Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САФАРИ КОРӢ ВОРИДИ ТУРКМАНИСТОН ШУДАНД
single-product

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САФАРИ КОРӢ ВОРИДИ ТУРКМАНИСТОН ШУДАНД

2025-12-12 10:42:28

11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашқободи Туркманистон шуданд.

Дар саҳн ва толори фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок менамоянд.