Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БЕ МУРРАБӢ ЗЕРИ ГАРДУН МӮЪТАБАР НАТВОН ШУДАН
single-product

БЕ МУРРАБӢ ЗЕРИ ГАРДУН МӮЪТАБАР НАТВОН ШУДАН

2024-09-19 09:15:07

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

                                                                                              (А. Ҷомӣ)

Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон муррабӣ рамзӣ баҳор аст. Оре, бе муррабӣ кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Аз қадим бузургони илму адаб ба муррабӣ эҳтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои муррабӣ шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин диди муборак то имрӯз боқи мондааст.

Муррабии аввалин, чӣ тавре ки аз номаш бармеояд, онест, ки ба кас хатту савод омӯхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ, гузаштагони фозили мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистаанд:

                                               Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Адиби дурандешу донишманд Аҳмади Дониш дар сифати шинохти устод навиштааст: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар».

Аз ин ҳама андешаҳои ҷолиб чунин бармеояд, ки муррабӣ, устод, муаллим, омӯзгор дар тарбияи маънавии инсон нақши муоссир дошта, боиси эҳтиром ва шаҳомат низ гаштааст.

Муррабии аввалини ман модар аст. Ҳар чизеро, ки то даврони мактабхонӣ медидам, аз ӯ пурсон мешудам. Модар бо суханҳои ширину латиф ҳар як ашёи оламро ба мани кунҷков ошно месохт. Муррабии дигари ман  ин худ зиндагист, ки касро ба баду некӣ ҷаҳони фонӣ ошно меозад.

Аммо хидмати омӯзгор бештар аст, зеро маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккури касро бо тозагулҳои муаттари маьрифат зиннат медиҳад. Дар ин бора Заҳири Форобӣ гуфтааст:

Ин дасти бастаро ту кушодӣ, ки оқибат,

Он кас кӣ буд, ки тарбия устодвор кард.

Хулоса, муррабӣ, устод ва омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тар­бияи шогирдон аст. Ӯ аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хизмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омаданд, аммо, мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштанд. Аз ин рӯ, эҳтироми муррабӣ вазифаи муқаддаси ҳар инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст, Оре:

                                                Ҳар кӣ  н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

                                                Низ  н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

 

Фозил Бобозода Ашурмаҳмад,

Сардори шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорати

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон