Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

single-product

ТАРБИЯ КОРИ САҲЛ НЕСТ!

2024-10-21 19:45:34

Таъмин намудани соҳаҳои гуногуни кишвар бо мутахассисони ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат бар дӯши зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ буда, маҳз ҳамин зинаҳои таҳсилот дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Тарбия раванди мақсадноки ташаккулёбии шахсият буда, ҷараёни идорашаванда ва назоратшавандаи ҳамкории тарбиятгар ва тарбиягирандагон аст, ки мақсади ташаккул додани шахсиятро барои ҷомеа зарур ва муфид медонанд. Зеро тарбияи дурусти ҷавонон имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тараққикарда ба ҳисоб рафта, мо кӯшиш бар он менамоем, ки ҷавононро дар роҳи дурусти зиндагӣтарбия намоем.

Имрӯз, вобаста ба омӯзиши осори тарбиявии гузаштагонамон бояд кӯдакону ҷавононро роҳнамоӣнамуда, дар руҳияи худшиносии миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ тарбия намоем, ки дар онҳо симои миллат, суннатҳои давлатдории миллӣ ва расму оинҳои аҷдодӣ ҳарчӣ бештар ташаккул ёбанд.

Аҳаммияти омӯзиши осори тарбиявии гузаштагони бузургамон аз он иборат аст, ки осори онҳо, аз қабили «Пандномаи Бузургмеҳр», «Дарахти Асуриг», «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Ёри дониш»-и Абулфазл Ибни Муборак, «Синбоднома», «Тӯтинома», «Бустон» ва «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Насиҳат-ул-мулук»-и Муҳаммад Ғазолӣ ва садҳо асарҳои ахлоқии дигар адибон дар тӯли асрҳо ҳазорон одамонро, чӣ дар мамолики Шарқ ва чӣ дар Ғapб дар руҳияи адлу инсоф, некию инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ тарбия кардаанд ва хоҳанд кард.

Раванди таълим яке аз ҷараёни асосии яклухтии педагогиро ташкил мекунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин раванд дар байни ҷараёнҳои таркибии педагогика -тарбия ва инкишоф хеле мураккаб ва ҳақиқати воқеист. Барои ҳамин ҳам пурра ва ҳаматарафа муайянкунии ин ҷараён басо душвор аст. Таълим дар худ миқдори зиёди алоқамандӣ ва низоми муносибатҳои гуногуни омилҳо ва табиати ҳархеларо мегирад.

Дар гуфта ва навиштаҳои қадим ва асрҳои миёна муттафакирон таҳти мафҳумҳои «таълим» ва «раванди таълим» асосан таълимдиҳиро дар назар доштанд. Дар ибтидои асри XX ба мафҳуми омӯзиш ду қисмати раванд таълимдиҳӣ ва омӯзишро дохил карданд. Дар таълимдиҳӣфаъолияти муаллим нисбати ташкилкунии азхудкунии маводи таълимӣ, вале дар омӯзиш - ҳамчун фаолияти талабагон оид ба азхудкунии донишҳои пешниҳодшуда фаҳмида мешавад. Чанде пас дар маънои таълим фаъолияти идоракунии муаллим нисбати талабагон таҳти услуби фаолияти фаҳмидагирӣташаккул додани фаъолияти муштараки муаллимону талабагон ҳам инъикоси худро пайдо кард. Аммо мунтазам зарурати чунин муайянкунӣ барои фаъолияти амалӣ ҳатман лозим аст. Ин масъалаҳо на фақат барои хонандагон, инчунин барои муаллимон ҳам зарур аст, зеро мунтазам такмил додани мафҳумҳо на мақсади ягона, балки зарурати ҳаётӣмебошад.

Мо, таълимро фақат ҳамчун интиқол додани азхудкунии донишҳо муайян мекунем, яъне дар маркази диққати муаллим махсусан ин лаҳза бояд буд, ки омӯзишро бо якҷоягии фаъолияти муаллимон ва талабагон ифода намояд. Пас, муаллим бояд ба фаъолияти асосӣ - ҷустуҷӯкардани роҳ ва воситаҳои такомулот эътибор диҳад. Зеро талаботи замони муосир аз мактаб ба талаба фикр кардан, ҷустуҷӯнамудан ва ҳамаҷониба инкишофёбиро омӯзондан аст.

Дар ҳақиқат, тарбияи дуруст метавонад инсонро ба қуллаи баланди умед расонад. Яке аз амалҳое, ки барои инсони баркамол шудани кӯдакон нақши муҳим мебозад, ин бедор намудани завқи китобхонии онҳо ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф, яъне барои бедор намудани шавқу завқи китобхонӣ ба мо зарур аст, ки пеш аз ҳама худ китобхон бошем ва барои кӯдак намуна буда тавонем. Чунки кӯдак як хислати хуби азхудкунӣ дорад ва ӯ бештар тақлидкорӣ мекунад, яъне ҳар коре, ки мо дар муҳити хона ва ё берун аз он анҷом медиҳем, ба кӯдак таъсири худро мерасонад.

Тарбияи хуб ва таъмини шароити мусоид ба фарзандон дар айни замон вазифа ва рисолати азалии падару модарон мебошад. Агар ин рисолат бо фаъолияти созандаи омӯзгорон якҷоя пеш бурда шавад, яъне робитаи хубу доимии мактаб ва падару модарон ба роҳ монда шавад, фарзандон, албатта ба роҳи рост мераванд ва таълиму тарбияи дуруст мегиранд. Моро зарур аст, ки дар роҳи рушду инкишофи насли наврас ва ҷавон ва дар ин самт аз донишҳои назариву амалӣ бархурдор кардани онҳо талош намоем. Дар тарбияи қишри ояндасози ҷомеа, ки насли наврас ва ҷавон аст, саҳми худро гузорем.

Шодигул АШӮРОВА,

омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор