Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОНСТИТУТСИЯ - ИФОДАКУНАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ
single-product

КОНСТИТУТСИЯ - ИФОДАКУНАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ

2024-10-28 18:07:56

Имсол қабули Конститутсияро 30 сол сипарӣ мегардад. Воқеан 30 соли эҳё ва рушди Конститутсия аз рӯйдодҳои бузурги созандагӣ ва дастовардҳои беназир дар соҳаҳои мухталиф шаҳодат медиҳад. Дар ин солҳо дар ҳаёти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ рӯй кор омаданд.

Ҳар як давлати соҳибистиқлол дорои Конститутсияи худ мебошад, ки дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ муайян мегардад. Бо ҳамин мақсад 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Мувофиқи моддаи1-и Конститутсия Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Дар баробари ин, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатӣ, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ, халқ баёнгари сарчашмаи ягонаи ҳокимият ва забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ муқаррар шуд.

Тибқи моддаи 9 Конститутсия ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамчун шохаҳои мустақили ҳокимият муайян гардиданд. Бо назардошти он, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни асосӣ мебошад ва дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар зинаи якум қарор дорад, эътибори олии ҳуқуқӣ ва мустақиман амал намудани меъёрҳои он дар худи Конститутсия таҷассум ёфт. Ҳамчунин, дар сатҳи Конститусияи навин гуногунии шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ эътироф шуда, замин, об ва фазо моликияти истисноии давлат муқаррар гардиданд.

Давоми 30 сол ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоии Конститутсияи нави ҷумҳурӣ, ки таъмини ҳаёти осудаву ороми халқ, бартараф кардани оқибатҳои ҷанг, ноил гаштан ба созиши миллӣ, гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ, муътадил фаъолият намудани сохторҳои давлатӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар маҳсуб меёбанд, таъмин гардид.

Бояд таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсияи нав барои барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам омад. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа асос гузошт.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори низоми ҳуқуқи миллӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро бунёди низоми санадҳои қонунгузорӣ ҳануз аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гирифт. Дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор таклифҳои муҳим оид ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, алалхусус гурезаҳо ва такмили қонунгузорӣ изҳори андеша намуда, заминаи низоми ҳуқуқиро гузоштанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин Иҷлосия дар хусуси аҳамияти муҳимми Конститутсияи давлати тозабунёди тоҷикон ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр доштанд: “Низоми амалкунандаи қонунҳо аз экспертизаи байналмилалӣ гузарад ва дар таҳияи Конститутсияи нав аз машварати ташкилотҳои байналмилалии дахлдор истифода карда шавад”.

Зарурат ва аҳамияти қабулшавии Конститутсияи кишварро дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихииXVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда, иброз доштанд, ки «асоси қонунҳои Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».

Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси низоми ҳуқуқи миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, бунёди низоми санадҳои қонунгузорӣ маҳз аз Конститутсия сарчашма мегирад. Дар заминаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аввалин бор дар таърихи давлатдории тоҷикон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ6 ноябри соли1994 қабул карда шуд, инкишоф ва такмили минбаъдаи низоми қонунгузории миллӣ ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат қарор гирифт.

Имрӯз бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна мешиносад ва эътироф менамояд, ки ин мояи ифтихор ва сарфарозии тамоми халқи шарафманди тоҷик мебошад.

Айни ҳол, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дурнамои пешрафти халқу давлати Тоҷикистон хизмат намуда, яке аз вазифаҳои асосии он таъмини пойдории сулҳ дар Тоҷикистон ва бунёди ҷомеи адолатпарвар мебошад.

Шаҳзода Шарипова, муовини директор Литсей касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе