Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ
single-product

КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

2024-11-02 13:49:48

Нишони асосии ҳар давлат ва давлатдорӣ забони модарӣ, Нишону Парчам, Суруди миллӣ, пули миллӣ, ҳудуди маъмурӣ, Конститутсия ва осудагии халқаш аст. Бешак, ин ҳамаро кишвари маҳбуби мо - Тоҷикистон дорост. Аз ҷумла, чун дигар давлатҳои сайёра дар кишвари мо Конститутсияи комил ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ амал мекунад.

Пас аз он ки соли 1991 дар Тоҷикистон сулҳу озодӣ пойдор гардид ва маҷрои нави давлатдорию давлатсозӣ оғоз шуд, иҷрои як масъалаи муҳими саросарӣ пеши роҳи кор буд. Ин масъала қабули конститутсия барои ба танзим даровардани низоми сохтори давлатӣ буд. Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аҳди ИҶШС4 маротиба (солҳои1929, 1931, 1937 ва 1978) Конститутсия қабул карда ва дар ҳайъати иттиҳод конститутсияи амалкунандаи худро дошт, аммо он баъди пошхӯрии ин иттиҳод ба принсипҳои давлати навбунёди мо созгор набуд. Барои давлатдории навини мо тоҷикон конститутсияе зарур буд, ки пеш аз ҳама, он кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва фарогири ҳамаи ҷанбаҳои давлатдорӣ бошад.

Ҳамин тариқ, дар такя ба масъалаҳои болозикр соли 1994 ҷиҳати қабули санади муҳими ҳуқуқию танзимоварии муносибатҳои давлатию миллӣ - Конститутсия раъйдиҳии умумихалқӣ баргузор гардид. Ин маъракаи сиёсӣ бо мақсади баёни фикру андешаҳои мардум барои қабули конститутсияи комилу такмилёфта равона гардида буд. Ин буд, ки он сол бештари шаҳрвандон ҳуқуқ ба овоздиҳӣ дошта, дар райъдиҳӣ иштирок карданд. Дар натиҷа 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қабул гардид. Он аз 10 бобу 100 модда таркиб ёфта, тамоми масоили сохтори давлатдориро дарбар гирифтааст.

Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Он нишони волои озодӣ ва мустақилияти давлатдорӣаст.

Конститутсия ин кафолати ҳимояи шаъну шараф, маъдану сарватҳои табии давлат, сохтори давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии халқ эътироф гардидааст. Маҳз дар ҳамин замина дар саҳифаи нахустини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро матни зер дарҷ гардидааст, ки он фарогири якпорчагии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он, ҳуқуқу озодиҳои шахс, баробарҳуқуқии миллату халқиятҳо ва ҷамъияти адолатпарвар мебошад:

Барои қабули Конститутсия ва сохтани давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, инчунин дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намудани кишвари азизамон – Тоҷикистон хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва боиси таҳсин аст. Дар мавриди моҳияту арзиш ва қабули ин санади муҳими таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд карданд: «Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ии ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Аз рӯи сарчашмаи аввали қонунгузорӣ будан Конститутсияро дар кишвар моҳиятан сарқонун, қонуни аввал, бахтномаи миллат ҳам меноманд, ки дигар қонунҳои соҳавӣ ҷиҳати дар амал татбиқ шудан аз он сарчашма мегиранд. Бахтномаи миллат ба он маъно ки ба бахти миллати мо пас аз соҳибистиқлолии кишвар имкон даст дод, то Тоҷикистон соҳиби Конститутсияи худ шавад.

Инак, аз қабули Конститутсия-бахтномаи миллат 30 сол пур мешавад. Ба ҳамагон возеҳ аст, ки ин санади муҳими давлатдорӣ фарогири ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо шаҳрвандон, танзимдарорандаи соҳаҳои муҳими давлаторӣ, таъмингари арзишҳои демократӣ ва тартибу низом аст. Ин далоил нишони давлати демократию ҳуқуқбунёд, зиндагии шоиста доштани мардум, иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсию, иҷимоӣ ва фарҳангӣ, муносибати хубу ғамхоронаи давлат ба шаҳрвандонаш ва дигар ҷанбаҳои ҳаёт мебошад.

Латофат ОДИНАЗОДА,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент