ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РОҲНАМОИ СТРАТЕГӢ ДАР РУШДИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ
2025-12-18 11:05:33
(Бардошт аз Паёми Пешвои муаззами миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ
Рaҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар 16.12.2025)
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими сиёсати давлатӣ самтҳои
асосии рушди устувори кишварро дар шароити таҳаввулоти ҷаҳонӣ муайян намуда, ба
тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
дастурҳои мушаххасро пешниҳод менамояд.
Дар паёми имсола масъалаи тайёр намудани захираҳои кадрии
ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди миллӣ, рушди саноатикунонӣ, рақамисозии иқтисод ва
баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамчун афзалиятҳои калидии сиёсати
давлатӣ таъкид гардиданд, ки татбиқи онҳо бевосита ба сатҳ ва сифати таҳсилоти
касбӣ вобастагии зич дорад.Пешвои миллат дар паём бо таҳлили амиқи дастовардҳои
иқтисодию иҷтимоии кишвар нишон доданд, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ,
коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ натиҷаи сиёсати дурусти
давлат дар самти омодасозии кадрҳо ва истифодаи самараноки захираҳои инсонӣ
мебошад.
Дар ҳамин замина, нақши таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
ҳамчун пойдевори асосии ташаккули мутахассисони кордон ва рақобатпазир махсус
таъкид мегардад. Зеро маҳз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ метавонанд иқтисодиётро
бо кадрҳои ихтисосманд, соҳиби малакаҳои муосир ва мутобиқ ба талаботи бозори
меҳнат таъмин намоянд.
Дар Паём ба зарурати мутобиқсозии низоми таҳсилоти касбӣ ба талаботи иқтисоди саноатӣ ва инноватсионӣ ишора шуда, таъкид гардид, ки рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва хизматрасониҳо бе мутахассисони баландихтисос ғайриимкон аст. Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор мебошанд, ки барномаҳои таълимиро бозбинӣ намуда, ба равияҳои нав, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ, автоматикунонӣ, зеҳни сунъӣ, логистика, хизматрасонии муосир ва касбҳои бозорталаб таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Яке аз нуктаҳои муҳими паём, ки аҳамияти мустақим ба соҳаи таҳсилоти касбӣ
дорад, масъалаи пайванди зичи соҳа бо бозори меҳнат мебошад. Пешвои миллат ба
зарурати ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, бахши хусусӣ ва
соҳибкорӣ таъкид намуданд. Ин раванд имкон медиҳад, ки муҳассилин дар ҷараёни
таҳсил малакаҳои амалӣ омӯхта, пас аз хатм бе мушкил ба ҷойи кор ҷалб гарданд.
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ин самт тадбирҳои
мушаххасро роҳандозӣ намуда, ҷалби корфармоён ба раванди таълим ва
таҷрибаомӯзиро густариш медиҳад.
Дар паём, ҳамчунин, масъалаи рақамисозӣ ва истифодаи технологияҳои муосир
ҳамчун шарти муҳими рушди соҳаҳо таъкид гардидааст. Ин раванд барои низоми
таҳсилоти касбӣ низ аҳамияти калидӣ дорад. Ҷорӣ намудани усулҳои таълими
рақамӣ, омӯзиши касбҳои нав ва такмили ихтисоси омӯзгорон аз ҷумлаи вазифаҳои
афзалиятноке мебошанд, ки аз муҳтавои паём бармеоянд. Зеро дар шароити рақобати
ҷаҳонӣ танҳо мутахассисоне муваффақ хоҳанд буд, ки бо технологияҳои муосир ва
донишҳои замонавӣ мусаллаҳанд.
Паёми Пешвои миллат, инчунин, таҳсилоти касбиро ҳамчун воситаи муҳими коҳиши
камбизоатӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ арзёбӣ менамояд. Омӯзиши касбу ҳунар ба
ҷавонон ва аҳолии қобили меҳнат имконият медиҳад, ки соҳиби ҷойи кори доимӣ
гарданд, даромади устувор ба даст оранд ва дар рушди иқтисодии кишвар саҳм
гузоранд. Аз ин лиҳоз, тавсеаи фарогирии таҳсилоти касбӣ, бахусус дар
минтақаҳо, яке аз вазифаҳои калидии сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои
низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун ҳуҷҷати стратегии роҳнамо
хизмат намуда, самтҳои афзалиятноки ислоҳот, рушди сифат ва мутобиқсозии он ба
талаботи иқтисоди миллӣ ва бозори меҳнатро муайян менамояд.
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ минбаъд низ тамоми кӯшишро ба
харҷ медиҳад, то дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат сари вақт ва бо сифати баланд
татбиқ гардида, заминаи устувор барои тайёр намудани кадрҳои касбии
рақобатпазир ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шавад.
ДАВЛАТЗОДА Баҳрулло Раҳмон,
муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ