоби бештар доранд.
Шахсе, ки дар ин моҳи
муборак як амали нек ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки
ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.
Махсусан бояд таъкид
намуд, ки дини ислом эҳтиром гузоштан ба мақому манзалати падару модарро аз
ҷумлаи арзишҳои баланд дониста, хизмат ба онҳоро аз ҳамаи ибодатҳо боло
гузоштааст.
Ба ин маънӣ дар ҳадис
омадааст, ки некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷҷу умра
мебошад.
Яке аз амалҳои хайре,
ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст,
садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба
шумор меравад.
Ҳамчунин, дар хотир
бояд дошт, ки тибқи таълимот ва аҳкоми дини мубини ислом ба гирифтани фитри
рӯза, дар навбати аввал, ятимону маъюбон ва ниёзмандону оилаҳои камбизоат
ҳақдор мебошанд.
Дар ин бобат Паёмбари
гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон
анҷом гирад».
Фаромӯш набояд кард,
ки шарти қабули амалҳои хайр анҷом додани онҳо аз рӯйи ихлос буда, дар иҷрои
онҳо бояд ҳадди эътидол риоя гардад ва ба исрофкориву зоҳирпарастӣ ва
худнамоиву зиёдаравӣ роҳ дода нашавад.
Хусусан, риояи инсоф
дар хариду фурӯши молу маҳсулот, худдорӣ кардан аз оростани дастархони серхарҷ
ва истеъмоли аз меъёр зиёди хӯроки серғизо дар ин моҳ бисёр муҳим аст, зеро
амалҳои зикршуда ба моҳияти ин моҳи муборак умуман созгор нестанд.
Бовар дорам, ки
мардуми шарифи Тоҷикистон ин ҳикматҳои моҳи Рамазонро дуруст дарк намуда, бо
нияти нек ва қалби пок ба тоату ибодат машғул шуда, фазои сулҳу субот ва
ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар кишвари азизамон боз ҳам мустаҳкам мегардонанд.
Ҳамватанони гиромӣ!
Моҳи мубораки Рамазон
ба давраи оғози мавсими киштукори баҳорӣ рост меояд.
Ин аз ҳар яки мо
тақозо менамояд, ки ба истифодаи самараноки рӯзҳои баҳорӣ аҳаммияти
аввалиндараҷа дода, барои иҷрои саривақтиву босифати корҳои кишоварзӣ кӯшиш
намоем.
Бо дарназардошти
вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, буҳронҳои
иқтисодӣ ва дигар омилҳо бисёр кишварҳои дунё ба мушкилоти нарасидани маводи
ғизоӣ ва болоравии нархҳо рӯ ба рӯ гардидаанд, масъалаи таъмини амнияти
озуқавории кишвар аҳаммияти махсус пайдо кардааст.
Дар чунин шароит
истифодаи оқилона ва самараноки ҳар як ваҷаб замин бо мақсади афзоиши ҳаҷми
истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани бозори дохилӣ ва коҳиш додани
вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ вазифаи муҳим ва масъулияти имониву
инсонии ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад.
Яъне ҳамаи мо бояд
дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат тавассути заҳмати софдилона, истифодаи
самараноки обу замин, тухмиҳои аълосифат ва рӯёнидани ҳосили фаровон саҳмгузор
бошем.
Дар баробари ин,
вусъати корҳои кишоварзӣ, фароҳам овардани ҷойҳои кории нав, бунёди боғу
токзорҳо ва иҷро кардани амалҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ
хизмат мекунанд, дар дини мубини ислом ҳукми садақаи ҷорияро дорад.
Илова бар ин, мо бояд
бо дарназардошти вазъияти ҳассоси ҷаҳони муосир ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ,
роҳ надодан ба зиёдаравӣ ва исрофкориву зоҳирпарастӣ эътибори доимӣ диҳем.
Мо бояд дар фикри
аҳли оила, фарзандон ва наздикону пайвандони худ бошем.
Инчунин, таълиму
тарбияи фарзандон, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонидани онҳо вазифа ва
қарзи ҳар яки мо мебошад.
Зеро омӯзиши илм
чароғест, ки дар ҳар давру замон инсонро ба роҳи дуруст ва ояндаи нек роҳнамоӣ
мекунад.
Ва аввалин ояте, ки
дар Қуръони маҷид нозил шудааст, «иқра», яъне таъкид ба хондан ва аз худ
кардани илм мебошад.
Мо бояд ҳамеша дар
хотир дошта бошем, ки ташвиқи фарзандон ба илмомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар
фармудаи аҳкоми дин ва беҳтарин хизмат дар тарбияи насли наврасу ҷавон ба ҳисоб
меравад.
Давлат ва Ҳукумати
мамлакат дар самти омӯзонидани илму дониш ва касбу ҳунар ба наврасону ҷавонон
иқдомоти зиёдеро амалӣ карда истодааст, вале бояд падару модарон низ вазифаи
муқаддаси худро дар таълиму тарбия ва босаводу соҳибмаърифат гардонидани
фарзандон, яъне ба хотири ояндаи босаодати онҳо иҷро намоянд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳоло кишвари мо
марҳалаи ташаккул ва такомули давлати миллиро тай карда истодааст.
Қонунияти бунёди
давлати миллии муосир тақозо мекунад, ки ҳам арзишҳои исломӣ ва ҳам расму
ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллӣ бояд дар тақвияти суботу оромӣ ва осоишу
саодати мардуми Тоҷикистон қарор дошта бошанд.
Имсолро мо ба
ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 35-солагии соҳибистиқлолии
кишвари маҳбубамон – «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту
таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудем.
Ин соли пурифтихор
барои ҳар як фарди ҷомеа имкониятест, ки бо заҳмату амали созандаи худ дар
пешрафти давлат ва шукуфоиву ободии Ватани маҳбубамон саҳм гузорад.
Ба ин васила мо на
танҳо ҷашни бузурги соҳибистиқлолиро таҷлил менамоем, балки ояндаи дурахшони
кишварро низ барои наслҳои оянда бунёд мекунем.
Дар хотир бояд дошт,
ки корҳои ободонӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва
мактабу кӯдакистонҳо ба садақаи ҷория дохил мешаванд ва тибқи таълимоти дини
мубини ислом барои анҷомдиҳандаи онҳо савобу самараи зиёдро фароҳам месозанд.
Ҳар як шаҳрванди
кишвар метавонад як кори нек анҷом диҳад, як гӯшаи диёрро обод созад ва ҳисси
ватандӯстиву ифтихор аз ватандории худро дар амал нишон диҳад.
Бо истифода аз
фурсат, мехоҳам миннатдории самимии худро ба мардуми шарифи кишвар, хусусан,
соҳибкорону шахсони саховатпеша, ки дар чунин корҳои хайру савоб саҳмгузорӣ
карда, ҳазорҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла роҳу пулҳо ва муассисаҳои
таълимиву тандурустӣ бунёд карда истодаанд, баён намоям.
Моро зарур аст, ки
минбаъд низ софдилона заҳмат кашем, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстиву
ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоем ва Тоҷикистонро ҳамчун ватани
ободу зебо ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Мо бояд ҳамеша
муттаҳиду сарҷамъ бошем ва тамоми саъю талоши худро барои ҳифзи сулҳу суботи
комили кишварамон, ободии Ватани маҳбубамон, рушди давлати соҳибихтиёрамон ва
баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ равона созем.
Бо умеди ободиву
пешрафти боз ҳам бештари Ватани азизамон – Тоҷикистон бори дигар фарорасии моҳи
мубораки Рамазонро ба мардуми шарифи кишвар табрик гуфта, ба ҳар фарди миллат
дили шоду хонаи обод, бахту иқболи баланд ва сулҳу оромии абадӣ орзу менамоям.
Моҳи шарифи Рамазон
муборак бошад, ҳамватанони азиз!