Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ КОРГАРӢ БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ
single-product

ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ КОРГАРӢ БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ

2025-12-18 11:12:07

(Бардошт аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 16.12.2025)

Тағйирёбии босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва равандҳои саноатикунонӣ талаботи бозори меҳнатро пайваста дигаргун месозанд. Дар чунин шароит, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати стратегии давлатӣ самтҳои асосии омода намудани захираҳои инсонӣ ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба талаботи иқтисоди миллӣ ва минтақавиро равшан муайян мекунад.

Бозори меҳнати муосир аз мутахассисон дониши назариявӣ, малакаҳои амалӣ, қобилияти мутобиқшавӣ ва омодагӣ ба омӯзиши пайвастаро талаб мекунад. Корфармоён имрӯз бештар ба он ҷавононе таваҷҷуҳ доранд, ки касбро дар амал аз худ кардаанд, бо техника ва технологияҳои нав ошно ҳастанд ва метавонанд зуд ба равандҳои истеҳсолӣ ворид шаванд.

Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бояд аз шакли анъанавии омӯзиш берун баромада, ба таълими амалӣ, таҷрибаомӯзӣ дар истеҳсолот ва рушди салоҳиятҳои касбӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқ намудани ихтисосҳо ва барномаҳои таълимӣ ба ниёзҳои воқеии иқтисоди миллӣ мебошад. Рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, хизматрасонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ талаб мекунад, ки рӯйхати касбҳо ва муҳтавои таълим пайваста навсозӣ гардад. Дар ин раванд, ҳамкории зич бо корхонаҳо, ташкилотҳо ва бахши хусусӣ аҳамияти ҳалкунанда дошта, имкон медиҳад, ки барномаҳои таълимӣ бо талаботи бозори меҳнат мувофиқ гарданд.

Паёми Пешвои миллат, ҳамчунин, ба масъалаи рушди минтақаҳо ва таъмини шуғли аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ин самт метавонанд нақши калидӣ бозанд, зеро онҳо имконият доранд ҷавонони маҳаллиро бо касбҳои бозорталаб таъмин намуда, муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш диҳанд ва рушди иқтисодии маҳалҳоро тақвият бахшанд. Омӯзиши касбҳои амалӣ дар маҳал, таъсиси марказҳои касбомӯзӣ ва ҷалби ҷавонон ба меҳнати истеҳсолӣ омили муҳими суботи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, таҳсилоти ибтидоии касбӣ бояд ба рушди малакаҳои умумии меҳнатӣ, аз қабили фарҳанги меҳнат, масъулиятшиносӣ, интизом ва малакаҳои коммуникатсионӣ низ аҳамият диҳад. Зеро бозори меҳнат на танҳо мутахассиси соҳиби касб, балки шахсияти омода ба кор дар муҳити рақобатпазирро талаб мекунад. Дар ин ҷода, такмили ихтисоси омӯзгорон, истифодаи усулҳои муосири таълим ва ворид намудани унсурҳои омӯзиши рақамӣ нақши муҳим мебозанд.

Хулоса, ояндаи бозори меҳнат талаб мекунад, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро арзёбӣ намуда, ба таҳкими робита бо иқтисод, баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони амалгаро таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ минбаъд низ ислоҳоти заруриро роҳандозӣ намуда, барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ташаккули бозори меҳнати муосир заминаи устувор фароҳам меорад.

АЛИЗОДА Алишер Ҳикматулло,

муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, н и.п