
КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
2024-10-25 20:07:48
Конститутсия
дастурамал ва оинномаи ҳар як давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз
Конститутсия сохтори ҳар як давлатро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои
шаҳрвандонро таъмин ва зиндагии осоиштаи онҳоро кафолат медиҳад. Ҷумҳурии
Тоҷикистон низ чун дигар давлатҳои соҳибтамаддун баъди ба даст овардани
Истиқлолӣ давлатӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия худро қабул намуд,
ки ин яке аз дастовардҳои азими халқи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Аз
ин рӯ, 30 - юмин солгарди қабули ин санади олии ҳуқуқӣ ба маънои арҷ гузоштан
ба муқаддасоти давлатӣ ва миллӣ буда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро, новобаста
ба мансаб, нажод ва миллаташ, ба риояи бечунучарои меъёрҳои он даъват мекунад.
Дар солҳои
соҳибистиқлолӣ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои
дунё эътироф шуда, сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои
ҳаёт муқаррар намудааст. Ин санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ аҳамияти таърихии басо
бузург дошта, маҳз бо қабул ва татбиқи он сулҳу субот дар кишвари азизи мо
фароҳам омад. Зеро маҳз татбиқи ин санади бузурги ҳуқуқӣ тавонист, ки ҳама
гурӯҳҳои сиёсиро гирди ҳам оварда, тоҷику тоҷикистониёнро дар атрофи давлат ва
Пешвои миллат муттаҳид созад ва дар як муҳлати кӯтоҳ кишвари моро ба як давлати
озоду демократӣ дар дунё муаррифӣ намуд.
Нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар самти такмил додани меъёрҳои конститутсионӣ бениҳоят бузург мебошад. Зеро
бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва дар заминаи меъёрҳои Конститутсия
санадҳое қабул гардиданд, ки хусусияти миллӣ дошта, дар дунё ҳамчун намуна
хизмат намуда истодаанд. Инчунин, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат боис
гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва
ташаббускор дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон шиносад.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон
дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву
мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон
таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи
ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун
созанд. Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати
соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб
меравад. Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул
гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи
тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии
ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол
шуморида мешавад. Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати
сиёсиву ҳуқуқӣ, ки арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷҷассум намуда,
суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори
моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну
тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти
давлатӣ қарор додааст. Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии
давлат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани
инсон ва ҳуқуку озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин бунёди
ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтомоӣ ва баробарҳуқуқии
ҷомеаи навини Тоҷикистон гардидааст.
Тавассути ин дастоварди олӣ, Тоҷикистони
азизу маҳбубамон барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба
сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи
боэътимод гузошт ва ин санад дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии
мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва
устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.
Ҳамин тариқ, 30 соли амали Конститутсия
Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки ин санади тақдирсози миллат,
бунёдгузори давлати мо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи
шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аввилиндараҷа буда, барои рушду
инкишофи ин сарзамин ва миллати куҳанбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.
Саидзода
Масрур Мирзохон, директори коллеҷи техникии шаҳри Душанбе, доктори илмҳои
техникӣ