
КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ АДОЛАТ ВА ҲАКИҚАТ
2024-10-31 18:05:44
Агар муаррифкунандаи халқу миллат рамзи
суботи давлат дар арсаи байналмилалӣ ин Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ бошад,
пас Конститутсия ҳуҷҷати асосӣ ва сарнавиштсозест, ки тақдири тамоми давлатро
ҳал мекунад.
Конститутсия танҳо як калима ё якчанд ҳарф нест, балки баёнкунандаи орзу,
маром ва мақсади миллати азизамон - Тоҷикистон аст. Баъди аз сари қудрат
рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, ки Тоҷикистон низ узви ин сиёсати
бузурги чаҳонӣ буд, кишвари мо ҳамчун давлати тозабунёду ҷавон ба ҷомеаи чаҳонӣ
қадам гузошт. Дар ҳоле, ки ин кор барои давлати ҷавоне мисли Тоҷикистон осон
набуд, аммо халқи тоҷик аз як гиребон сар бароварда, сараввал Истиқлолияти
сиёсӣ ва сипас, Конститутсияи давлати хешро қабул намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи
райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, аввалин Конститутсияи давлати
соҳибистиқлоли мо ба шумор меравад. Барои қабули ин ҳуҷҷати асосӣ ва
сарнавиштсоз саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосӣ буд.
Ин қонуни асосии мамлакат аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, ки ҳар як
боб дар мақоми муайяни худро дарбар мегирад. Агар мо ба моддаи 1 назар намоем
идоракунии кишварро ба маънои том мефаҳмем.
Дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон чунин омадааст: “Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ,
ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Яъне, миллати мо давлати соҳибистиқлолу
озод мебошад. Тоҷикистон ҳуқуқҳои халқи худро ҳифз ва дастгирӣ мекунад. Ҷумҳурии
Тоҷикистон давлати ягона буда, роҳбари ягона, қонуни ягона ва системаи
идоракунии ягона дорад.
Бартарии дигари ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз таҳияи боби алоҳида бо номи “Ҳуқуқу
озодиҳои инсон ва шаҳрванд” мебошад, ки аз ҳама боби калонтарини Конститутсия ба
шумор меравад. Тибқи боби мазкур давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро
риоя ва ҳифз мекунад ва ба шаҳрвандон шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи
озодонаро фароҳам меорад.
Тоҷикистон мувофиқи ин санад воҳидҳои марзиву маъмурӣ, вилоятҳо ва шаҳру
ноҳияҳоро таъсис дод. Рамзҳои давлатии мо Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ба
муқадасоти давлатӣ дохил карда шуд. Пойтахти кишвари азизамон Душанбе эълон
гардид. Забони давлативу коргузорӣ маҳз забони тоҷикӣ эътироф шуд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон барои боз ҳам
ободу зебо кардани Ватани аҷдодии худ ба меъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқ кардани
Конститутсияи кишвар 3 маротиба тағийиру иловаҳоро дар Конститутсия ба тариқи
райъпурсии умумихалқӣ ворид намуданд. Якумин маротиба тағийиру иловаҳо 26
сентябри соли 1999, дуюмин маротиба 22 июни соли 2003 ва охирон маротиба 22 май
соли 2016 ворид карда шуданд.
Имсол мо дар арафаи истиқболи 30-юмин солгарди Конститутсия қарор дорем.
Маҳз Конститутсия буд, ки давлати тозабунёди мо, дар муддати 30 сол ба бисёр
комёбиҳо ноил гардид. Конститутсия роҳнамои рушди давлатдории мост.
Конститутсия санади тақдирсозест, ки зиндагиамонро ҳифз ва ояндаамонро дурахшон
месозад. Ин ҳуҷҷат кафили адолат ва ҳақиқат буд, ҳаст ва мемонад.
Набиев Субҳон Абдулҳафизович,
омӯзгори фанни диншиносии
Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон