Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМ - РОҲНАМО БА СӮИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА
single-product

ПАЁМ - РОҲНАМО БА СӮИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

2025-12-18 11:18:50

16-уми декабри соли 2025 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” ироа гардид. Ҳар як дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳнамои фаъолияти минбаъда дар ҳамаи соҳаҳо маҳсуб меёбад.

Паём роҳнамои стратегӣ ба сӯи зиндагии осоиштаи мардуми сарбаланди миллати тоҷик мебошад ва инро танҳо нафаре дарк карда метавонад, ки ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва худогоҳӣ дошта бошад. Ҳар фарде, ки ҳисси баланди ватандӯсти дорад, аз ҳар нуқтаи суханронинии Пешвои муаззами миллат баҳра мебарад.

Воқеан, зиндагии осоишта яке аз арзишҳои олӣ барои ҳар инсон ва ҳар ҷомеа ба шумор меравад. Он танҳо дар шароите имконпазир аст, ки сулҳу субот, волоияти қонун ва эҳтироми арзишҳои миллӣ таъмин бошанд. Роҳнамо ба сӯи зиндагии осоишта аз худшиносии миллӣ, маърифати баланд ва масъулияти шаҳрвандӣ оғоз меёбад. Маориф ва тарбияи дурусти насли ҷавон дар ин раванд нақши калидӣ доранд, зеро ҷомеаи босавод ба таассубу зӯроварӣ роҳ намедиҳад.

Ҳамчунин, меҳнатдӯстӣ ва соҳибкасб будан заминаи зиндагии арзанда ва устувории иҷтимоиро фароҳам месозад. Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ миёни шаҳрвандон асоси таҳкими сулҳ мебошад. Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқӣ ба ӣомеа оромию итминон мебахшад. Дар маҷмӯъ, зиндагии осоишта натиҷаи талоши муштарак, эҳтироми ҳамдигар ва масъулияти ҳар як фард дар назди давлат ва ҷомеа мебошад.

Маҳз Роҳбари давлат дар Паём таъкид намуданд, ки “Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд”.

Ин гуфтаҳо таъкид ба он месозад, ки асоси пешрафти давлат, маориф ва малакаи дониш мебошад. Ҷомеае, ки ба омӯзиш ва тарбияи насли босавод аҳаммият медиҳад, метавонад ба рушди устувор ва рақобатпазир ноил гардад. Соҳибкасбу соҳибҳунар будани ӣавонон ба коҳиши бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти иӣтимоӣ мусоидат мекунад. Ин раванд суботи ӣомеа ва зиндагии осударо таъмин менамояд. Қувваи кории босалоҳият ва дорои касбу ҳунар омили асосии рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Маҳз кадрҳои донишманд метавонанд саноат, технология ва соҳибкориро рушд диҳанд. Тарбияи фарзандон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ мусоидат мекунад. Ин раванд бақои давлат ва амнияти миллиро таъмин менамояд. Танҳо бо омода намудани насли соҳибилму соҳибҳунар метавон Тоӣикистонро ба давлати пешрафта табдил дод.

Инчунин, дар Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, чунин изҳор доштанд: “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.

Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ба таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад. Чунин насл барои ҳимояи манфиатҳои давлат омода мебошад. Соҳибмаърифату соҳибфарҳанг будани насл барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ аҳаммияти калон дорад. Ин ҳолат ҷомеаро аз хурофот, ифротгароӣ ва таассуб ҳифз мекунад. Қайд менамоем, ки ин андешаҳо ифода аз он мекунад, ки амният, субот ва ояндаи дурахшони давлат аз сифатҳои зеҳнӣ, касбӣ ва маънавии насли ӣавон вобаста аст. Танҳо насли солим метавонад рушди устувори миллатро таъмин намояд.

Бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем. “Гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек” аст роҳнамо ба сӯи зиндагии осоишта.

Дар маҷмуъ, Паём роҳнамо барои рушди устувор ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон азиз мебошад.

Хайрулло СОДИҚЗОДА,

сармутахассиси Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита