
ЗАБОН. МУҲИМТАРИН РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
2024-10-04 11:40:22
Забони тоҷикӣ шиносномаи давлату миллат
буда, нишона аз ҳастӣ, ифтихори миллӣ ва волоияти аркони давлатдорӣ ба шумор
меравад. Ҳамасола дар кишвари мо ҳафтаи аввали моҳи октябр, яъне 5 октябр Рӯзи
забони давлатӣ таҷлил мегардад, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини
мо маҳсуб мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали қадам ниҳодан ба
арсаи сиёсат ба ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир
намуда, дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд: «Забони мо бо Истиқлоли
ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад.
Яъне, вақте ки ватани мо озод ва
мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта
аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии
ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва
забон ҳамеша ҳаммаъно будааст. Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки
давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор
сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам намудани давлатдории
миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ
ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд. Агар ба давраҳои
дури таърихи забони худ назар кунем, мебинем, ки гузаштагони мо барои равнақу
эътибор ва инкишофи забони худ чӣ фидокорӣ ва чӣ кӯшишҳое ба харҷ доданд, то
забони модарии хешро ба пояи забони расмии давлатӣ бароварданд».
Бо
ибтикори Пешвои миллат, забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии
Тоҷикистон чун забони расмии кишвар эътироф гардид ва давлат ба он сарпаноҳи
сиёсӣ дод. Дар ин самт, роҳбарияти Тоҷикистон нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё
сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон намуд ва
барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Қабули санадҳои ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ
дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба густариши бесобиқаи забони тоҷикӣ замина
фароҳам оварда, нақшу мақом ва манзалати онро ба ҳайси забони давлатии
сарзамини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам намуд, ки ин падида натиҷаи
сиёсати бунёдкорона ва кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат аст.
Мусаллам
аст, ки самтҳои гуногуни ҷомеа ва хоҷагии халқро бе забони тоҷикӣ наметавон
тасаввур намуд. Ин муқаддасоти олӣ дар ҳама соҳа рагу пайванд васеъ намуда,
мавқеи умумимиллию давлатиро барои рушду камолоти минбаъда устувор намуд. Аз ин
лиҳоз, он ба ғамхориву пуштибонии доимии давлат эҳтиёҷ дорад. Ҳамин аст, ки
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси
дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
мунтазам баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила
устувор намудани пояҳои он чораҳои муассир андешида, фаъолиятро дар ин самт боз
ҳам вусъат мебахшад.
Яке аз
самтҳои барои рушди ҷомеа муҳим ва ивазнашаванда соҳаи илм ба ҳисоб меравад ва
забони илм эътироф шудани забони тоҷикиро низ дар ҳудуди мамлакат дастоварди
муҳими даврони истиқлолияти давлатӣ ҳисобида таъсиси Комиссияи олии
аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуроҳои дифои рисолаҳои
номзадӣ ва доктори илмро метавон нақшаи амал дар ин самт унвон намуд. Таълифи
асарҳои илмӣ дар ҳамаи бахшу соҳаҳо, бахусус дар илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва
техникӣ барои сайқал хӯрдани забони модарӣ, ҳамқадами замон рушд кардан ва ба
пояи забони илми муосир расидани он беш аз пеш мусоидат менамояд.
Боиси
тазаккур аст, ки бо таъсис додани Комиссияи олии аттестатсионии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо зиёда аз 50 Шуроҳои дифои рисолаҳои
номзадӣ ва докторӣ дар назди донишгоҳу донишкадаҳо ва институтҳои
илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолият менамоянд, ки унвонҷӯён, аспиратон ва докторонтон
метавонад озодона рисолаҳои номзадии худро бо забони тоҷикӣ дифоъ намоянд.
·
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи
забони давлатӣ санаи 4 октябри соли 2019 қайд намуда буданд, ки «Забон неъмати
бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад». Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих,
ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
·
Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи
тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва
забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба
ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.
Ҳамзамон
барои пажӯҳишҳои илмӣ дар ояндаи кишвар асару мақолаҳои Пешвои миллат аҳаммияти
махсус дорад. Роҳҳои асосии густариши забони тоҷикӣ дар асарҳои ӯ, ба монанди
«Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» (1999, 2002, 2006, 2009),
«Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»
инъикоси худро ёфтаанд. Китоби дигари арзишманди Пешвои миллат, ки бевосита ба
масъалаи забони давлатӣ тааллуқ дорад, ин китоби «Забони миллат - ҳастии
миллат» (ҷилди 1, чопи аввал 2016, чопи дуюм 2018, ҷилди дуюм 2020) маҳсуб
мешавад. Ин китоб дастовардҳои охири забоншиносии тоҷикро дар бобати таърихи
густариши забони тоҷикӣ дар худ таҷассум кардааст.
Мавриди
зикр аст, ки забони тоҷикӣ мақоми забони илмро соҳиб шуда, дар доираи меъёрҳои
он рисола ва асарҳои илмию таҳқиқотӣ таҳия гардида, корҳои илмии муҳаққиқон бо
риояи қоидаҳои имло ва сабку баёни илмӣ омода ва интишор мешаванд. Дар
таҳқиқотҳои илмӣ забонҳои дигар низ истифода мегарданд. Фароҳам овардани чунин заминаи
ҳуқуқӣ барои рушди забони илм ва истифодаи истилоҳоти илмӣ бо забони давлатӣ
мусоидат мекунад.
Дар ин
баробар нашри китоби “Қуръони маҷид” бо забони тоҷикӣ, асари аълома Бобоҷон
Ғаффуров “Тоҷикон” ва тақдими он ба ҳар як оила дар ҳудуди мамлакат, баргузории
озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, Шоҳномахониву,
Рӯдакихонӣ ва дигар иқдомҳою тадбирҳое, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои
муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд, барои
воқеан ҳамчун забони илм пазируфта шудани забони тоҷикӣ дар мамлакат мусоидати
хуб менамоянд.
Дар
робита ба ин низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ як
силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки дар кишвар барои ҳифзи забони
давлатӣ ва забонҳои дигар фазои мусоид ба вуҷуд меоранд.
Яке аз
санадаҳои муҳимтарин, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи
онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар
бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Тазаккур бояд дод, ки
Қонуни мазкур истифодаи забонҳои дигарро маҳдуд намекунад. Масалан, дар Моддаи
8. Забони таҳсил омадааст, ки: Муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии
касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ
метавонанд ба забонҳои дигар низ фаъолият намоянд. Ё худ Моддаи 4-уми ҳамин
қонун: Забонҳои дигар, нишон медиҳад, ки: Забони пазироӣ, гуфтушунид ва
нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони хориҷӣ пазироӣ, бо иштироки намояндагони
давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва забони пазируфтаи
тарафҳо сурат мегирад.
Тадбирҳои
мазкур дар роҳи гиромидошту арҷгузорӣ ва рушди забони давлатӣ ҳамчун забони
илми тоҷик, инчунин эҳтиром ба забонҳои дигари хориҷӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар фарҷоми матлаб зикр кардан ба маврид
аст, ки мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон кушиш ба харҷ
дода, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он талош намоем, мақоми
забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотиро тақвият бахшида, таълифи мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ
ва дигар маводҳои таълимиро ба забони давлатӣ зиёд намоем ва барои густариши
забони давлатӣ саъю талош намоем.
Рабизода Наҷибулло-директори Коллеҷи
муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе