КОРРУПСИЯ - ПАДИДАИ НОМАТЛУБ ВА ХАТАРЗОИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
2026-01-15 10:49:18
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо беш аз 34 сол аст, ки дар фазои истиқлоли миллӣ арзи ҳастӣ дорад. Рушди мустақилона дар баробари афзалиятҳо баъзе омилҳои манфӣ низ дорад, ки яке аз онҳо зуҳуроти коррупсия мебошад. Коррупсия имрӯз ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфтааст, ки амнияти кишварҳо ва минтакаҳоро зери хатар мегузорад. Он кулли мамлакатҳои оламро фаро гирифтаст ва дар ҳар давру замон дар сатҳи мухталиф зоҳир мегардад.
Коррупсия ва ҷинояткории муташаккил қариб тамоми таърихи инсониятро хамроҳӣ намудааст. Онҳо монанди дигар зуҳуротҳои зидди ҷамъият, коҳишдиҳандаи қонуният ва адолат буда, боиси ташвишу нигарониҳои сиёсию ахлоқӣ мегарданд.
Агар ба таърихи ин падидаи номатлуб назаре андозем ба мо маълум мегардад, ки аз давраҳои пайдоиши давлат байни шахсони мансабдор ва аҳолӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда оид ба истифодаи манфиатҳои шахсӣ фарқияти калоне дида мешавад. Ба монанди меҳнат кардани ғулом ва ба даст овардани ҳосил, ки дар ин маврид ғуломдор кӯшиш мекард, ки фоидаи бисёр гирад, ҳуқуқҳои ғуломро поймол гардонад ва дар як вақт бо шахсони табақаи болоӣ бо истифода аз ин манфиати ба дастоварда мақоми доштаи худро дар ҷамъият нигоҳ дорад.
Бо мурури гузаштани вақт авҷ гирифтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, баланд гардидани шуурнокии аҳолӣ, иқтисодиёти давлат, муносибатҳои молию пулӣ ва сиёсати давлатдорӣ ба он оварда расонд, ки нормаҳои нави ҳуқуқӣ аз нав эҷод гардиданд, қонунҳои нав қабул шуда, дар доираи онҳо муносибатҳои ҷамъиятию сиёсии давлатдорӣ ба танзим дароварда мешуданд. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки аз давраҳои пайдоиши аввалин давлатҳо низои манфиатҳои шахсӣ ва манфиатҳои давлатӣ, боло гузоштани манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ аз манофеи ҷамъиятӣ, сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ арзи ҳастӣ дошт.
Баъди Истиқлоли давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, он ба гирдоби муқовимати шаҳрвандӣ кашида шуд ва аз ин рӯ, низоми идора ва арзишҳои ахлоқии он зиёни ҷиддӣ диданд. Ин давра ба пайдоиши муносибатҳои нави иқтисодӣ ва тағйир ёфтани нақшу вазифаҳои мақомоти давлатӣ рост омада, нокифоягии вақт барои ба заминаҳои ҳуқуқии фарогирии он, набудани таҷриба ва пайдоиши арзишҳои нави ахлоқӣ, ба вусъати ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва ҷинояткории муташаккилона дар кишвар мусоидат намудааст.
Маълум аст, ки шароити мавҷуда мубориза алайҳи коррупсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои муҳимми имрӯзу фардо мешуморад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мушкилӣ ҳамавақт таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Бахусус, аз соли 1999 шуруъ карда, кӯшишҳои зиёде дар самти мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккил роҳандозӣ шудааст.
Ин заминаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) ҷой дода шудааст.
Меъёрҳои зиддикоррупсионӣ, инчунин дар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ», «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» ва ғайра мавҷуд ҳастанд.
Аз таҳлили омори ҷиноии давлатҳои ИДМ бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори ҷиноятҳои дар соҳаи иқтисодиву коррупсия ошкор, тафтиш ва ба суд ирсолшуда, аз ягон давлати дигар ками надошта, аксари нишондиҳандаҳои он ба маротиб хубтар мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо коррупсия ва ҷинояткории муташаккил ҳамчун падидаи номатлуб дар тамоми ҷаҳон мубориза мебаранд. Аз ҷумла, СММ, САҲА, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ барномаҳои махсусро дар ин самт роҳандозӣ намудаанд. Созишномаи СММ «Оид ба амалёти зиддикорупсионӣ», ки 140 давлати дунё онро имзо намудааст, муваффақона мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар ин замина СММ конфронси махсусро дар мавзуи «Мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил» дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 1992 доир намуд, ки дар хотимаи он аз тарафи иштирокчиёнаш Конвенсия «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил» қабул гардид.
Вобаста ба ин, 31-уми октябри соли 2003 Асамблеяи Генералии СММ Конвенсияи СММ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул намуд, ки сатҳи мубориза бо ин зуҳуроти номатлубро дар арсаи байналмиллалӣ ҷоннок намуд. Маврид ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар дуи ин санадҳо аъзо буда, меъёрҳои онҳоро дар қонунгузории миллӣ низ мустаҳкам намудааст.
Дар Ҷумҳури Тоҷикистон манбаи ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия мавҷуд аст. Вобаста ба масъалаи мазкур мунтазам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд менамоянд, ки коррупсия имрӯз тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар арсаи байналмилалӣ аз поён то боло фаро гирифтааст.
Ҳамин тавр, таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ ва қонунгузории миллӣ, сатҳ ва дараҷаи паҳн гардидани коррупсия ва ҷинояткории муташаккил дар ҷомеа, бо нишон додани сарчашмаи бавуҷуд омадани онҳо дорои аҳаммияти калони илмӣ ва амалӣ мебошад.
Дар охир қайд намудан лозим аст, ки новобаста аз нуқсонҳои ҷойдошта, дар ҷомеа набояд руҳафтода шуда, бо интизорӣ нишаст, балки ҳар фарди солимақлро мебояд, масъулиятшиносона баҳри коҳиш додани чунин амалҳои хатарзо саҳми хешро гузорад.
Муродҳусайн ИЛҲОМОВ,
муовини директор оид ба корҳои тарбиявии
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова