МАСЪУЛИЯТ ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК - ПОЯИ ҶОМЕАИ СОЛИМ
2025-12-08 10:51:26
Тарбияи кӯдак танҳо раванди омӯзонидани хондану навиштан набуда, масъулияти бузургест, ки шахсият, ҷаҳонбинӣ ва рафтори ӯро дар тамоми умр муайян мекунад. Волидайн, омӯзгорон ва ҷомеа ҳама дар ин раванд нақши муҳим доранд, зеро ҳар кӯдак оинаи оянда аст.
Оила мактаби аввалини зиндагии кӯдак буда, волидайн устодони аввалини ӯ мебошанд, зеро маҳз онҳо арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангиро меомӯзонанд, одобу рафтори солимро нишон медиҳанд, муҳити пур аз меҳру муҳаббатро фароҳам меоранд.
Кӯдак аз рӯи гуфтор ва амалҳои волидон меомӯзад. Агар волидон масъулиятшинос бошанд, кӯдак низ тадриҷан ҳамин хислатро дар худ тарбия мекунад. Муассиса ҷойи такмили дониш ва ахлоқ аст.
Дар ин раванд, омӯзгорон масъулияти бузург дар бунёди шахсияти кӯдак ва хонанда доранд. Дар дарсҳо дар баробари фанҳои таълимӣ эҳтироми ҳамдигар, масъулияти иҷтимоӣ, интизом ва заҳматкашӣ омӯзонида мешавад. Омӯзгор бо сабру таҳаммул намунаи рафтор буда, кӯдакро ба таҳсил ва худшиносӣ ҳидоят мекунад.
Ҷомеа низ муҳити таъсиргузор мебошад. Кӯдак берун аз хона ва мактаб низ таъсир мегирад. Аз ин рӯ муҳити амну солим, фаъолияти фарҳангӣ ва варзишӣ ба ташаккули масъулияти кӯдак кӯмак мекунанд.
Дар ҷомеаи солим кӯдакони солим ба воя мерасанд. Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак вазифаи як нафар нест. Ин ҳамкории волидайн, омӯзгорон ва ҷомеа мебошад. Агар мо имрӯз барои тарбияи дурусти кӯдакон саъю талош кунем, фардо ҷомеаи мо низ солим ва масъулиятшинос хоҳад буд.
Замира ҶУМЪАЕВА,
муовини директор оид ба тарбияи
Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова