Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН
single-product

КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

2024-10-28 10:11:55

Тавре ҳамагон аз таърих огаҳӣ дорем, маншуури ҷаҳонии ҳуқуқи башар, яъне эъломияи ҳуқуқи башар, аз ҷониби шоҳ Куруши Кабир асосгузори давлати Ҳахоманишиён дар соли 538 пеш аз мелод эълом шудааст. Эъломияи Куруши Кабир на ин ки яке аз манбаъҳои муқаддаси давлати Ҳахоманишиён балки муҳимтарин сарчашмаи таърихи оид ба ҳуқуқи инсон дар масълаҳои озодии эътиқод, зисту зиндагонӣ, муҳнату фаъолият, интихоби манзилу моликият ва амсоли инҳо мебошад.

Дар давоми зиёда аз дуюмин ҳазорсола меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир моҳияти худро гум накарда, муҳимтарин нишондодҳои он дар санадҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла дар Эъломияи ҳуқуқи башар, ки 10-уми декабри соли 1948 қабул гардидааст, истифода шудаанд.

Дар ҳазорсолаи охир зуҳуроти Конститутсионӣ рӯйи оламро ба кишвари Амрико нисбат медиҳанд. Бори аввал соли 1778 дар Амрико нахустин Конститутсия таҳия гардид, ки ба таври расмӣ он соли 1791 мавриди амал қарор гирифт. Баъдтар Фаронса, Австрия, Венгрия, Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо Конститутсияро қабул карданд. Дар собиқ Ҷумҳури Шӯравии Сотсиалистӣ бори аввал дар соли 1918 ва баъдан дар соли 1924 Конститутсия қабул гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз то ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ кӯшиши ҷавобгӯии талаботи замон таҳия шудани Конститутсияи нав ба миён омада буд. Соли 1990 дар авҷи насими демократия ҳаракати истиқлолхоҳи дар собиқ давлатҳои Иттиҳодияи Шӯравии Сотсиалистӣ зиёд шуд ва ин раванд тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тезонид. Ҳанӯз соли 1989 аз ҷониби ҳизби ягонаи ҳукмронии коммунистӣ бо роҳбарии Ҷумҳруи Шӯрави Сотсиалистии Тоҷикистонро дар шакли кумитети марказии Партияи Коммунистии Ҷумҳруи Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба зимма дошт,ҷиҳати лоиҳаи Конститутсияи нав гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд.

23-юми августи соли 1990 бо қарори Шурои олии Ҷумҳури Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон комиссияи Конститусионӣ барои тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Иҷлосияи ҳокимияти Конститутсияро таъсис дод ва заминаҳои воқеи барои таҳия ва Конститутсияи нав ба миён омад, 23-июни соли 1993 комиссияи нави кори бо мақсади қабули Конститутсияи нав таъсис дода шуд, ки раисии онро Раиси Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дошт.

Рӯзҳои 21-22 апрели соли 1994 лоиҳаи нави Конститутсия дар саҳифаи матбуоти даврӣ ва рӯзномавӯ маҷаллаҳо чоп гардид. Лоиҳаи мазкур пас аз шаш моҳ, пас аз такмилу ворид намудани тағиру иловаҳо 6-уми ноябри соли 1994 ба таври райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.

Бояд қайд намуд,ки дар таърихи давлатдории Тоҷикистон панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, 28-уми апрели соли 1929 , 25-уми феврали соли 1931 ,1-уми марти соли 1934, ва 14-уми апрели соли 1978. Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 94.4% шаҳрвандон иштирок намуданд, ки 87,59%-и онҳо тарафдори қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд ба ҳамин тавр 6-уми ноябр рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, 34- моддаи Конститутсия ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Бо назардошти пешрафти рӯзафзун ва талаботи дигаргуниҳои айём, инчунин таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, фардои мунаввари ватан ва ҳёти хушбахтонаи сокинони он бо Конститутсияи мамлакат се маротиба: 26-сентябри соли 1999, 22-июни соли 2003, 23-марти соли 2016 бо тариқи райпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид гардид.

Таъкиди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Ин санади муқаддас, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, орзую ормони мардуми барӯманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯйи бунёди ҷомеаи нав ба таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад.”

МИРЗОХОНОВА МАРҶОНА,

ОМӮЗГОРИ КАФЕДРАИ ГУМАНИТАРӢ ВА ЗАБОНҲОИ КОЛЛЕҶИ МАХСУСГАРДОНИДАШУДАИ ШАҲРИ БОХТАР