Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИФРОТГАРОӢ - ОМИЛИ ВАЙРОНӢ ВА ТАХРИБКОРӢ ДАР КИШВАРҲО
single-product

ИФРОТГАРОӢ - ОМИЛИ ВАЙРОНӢ ВА ТАХРИБКОРӢ ДАР КИШВАРҲО

2024-10-25 20:09:47

Дар вазъияти муташанниҷи замони муосир, ки падидаҳои номатлуб ва фазои номусоиди сиёсӣоламро фаро гирифтааст, роҳи ягонаи расидан ба ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва миллию ҳадафманд дуруст тарбия намудани насли наврас ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳиби маълумоти зарурӣ намудани ҷомеа мебошад.

Дар шароити имрӯз ҳизбу ҳаракатҳо ва равияву созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣсозанд. Дар ин замина онҳо ҳомиёни пуштипардагие доранд, ки онҳоро ҷонибдорӣ ва барои қатлу ғоратгарии онҳо шароит фароҳам меоранд. Ин рафтори онҳо ба манфиати ҷомеаи имрӯз набошад ҳам, вале дар амалӣнамудани кишварҳои абарқудрат ҷиҳати тақсими бозори нави ҷаҳонӣ роҳ фарох месозад.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар ҷаҳони имрӯз вирди забони ҳама шуда, ҳолати тарсу ҳарос ва нафратро ба ин туддаи авбошсурат миёни ҷомеа ба бор овардааст.

Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, доир ба ин масъала, ки дарди рӯз ва сабабгори нооромии ҷомеаҳо мебошад, чунин иброз намуданд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.

Ин зуҳуроти паст на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона ҳам таъсири пасти худро гузошта, ба раванди боварию эътимод ва ҳадафмандонаи иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ ҳам таъсир расонидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ қайд намуда буданд, ки “мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣтаъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолиятӣдавлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди тероризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеаро талаб менамояд. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрии зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шуда, суботу оромӣ таъмин ва зиндагии ободу осоишта дошта бошем. Бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем.

Дар чанд соли охир рафтору гуфтор ва тарзи муоширати идае аз наврасону ҷавонон ба пуррагӣ тағйир ёфта, дар либоспӯшию ороиш, аз қафои муд давидан, эҳтиром накардани калонсолону занон, қабеҳгӯию дашномдиҳӣ, беҳудагӯию дағалрафторӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, беэҳтиромӣ нисбати падару модарон, бародару хоҳарон, калонсолон инчунин, риоя накардани талаботҳои гигиению санитарӣ, беодобӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, кӯчаю хиёбон ва боғу майдон ва оҳиста-оҳиста ба як амали оддӣтабдил шудани ин рафторҳо наметавонад боиси ташвиши ҷомеа ва махсусан соҳаи маориф, оила ва ҷомеа қарор нагирад.

Бо назардошти ин, дарсҳои тарбиявӣ ва машғулиятҳои гуногуни тарбиявию беруназсинфӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил карда шудаанд. Айни замон, дар баробари дигар масъалаҳои тарбиявӣ бештар ба масъалаи пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстермистӣ аҳамият дода шуда, барои огоҳӣ пайдо намудани ҷомеа ва махсусан, ҷавонон аз мақсадҳои нопоки ин гурӯҳҳо бештар ба ин масъала аҳамият додан зарур аст.

Тарғибу ташвиқи ҷавонон аз ҷониби гуруҳҳои ифротӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, китобу дастурҳои дар хориҷа нашргардида ва суҳбатҳои инфиродӣ сурат гирифта, боиси майл намудани як теъдод ҷавонони фиребхӯрда ба ин гурӯҳҳо гардидааст. Омили асосии гаравиши ҷавонон ба ин гурӯҳҳои тундрав таъсири сусти оила, беназоратӣ, оворагардӣ ва фирефтаи даромади муфт шудани онҳо ва руҳан халал ёфтани мағзи онҳо мебошад. Бо назардошти ҳамин, дарсҳои тарбиявӣ зери назорати доимии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қарор гирифта, барои ошкор намудани чеҳраҳои ин иғвогарон ва огоҳии ҷавонону наврасон аз мақсади онҳо назорати доимии муассисаҳо ва тарзи гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ба роҳ монда шудааст.

Бобоҷон МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон