Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ТАЪЛИМ – САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
single-product

ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ТАЪЛИМ – САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

2024-09-20 15:59:55

“Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар замони ҷаҳонишавӣ рушди босуръати техника ва технологияи муосир зиндагии аҳли башариятро куллан тағйир дода, муносибатҳои ҷамъиятии сифатан навро ба вуҷуд овард, зеро ҳамарӯза даҳҳо техникаҳои ҷадиди замонавӣ кашф ва ба истифода дода шуда, равишҳои корӣ оҳиста-оҳиста ба шакли электронӣ мегузаранд. Дар ин раванд, кашфи компютер, ихтироъ ва роҳандозии шабакаи глобалии интернет аз нодиртарин дастовардҳои асри гузашта ба шумор меравад. Вале дар асри XXI ин раванд, яъне рақамикунонӣ якбора бо суръати баланд рушд намуда, фаъолият ва зиндагии инсонро бамаротиб осону дигаргун сохт. Он ба инкишофи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсири мусбат расонида, тараққӣ кардани соҳаҳоро дар ҷаҳон хеле боло бурд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамқадам бо давлатҳои дигари олам буда, дар пайи тараққӣ кардани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо истифода аз технологияи муосир ва рушди ин самт басо тадбирҳои муҳим андешида истодааст. Аз ин рӯ, бо роҳандозӣ гардидани барномаҳои мушаххаси давлатӣ онҳо сол аз сол ба натиҷаи дилхоҳу назаррас майли ноилшавӣ доранд.

Имрӯз дар кишвари мо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи мазкур қабул гардида, масъулин пайи татбиқи онҳо ҳамеша ҷаҳду талош мекунанд ва камар мебанданд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, таҳти №1174 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2012-2020 бо мақсади амалисозии Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, таҳти №468 Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон қабул гардид. Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии кишвар бошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, таҳти №451 тасдиқ шуда, Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 таҳти №1713 қабул гардид.

Дар давраи муосири рушди ҷомеа зиёд шудани ҳаҷми афзоиши иттилоот талаб менамояд, ки ба суръат ва сифати азхудкунӣ ва истифодаи минбаъдаи он дар фаъолияти касбӣ эътибори хоса зоҳир намоем. Мақсади ҷалб ба таҳсилот дар ин соҳа низ таълиму тарбияи мутахассисони дараҷаи баланд мебошад. Ин талабот ба таълими омӯзгорон ҳамчун тарбияткунандагони мутахассисони оянда бештар дахл дорад.

Марҳилаи имрӯзаи рушди таҳсилот тағйироти сифатии мазмун, сохтор ва татбиқи технологияҳои нави таълимро дар раванди таълими омӯзгорон тақозо менамояд.

Бояд қайд намуд, ки аксарияти омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ имрӯз дар самти истифодаи технологияи иттилоотӣ омодагии касбии камтар доранд. Аз ин рӯ, ин омилҳо метавонанд ба паст шудани сатҳи умумии қобилияти зеҳнии донишҷӯён таъсири манфии худро расонанд.

Коркарди технологияҳои нави таълими омӯзгорон дар макотиби таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун фанни асосӣ барои омӯзгорони оянда имконияти баланд бардоштани сифати дониши педагогии донишҷӯёни ихтисосҳои мухталифро фароҳам оварда, сатҳи фаъолияти мустақилонаи таълимӣ-маърифатии онҳоро муайян менамояд. Ин технологияҳо бояд дар асоси муносибатҳои замонавӣ ба дараҷаи тайёр намудани мутахассисони соҳа коркард шуда бошанд. Барои саҳеҳ баҳо додан ба фаъолияти таълимии донишҷӯёну хонандагон коркарди технологияи баҳодиҳии сатҳи азхудкунии мавзуъҳои фаннӣ муҳим аст. Ин имконият медиҳад, ки ҳисси қаноатмандии хонандагон аз раванди таълим афзун шавад.

Инчунин, истифодаи технологияҳои муносибати инфиродӣ, технологияии модулӣ-рейтингӣ, технологияи интерактивӣ ва ғайраҳо дар раванди омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгорӣ мусоидат менамояд.

Истифодаи васеи технологияҳои таълим дар раванди омӯзиш қобилиятҳои омӯзгорони ояндаро такомул дода, барои таълиму тарбияи мутахассисони ин соҳа нақши муҳим мебозад. Ба омӯзгор лозим аст, ки ба инкишофи қобилиятҳои эҷодии равшангарони роҳи оянда низ эътибор зоҳир намояд, зеро он элементи зарурии машғулияти замонавӣ мебошад.

Аз дараҷаи фаъолнокии эҷодии донишҷӯён самаранокии фаъолияти таълимӣ барои инкишофи тафаккур вобастагии калон дорад. Истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълими фанни мазкур имконият медиҳад, ки якрангии машғулиятҳо ва фаъолияти устодон бартараф карда шавад. Ба омӯзгорон лозим аст, ки имкониятҳои равонӣ педагогӣ, дидактикӣ, ташкилӣ ва технологии истифодабарии фанни мазкурро дар самти тахассус барои донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ омӯзанд ва тадқиқ намоянд, то ки таълими ин фан мақсаднок гардад.

Бояд таъкид кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз истифобарандагони шабакаи интернет ва технологияи иттилотӣ зиёд шуда, дар ҷомеа технологияҳои инноватсионӣ мавқеи калон пайдо карда истодааст. Технологияи инноватсионӣ ҳам ба сифати илмие, ки роҳҳои беҳтарини таълимро тадқиқ менамояд, ҳам ба сифати системаи тарзҳо, принсипҳое, ки дар таълим истифода мешаванд ва ҳамчун раванди таълим баромад мекунад.

Дар сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илмҳои информатсиониву дақиқ, рӯ овардан ба технологияи муосири таълимӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷойгоҳи махсус дошта, Сарвари давлат борҳо дар мулоқот бо аҳли маориф зарурияти омода кардани мутахассисони касбии соҳаро амри воқеӣ гуфтанд.

Воқеан, барои рушду такомули техникаву технология дар фосилаи 33 соли соҳибистиқлолӣ корҳои азиме ба сомон расонида шуда, Ҳукумати мамлакат бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав ва махсусан рушди соҳаи саноат дар кишвар, беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави мутахассисони илмҳои дақиқ соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуд.

Ҳадафи Пешвои муаззами миллат бо роҳандозии тадбирҳоимазкур,пеш аз ҳама, омода кардани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки иқтидори истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ сол то сол зиёд гардида истодааст. Ба мамалакат мутахассисоне лозим ҳастанд, ки аз лиҳози касбият, дониш ва нерӯмандӣ тавонанд бо технологияи муосири идоракунӣ кор карда тавонанд.

Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки мо дар зеҳну тафаккури насли наврас ва ҷавон омӯзиши технологияи муосирро бештар талқин намоем, зеро ояндаи миллат, пешрафт ва шукуфоии он аз чунин ҷавонони қобилиятнок ва соҳибистеъдод вобастагии калон дорад.

Шуҳрат ЗИКИЛЛОЕВ,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумова