
МАҚОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
2024-09-26 16:42:12
«Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист,
ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин
хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи
давлат эълон кардаем».
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар радифи ин суханони пур аз меҳру вафо ва садоқати
Пешвои миллат месазад гуфт, ки забони давлатӣ шаҳодатномаи шинохти миллат дар
тӯли таърихи башарият ва пойдевори устувори насли дирӯз, имрӯз ва фардои
миллати тоҷик аст. Миллати тоҷик дар тамоми шебу фарози таърих барои нигоҳдории
ин мероси гаронбаҳо ба фишору таҳдидҳои зиёд тоқат кард. Албатта,
фарзонафардони баору номус ва фидоии ин забону ин миллат дар даврони Истиқлоли
давлатӣ забони миллиро дубора эҳё карданд.
Таърих гувоҳ аст, ки масъалаи густариши забони модарӣ,
нигоҳдорӣ, рушд ва инкишофи он ҳамеша дар мавриди таваҷҷуҳи давлатдории мо
будааст. Аввалин маротиба дар замони соҳибистиқлолии кишвар забони давлатӣ
заминаи ҳуқуқӣ пайдо намуда, дар шакли наву тоза эҳё гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёиёни кишвар саннаи 5 октябри соли 2009 Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Ҳамзамон, ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон шуда, он ба феҳристи ҷашнҳои
давлатӣ ва миллӣ ворид гардид. Ҳамин тавр, забони давлатӣ минбаъд дар тамоми
самтҳои фаъолияти Ҳукумати кишвар ва мардуми башарафи мамлакат фаъолона
роҳандозӣ гардидааст.
Бо гузашти замон забони тоҷикӣ ба забони сиёсат,
коргузорӣ, илм, адабиёт ва равобити дипломатӣ табдил ёфта, имрӯз бо қаноатмандӣ
метавон гуфт, ки дар тамоми сохторҳои давлатӣ забони коргузорӣ, комилан
тоҷикӣмебошад. ки ин ифтихори басо бузург аст. Яъне, даврони Истиқлолият
марҳилаи эҳё ва рушди забони тоҷикиро дар миқёси олам муаррифӣ намуд. Аз ҷумла,
суханронии Пешвои миллат дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали
Муттаҳид, ки аз ин минбари бонуфузи ҷаҳон аз забони Пешвои миллати тоҷикон маҳз
забони ноби тоҷикӣ садо дод, тасдиқи ин андеша аст.
Дар маҷмӯъ, метавон хулоса намуд, ки Пешвои миллати
тоҷикон бо сарфарозӣ ва ифтихори бузург аз соҳибватанӣ ва соҳибзабонӣ изҳори
ақида намуда, масоили мубрами ҷаҳони муосирро бо забони бузурги тоҷикӣ иброз
доштанд, ки ин суханронӣмуаррифкунандаи таъриху забони миллати тоҷикон гардид.
Сарвари давлат
дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ санаи 5 октябри соли 2019
иброз доштанд: “Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар
таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои
қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии
сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон тадқиқоти илмӣ анҷом дода
шудаанд. Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали
солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ
ва паҳлавӣ рафта мерасанд”.
Оре, гузаштагони мо бо ин забони ноб осори зиёди
назмию насрӣ ба қалам додаанд, ки имрӯз тамоми дунё аз онҳо истифода мебаранд.
Донишмандони бузурги мо Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони
Берунӣ, Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш ва дигарон бунёдгузорони
забони илмию адабии тоҷикӣ ба шумор мераванд.
Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи
забони давлатӣ иброз намуданд: «… боиси сарфарозиву ифтихори мо ворисон аст, ки
забони точикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва
корнамоҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод
Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи
ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба
рӯзгори мо расидааст»,
Бояд қайд намуд, ки тайи солҳои охир забони точикӣ бо
маром рушд карда, барои ҳифзи асолати он дар кишвар Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намуда истодаанд. Бе шубҳа, ин имконият барои
таҳкими минбаъдаи рушди забони давлатӣзаминаи асосиро мегузорад.
Сарвари давлат борҳо барҳақ таъкид кардаанд, ки «...
ин забони қадиму асил, сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост. Мо,
соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву
шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ, посдориву
нигоҳбинӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда
босамар истифода барем».
Оре, қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки
забони модариамон, ин забони ширину шоиронаро дӯст дорем, онро мисли модар, ки
моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо ширу поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи
гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли
гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣдорем.
Ҳавасмоҳ БОБОШОЕВА,
муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик
Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.
