Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
single-product

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

2025-11-13 11:11:27

 

Таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз пояҳои муҳими рушди захираҳои инсонии ҳар кишвар ба ҳисоб меравад, зеро омодасозии кадрҳои коргарӣ барои бозори меҳнат, пешрафти соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар Тоҷикистон ташаккули низоми муосир, устувор ва ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди миллӣ маҳз ба сиёсати стратегӣ ва ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи мустақим дорад. Ислоҳоти амиқи соҳаи таҳсилоти касбӣ, махсусан таҳсилоти ибтидоии касбӣ, яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ дар беш аз се даҳсолаи охир буда, барои ташкили муҳити рақобатпазир, навоварона ва мутобиқ ба талаботи асри XXI заминаи воқеӣ гузошт.

Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ, пеш аз ҳама, дар мавриди таъини самтҳои афзалиятноки стратегӣ барҷаста аст. Дар паёмҳо ва суханрониҳои Сарвари давлат ҳамеша таъкид мегардад, ки рушди иқтисоди миллӣ бевосита ба сатҳи омода кардани мутахассисон ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон вобаста аст. Ба ҳамин хотир, солҳои охир таваҷҷуҳи махсус ба рушди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҷумла, азнавсозии низоми таълим, барқарорсозии инфрасохтор, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, бунёди муассисаҳои таълимии нав ва ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ нигаронида шудааст.

Ислоҳоти сохторӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ аз иқдомҳои муҳими Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, таъсиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ба он вогузор намудани амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таълиму тарбия, фаъолияти илмию техникӣ, истеҳсолӣ, касбомӯзӣ, дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии тарбиятгирандагон, шунавандагон, таълимгирандагон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва барои ҳамоҳангсозии соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ равобити институтсионалиро устувор гардонд. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар литсейҳои касбию техникӣ, литсейҳои касбӣ, литсейҳои махсуси касбӣ, комбинатҳои таълимию истеҳсолӣ, марказҳои таълимии калонсолон, марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ, марказҳои таълимии назди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, коллеҷҳо ва муассисаҳои дигари таҳсилоти миёнаи касбӣ, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва истеҳсолӣ таъмин гардад.

Дар яке аз паёмҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки: “Зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон саҳми босазо мегузорад”.

Бо назардошти муҳиммияти зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва бо мақсади рушди минбаъдаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ моҳи августи соли равон бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид, ки барои амалӣ намудани он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ зиёда аз 300 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Тавре Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар самти таҷдиди назар намудани стандарт, нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ ҳамчун қадами навбатии ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки барои таҳкими самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва роҳандозии ислоҳот дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, таҳти №653 ва №655, “Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ карда шуданд. Вобаста ба иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда то ин давра якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ, ки самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро ба танзим медароранд аз ҷумла, “Сохтори намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Ҷадвали намунавии воҳидҳои кории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Талаботи давлатӣ ба ҳадди ақали мазмуну муҳтаво ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз рӯйи ихтисосҳои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақшаи намунавии таълимӣ аз рӯйи ихтисос”, “Дастурамал оид ба тартиби истифодаи  Рӯзномаи қайди машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таълимии тањсилоти ибтидоии касбии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон”,  “Дастурамали мансабии директори Литсейи касбии техникӣ”, “Дастурамали мансабии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ” “Дастурамали мансабии муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ”, “Низомномаи шуъбаи таълим”, “Низомномаи шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа”,  “Низомномаи бахши умумӣ (назорат ва коргузорӣ)”, “Дастурамали намунавии коргузорӣ дар Литсейи касбии техникӣ”, таҳия ва ба тасвиб расонида шуд.

Ҳоло дар кишвар 66 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 330 касбу ихтисос барои иқтисоди миллӣ кадрҳои коргарӣ тайёр карда мешаванд. Дар соли таҳсили 2025-2026 дар ин муассисаҳои таълимӣ беш аз 28 ҳазор хонанда таҳсил доранд.

Қобили зикр аст, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳоло дорои 97 бинои таълимӣ (бо 29 ҳазор ҷойи нишаст) мебошанд, ки аз ин 14 бино садамавӣ буда, биноҳои 12 муассиса ба азнавсозӣ ва 22 муассисаи таълимии дигар ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Илова бар ин дар ин муассисаҳо 54 хобгоҳ мавҷуд аст, ки 80 фоизи онҳо бояд таъмиру азнавсозӣ карда шаванд.

Маврид ба қайд аст, ки ҳанӯз дар 16 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ вуҷуд надоранд. Бинобар ин, бо пешниҳод ва дастури Пешвои миллат дар ояндаи наздик дар маркази ин шаҳру ноҳияҳо, маркази ҷамоатҳои деҳоте, ки шумораи аҳолиашон аз 10 ҳазор нафар зиёд аст, инчунин, дар назди вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаҳои калони истеҳсолӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё гурӯҳҳои мақсадноки таълимӣ ва ё филиалҳои онҳо таъсис дода мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки соли ҷорӣ Кумита бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд сохтмон, таъмир ва азнавсозии 37 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро ба нақша гирифтааст ва ин раванд дар оянда боз ҳам вусъат дода мешавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Кумита вазифа гузоштанд, ки шабакаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҷдид ва зиёд карда шавад. Ин тадбир имконият медиҳад, ки раванди таълим пурра азнавсозӣ гардида, дастрасии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмин карда шавад.

Дар баробари ин, рушди босуръати соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, сохтмон ва кишоварзӣ талаб менамояд, ки корхонаҳои истеҳсолӣ бо кадрҳои коргарӣ таъмин карда шаванд. Ҳоло, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо корхонаҳо ва ширкатҳои истеҳсолӣ робитаи мустақими ҳамкориро ба роҳ мондаанд, ки ин ба сифати омодасозии кардрҳои коргарӣ таъсири мусбат расонида истодааст.

Тағйироти муҳими дигар, ки таҳти сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ роҳандозӣ гардид, ин мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз мебошад. Асри XXI асри технологияҳои рақамӣ аст ва ҳар касбомӯз бояд бо компютер, дастгоҳҳои рақамӣ ва технологияҳои муосири шабакавӣ шинос бошад. Бо ин мақсад дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, курсҳои барномасозӣ ва устохонаҳои дорои таҷҳизоти рақамӣ таъсис дода шудаанд. Ин иқдом метавонад сатҳи рақобатпазирии мутахассисони ҷавонро дар бозори меҳнат таъмин намояд.

Дар маҷмӯъ, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ назаррас аст. Маҳз бо дастгирии Сарвари давлат имрӯзҳо иқдомҳои беназир дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ амалӣ шуда истодаанд. Ин иқдомҳо замина мегузоранд, ки Тоҷикистон дорои низоми устувори иқтисодӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои  байналмилалӣ гардад.

 

АЛИЗОДА Алишер Ҳикматулло,

муовини раиси Кумита оид ба

таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент