
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ: АЗ ВОСИТАИ ГУФТУГӮ ТО ЗАБОНИ ИЛМ
2024-10-05 08:07:07
«Забони тоҷикӣ ҳамон вақт дар мақоми забони
илму фарҳанг қарор мегирад, ки агар бо ин забон истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла сабки
нигориши илмии муосир ба вуҷуд оварда шавад».
Эмомалӣ
РАҲМОН
Забони миллӣ
яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ аст. Бинобар ин дар таҳким бахшидани сохторҳои
идораи давлатӣ ба рушди забони расмӣ ва умумии давлат имрӯз аҳаммияти зиёд дода
мешавад. Забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон баъд аз қабули қонуни хоси
забон дар соли 1989 ба ҳайси забони давлатӣ амал мекунад. Махсусан, баъд аз ба
истиқлол расидани Тоҷикистон барои инкишофи забони тоҷикӣ шароити мусоиде
фароҳам гардид ва забони давлатӣ дар Тоҷикистон барои рушду нумӯъ ва инкишоф
имкониятҳои хеле васеъ пайдо кардааст. Пеш аз ҳама, шароити мувофиқи сиёсӣ
имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар риштаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ ва
иҷтимоӣ бедуни маҳдудиятҳо мавриди истифода қарор гирад. Масалан, имрӯз забони
тоҷикӣ дар сохторҳои ҳарбӣ, бонкдорӣ, ҳисобдорӣ ва илм ба таври васеъ истифода
шуда истодааст, ки дар даврони шӯравӣ ғайриқобили тасаввур буд.
Яке аз
масъалаҳои бисёр муҳим барои рушди бештар пайдо кардан ва пойдор мондани забон
– ин тамоми рисолаҳои илмиро ба забони тоҷикӣ навиштан аст. Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳолатро дарк намуда, борҳо дар суханрониҳои хеш ба
ин масъала ишораҳо карда, таъкид намудаанд, ки коргузории тамоми бахшҳои илм
бояд ба забони тоҷикӣ бошад.
Рисолаҳои
илмӣ пеш ба забони русӣ дифоъ мешуданд. Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷикӣ дифоъ кардани рисолаҳои илмӣ оғоз гардид.
Акнун замоне расидааст, ки роҳҳои ҳалли ба забони тоҷикӣ навиштан ва дифоъ
намудани асарҳои илмӣ дар ҳамаи соҳаҳо (бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ,
техникӣ, меъморӣ) пайдо гардад.
Ин нукта
борҳо дар суханрониҳои Президенти кишвар таъкид шудааст. Вале бо вуҷуди муҳайё
шудани чунин шароити мусоиди сиёсӣ ва густариши бесобиқаи забони тоҷикӣ,
махсусан дар соҳаи вожагонӣ ва илм имрӯз дар матбуот ва ҳамоишҳои илмӣ харобии
забони тоҷикӣ, бо лаҳҷа махлут шудани забони адабӣ, яъне оммиёна шудани он ва
риоя нашудани меъёрҳои забонӣ мушоҳида мешавад.
Барои ба
забони илм табдил додани забони тоҷикӣ бояд тамоми ҷанбаҳои истифодаи он дар
ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар назар гирифта шавад. Барои он бояд забони
тоҷикӣ дар ин соҳаҳо бо як низоми муайяни барномарезишуда истифода шавад. Яъне,
принсипҳои асосии истилоҳсозии забони тоҷикӣ бояд мавриди бозбиниву таҷдид
қарор гирад. Ин принсипҳо бояд дар асоси таҷрибаҳои андӯхтаи забони тоҷикӣ дар
солҳои охир, таҷрибаи хамзабонони мо ва дастовардҳои охири илми забоншиносӣ
таҳия шаванд.
Ин
таъкиди Сарвари давлат бояд шиори кулли олимони кишвар бошад: “Илми воқеан
миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад, ки инро таҷрибаи
дигар кишварҳо кайҳо собит кардааст. Забони тоҷикӣ фақат дар сурате њамчун
забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон
истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад”.
САРМУТАХАССИСИ РАЁСАТИ МОЛИЯ, БАНАҚШАГИРӢ ВА
МУҲОСИБОТ, КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ИБРОИМОВ ШЕРХОН АЛИХОНОВИЧ