Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

single-product

ОБ ҚУДРАТ АСТ

2024-10-21 19:47:36

Об ҳамчун унсури офариниши ҳаёт ва бақои он асрори хешро миёни чаҳор унсури ҳастиофар бештару равшантар намуд. Ҳикмати «Об-ҳаёт», «Об-рушноӣ» ва «Об-ободӣ» ниҳоят ба дарку фаҳми аҳли илму хирад, сиёсатмадорону сарватмандони олам расид ва ибтидои асри XXI аз минбари баланди СММ садои хирад, ҳушдори қатъӣ ва пешниҳоди оқилонаю ҳакимонаи Сарвари закию дурандеш, Пешвои тоҷикони олам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гӯши ҷаҳониён бирасид.

Чор ташаббус ва пешниҳоди арзиши бузурги умумиинсонӣ, умумисайёравӣ, мантиқию илман асоснок, манфиати сиёсию иқтисодӣ, инчунин роҳнамоӣ ба беҳдошти иҷтимоию ҳифзи муҳитзистидоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина таваҷҷуҳи оламиёнро ба муаммои об ва роҳи ҳалли он ҷалб сохт.

Эътироф ва тасдиқи соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об - барои ҳаёт дар солҳои 2005-2015” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013”, ё худ “Дипломатияи об” аз тарафи СММ ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ки дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (ИМА, Ню - Йорк, 22-23 марти соли 2018) қабул гардид, бори дигар хиради созандаю инсондӯстонаи миллати фарҳангию куҳанбунёди тоҷикро дар шахсияти Пешвои хирадманди миллат нишону тасдиқ намуд.

Тоҷикистон саргаҳи обҳои фаровон асту зиёда аз 947 дарёҳои хурду бузург дорад, ки ҳар яке бештар аз 10 км дарозӣ доштаву дар маҷмӯъ беш аз 28500 километрро ташкил медиҳад ва дорои зиёда аз 2000 кулу обанборҳои хурду бузургу зиёда аз 14509 пиряхҳои хурду бузург ва захираи обҳои зеризаминӣ дар ҳаљми 51,02 км3-ро дорост.

Имрӯз мардуми сайёраи мо пешорӯи бисёр муаммоҳои умумиинсонӣ, экологӣ, вайрон гаштани эътидоли солонаи иқлиму боришот, хушксолӣ, пайдоиш ва сирояти ангезандаҳои бемориҳои маргбор, биёбоншавӣ, шӯршавии заминҳо, нарасидани оби тозаи ошомиданӣ, баланд шудани ҳарорати атмосферӣ, инчунин, ифлос ва пур аз партоб гаштани резишгоҳи дарёву рудҳо, баҳру уқёнусҳо, кӯлу обанборҳо, хушкшавии кӯлҳо, обшавӣ ва нобудшавии пиряхҳо, буриши бераҳмонаи ҷангалу бешазор, маҳв гаштани навъҳои нодири олами набототу ҳайвонот, паррандагону чаррандагон ва дигар омилҳои таъсиррасон ба ҳаёти солими инсон гардида истодаааст, ки ба меъёри қонунияти гардиши об дар табиат сахт алоқаманд аст.

Пешвои муаззами миллат аз минбари бонуфузи СММ бо дурандешӣ ва хиради азалии тољикона фарҳанги истифодаи оқилонаи об ва захираҳои обиро пешниҳод намуда, таъкид бар он доштанд, ки об муъҷизаи ҳаётофаранда аст, муносибати бохирадона ба манбаҳои асосии пайдоиши об, масрафи дақиқу санҷидаи истифодаи об кафили асосии бақои насли инсонӣ дар курраи замин аст.

Ҳифзи манбаҳои обӣ, пок доштани сарчашмаҳо, рӯду дарёҳо, кӯлу обанбор ва баҳру уқёнус вазифаи мосту фарҳанги истифодаи оқилонаи об бо технологияи муосири иттилоотию рақамӣ, кишт, сабзгардонии муҳит ва оростани боғи биҳишт дар макони зист зарур асту дигар ҳељ. Тоҷикистон иқдомгузори ин инқилоби экологист дар бақои ҳаёт барои инсоният ва тамоми мавҷудоти зинда дар курраи Замин. Ҳамин тавр, об муъљиза, об қудрат ва об бақои ҳастист.

Аминҷон ЗАРИФӢ,

омӯзгори Коллеҷи политехникии

ноҳияи Зафаробод