Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ
single-product

КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

2024-10-31 07:03:11

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он 6 ноябри соли 1994 ба таври райъпурсии умумихалқи қабул гардидааст.

Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии кишвар маҳсуб гашта, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд. Мувофиқи моддаи 1-уми он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, тибқи моддаи 6-уми он халқ баёнгари ҳокимияти ягона дар ҷумҳурӣ эътироф шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, ки мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст. Конститутсия ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад. Сарвари давлат дар мавриди Конститутсия чунин гуфтаанд: “Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”.

Конститутсия имрӯз аз рӯйи таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва дарбаргирии меъёрҳои демократӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё ба шумор меравад. Конститутсияи соли 1994 аз ҷониби коршиносони ҷаҳони бисёр ҳам баҳои баланд гирифтааст. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) бошад, Конститутсияи давлати моро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилот ҷой додааст.

Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то Тоҷикистон ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавад ва ҳамчун субъекти комил ҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.

Ҳамин тариқ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории кишвар ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши устувор дорад.

Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расо 30-сол пур мешавад. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихи аллакай Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоси худро пайдо намуда, ба яке аз субъектони муҳимми муносибатҳои байналмилалии минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст. Метавон гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон мабдаи номусу ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик буда, меъёрҳои он минбаъд низ барои муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва рушду ободии ин сарзамини биҳиштосо хизмат хоҳад кард.

БОЗОРОВА НУРАФШОН - мудири шуъбаи умумии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе