
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
2024-11-02 13:48:18
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии сарнавиштсоз ва
бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории тоҷикон, робитаи он бо ҷомеаи
ҷаҳонӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон
нақши бузургу таърихӣ дорад. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз 6 ноябри соли 1994 тариқи
раъйпурсӣ қабул гардида, ҳамасола аз ҷониби миллати сарбаланду тамаддунофари
тоҷик бошукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қабули Конститутсия чунин изҳор доштанд: “Мардуми
шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин саннаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми
ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амали
гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори
таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил
гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта
истодааст”.
Шоистаи зикру
ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ
барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил
гардидан ба дастовардҳои бузургу таърихӣ ва муҳайё кардани фазои мусоид барои
озодии инсон заминаи мустаҳкаму бузург гузошт.
Бо мақсади
огоҳии бештари мардум аз қонун ва ҳуқуқҳои хеш аз ҷониби Пешвои муаззами миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки соли 2024 ба ифтихори 30-юмин
солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари соҳибихтиёру
соҳибистиқлоламон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд. Ин иқдоми арзишманду
саривақтии Роҳбари давлат ба муносибати ин санаи таърихӣ шоистаи таҳсину
ифтихори мо - шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Зеро ба муносибати
эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар саросари кишвар чорабиниҳои илмию
оммавӣ роҳандозӣ шуда, сатҳи маърифати ҳуқуқии ҳама қишри ҷомеаро боз ҳам
баланд мебардорад.
Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ оид ба нақши Конститутсия
ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон сухан гуфта, чунин қайд карданд: “Конститутсияи
Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва
пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз
дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо
имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ,
суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии
кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии
арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Дар маҷмӯъ,
вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту худшинос ин аст, ки ин дастоварди бебаҳои
таърихӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ намояд ва ояндаи
дурахшони Ватанамонро бо заҳмату меҳнати содиқонаву самимона таъмин намуда, дар
асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созанда кӯшиш
намояд.
Зоир ҒАФУРӢ,
директори
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ,
номзади илмҳои
филология, дотсент