
ПАРЧАМ - САРИ БОЛОИ МИЛЛАТ
2024-11-22 21:10:47
Чист Парчам? –
ифтихори миллат аст,
Чист Парчам? –
иқтидори миллат аст.
Ҷуз Парчам нест
тоҷикро нишон,
Чист Парчам? –
эҳтироми миллат аст.
Оре, таърих
гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамчун дорои таърихи куҳан ва миллати фарҳангдӯсту ориёӣ
аз қадимулаём соҳибпарчам буда, маҳз пайдоиши Парчам аз мо, тоҷикон маншаъ
мегирад. Агар ба таърих бо чашми хирад нигарем, дар он садҳо ҷилои ҷилваи
муборизаи ҳузнангези мардуми шарафманду сарбаланду ватандӯсту қаҳрамону
мондагору таърихии фарзонафарзандони тоҷикро баҳри ҳифзи марзу бум, пос доштани
номуси ватандорӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллиро бо ивази ҷон
мебинем, ки боиси ифтихору сарфарозист. Бале, тоҷикон аз қадим дорои чунин
ғурури миллӣ ва ватандорӣ ҳастанд ва то имрӯз ин насли асил оини ватандориву
мероси гаронбаҳои ниёгони худро гум накарда, онро бо ғурури ватандорӣ идома
дода истодаанд. Маҳз, ғуруру номуси Коваи оҳангар – яке аз фарзандони аҷдодони
мо, тоҷикон буд, ки бар зидди ҷаҳолат ва зулму ситам матои пешбанди худро
ҳамчун Дирафш, ки дар замони ҳозир маънои Парчамро ифода мекунад, истифода
бурда, ҳамчун қувваи некӣ бар бадӣ ғалаба кард ва аз он рӯз иборатан он Диравши
Коваён ном гирифта, аввалин Парчам ба ҳисоб меравад.
Тазаккур бояд
дод, ки маҳз аввалин Парчам, ки баҳри барҳам додани қувваи бадӣ ва нишонаи
ғалаба кардан арзи ҳастӣ кардааст, басо рамзист ва воқеан Парчам доштан ин
ифтихорманду иқтидорманд будан аст. Парчам ин муқаддасоти миллие мебошад, ки ба
воситаи он халқияту миллату давлатҳо дар ҷаҳон муаррифӣ мегарданд. Чунончӣ ҳар
як варзишгар, иштирокчии олимпиада ва ё дигар намояндаи давлат ба ягон
мусобиқа, олимпиада ва ё ҳамчун намоянда дар сатҳи байналмилалӣ иштирок
мекунад, ҳатман бо худ Парчамро мебарад ва ҳангоми ғолибият бо ифтихор онро
парафшон мекунад, зеро он яке аз рамзҳои муҳимми давлатӣ ба шумор рафта,
муаррифгари давлату миллат ва мояи ифтихори халқ аст. Дар баробари ин, Парчамро
боз дар ҳамагуна чорабиниҳои муҳимми давлатӣ, сиёсӣ ва фарҳангии миллӣ низ
ҳамчун рамзи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар пеш мегузоранд, ки ин ҳам аз
садоқату ифтихору ғурури ватандорӣ шаҳодат медиҳад.
Ёдовар бояд
шуд, ки модари тоҷик чун ҳамеша насли қаҳрамон ба дунё меоварад. Инҷост, ки дар
натиҷаи ҷонбозиҳову қаҳрамониҳо ва фидокориҳои фарзонафарзанди миллат,
Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми
ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ иборат аз се ранг бо ифодаи мазмунҳои баланд
қабул карда шуд, ки то ба имрӯз сари болои мост. Маҳз, бо шарофати Истиқлоли
Ватан Парчами давлатии мо бо баландтарин поя дар саросари ҷаҳон дар маркази
пойтахти азизамон - Душанбешаҳр қомат афрохт, ки тамоми сокинону сайёҳон ва
меҳмононро тасхир намудааст.
Бояд гуфт, ки
ҳар фарди бонангу номусро зарур аст, ки шиори “ДАР ХУНИ МАН ҒУРУРИ НИЁГОН
НУҲУФТА АСТ”-ро аз они худ намуда, аз ин муқаддасоти миллӣ ифтихор кунад, онро
эҳтиёт намояд ва барои абадан парафшонии Парчами азизу зебои Тоҷикистони
соҳибистиқлол ҷонашро дареғ надорад, зеро Парчам бахт, ҳастӣ, номусу нанг,
ғурур, нур ва сари болои мо аст. Дар ифода ва мазмуни ин гуфтаҳо Шоири халқии
Тоҷикистон, шахсияти ватансаро Муҳаммад Ғоиб мегӯяд:
Дар пеши назар
чу нур Парчам монед,
То кам нашавад
ғурур Парчам монед.
Ташвиши
ватандор ба поён нарасад,
Мирам ба даруни
гур Парчам монед.
Саидаброр
САИДӢ, мудири шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият
Махсумоваи шаҳри Душанбе