
ҲИФЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ
2024-09-27 16:35:27
Раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари
ҷанбаҳои мусбати худ оқибатҳои ҳузнангезро ҳам ба бор дорад, ба забони давлатӣ
низ бетаъсир намемонад. Дар робита ба вазъи бавуҷудомада Пешвои муаззами миллат
дар Паёми навбатии худ ба такягоҳу посдорони асосии забони модарӣ таъкид
мекунанд: «Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама барои поку беолоиш нигоҳ
доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда
ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона
омӯзонанд».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
нахуст ба Модар-Ватан ва азамати забони модарӣ, ҳамчун ба Модар-сарчашмаи
ҳамешазиндаи ҳаёт арҷгузорӣ карда, мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ
баланд бардоштанд, зеро забони модарӣ лафзи ширину муқаддас барои ҳар як инсон
аст, ки маҳз аз модар сарчашма мегирад. Тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз
мекунад, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти
навои фораму дилнишини он худро бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ
мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад, сазовори навои
баландмазмуни модар гардад. Чунки он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни
форамаш дилу дида, қалбу ҷон ором мегирад, зеро он лафзи модарист…
Ҳамин тавр, забони модарии ҳар миллат
сарчашма ва манбаи бақои он буда, санади қавитанини исботи зинда будани ҳар
миллат, пойдор мондани забони модарии он аст. Забони тоҷикии мо дар роҳи
пурпечутоби таърих ва даҳшату тохтутозҳои аҷнабиён зинда монда сарчашмаи бақои
миллат гардид. Чуноне ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:
«... забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар
Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши
адабиёти классики тоҷику форс замина гузоштааст».
Имрӯз забони ширину шоиронаи моро чун
забони бузурги тамаддуни башарӣ мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Мо
соҳибзабонон аз ин ифтихор намуда, барои поку беолоиш нигоҳ доштан ва дар
тозагиву равонии он пайваста ҷаҳд хоҳем кард.
Дар яке аз суханрониҳои хеш Пешвои
миллат ба ин маънӣ фармуданд: «Мо ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин
забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир
ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон
ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл диҳем, то забони ноби тоҷикӣ умри
ҷовидона ёбад».
Боиси сарфарозии ҳар як соҳибзабон аст,
ки имрӯз забони модарии мо мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, зеро ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз
забони модарӣ, пеш аз ҳама пуштибонӣ аз халқу миллати хеш мебошад. Маҳз бо
ташаббуси Пешвои миллат забони модарии мо аз минбари созмонҳои бонуффузи
байналмилалӣ садо медиҳад ва эътибори забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ
тадриҷан афзун мегардад.
Имрӯз дар ҷаҳон аз рӯйи маълумоти оморӣ
ҳар сол тахминан ду забон аз байн мераванд. Аз 6000 забоне, ки мавҷуд аст, 43
фоиз дар ҳолати аз байн рафтан қарор доранд ва шумораи ками забонҳо мавқеи
намоёнро дар доираи таҳсилот ва фаъолият ва камтар аз сад забонҳо дар дунёи
технологияи рақамӣ истифода мешаванд. Масалан, дар Россия 136 забон дар ҳолати
нестшавӣ қарор дошта, 20-тои онҳо аллакай ба ҳисоби “забони мурда” дохил
шудаанд.
Мутахассисон бар он ақидаанд, ки барои
зинда мондани забон бояд на камтар аз 100 ҳазор одам бо он гуфтугӯ кунанд, зеро
дар ҳама давр забонҳо афзоиш меёфтанд, вуҷуд доштанд, баъдан аз байн мерафтанд,
баъзан аз худ нишон ҳам намемонданд. Вале бо ташаккули технологияи нав шинохти
забони модарӣ барои аққалияти миллӣ мушкил гардидааст, зеро забоне, ки имрӯз
дар интернет пешниҳод нашудааст, барои олами муосир вуҷуд надорад.
Дар ин радиф эълон гардидани Рӯзи забони
модарӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кулли забонҳои дунёро баробар
донистани ин ниҳод аҳаммияти беандоза дорад, зеро ҳар як забон нодир аст ва ҳар
яки он ба инсон тааллуқ дораду муаррификунандаи мероси зинда буда, муносибати
ҷиддӣ ва ҳифзи он вазифаи ҳар як соҳибзабон аст.
Ҷомеаи бисёрзабона ва дорои маданияти
баланд ба шарофати зинда будани забони худ вуҷуд дошта, урфу одати анъанавӣ ва
маданияти халқро ҳифз намуда, аз насл ба насл мерасонад. Танҳо бисёрзабонӣ ба
ҳамаи забонҳо имрӯз дар ҷараёни босуръати ҷаҳонишавӣ имконияти пайдо кардани
ҷойгоҳи хешро дар олам фароҳам меорад, зеро забон воситаи нигоҳдошти олам
эҳтиром ва эътирофи ҳамаи мавҷудот аст, зеро ҳар кадоме ба худ хусусияти хос
доранд. Дар он ифодаи махсус ва калимаҳои таҷассумгари ҳуввияти миллӣ, маданият
ва расму оин, анъанаи халқ акс гардидааст, ба мисли аслу насаб, забони модарӣ,
ки бо шири модар дар рагу пайванди мо ҷой мегирад.
Хулоса, пояндагии забони модарӣ аз
соҳибзабонон вобастагӣ дошта, поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, коста
нагардидани лафзи поку ширини модарӣ вазифаи муқаддаси соҳибзабонон аст.
Бинобар ин, ҳар як шахс пеш аз оне, ки ба омӯзиши забони дигар шурӯъ кунад,
аввал бояд меъёрҳои забони модарии хешро пурра донад.
Шарифзода Шамъигул, директори Коллеҷи
омӯзгории шаҳри Бохтар