
ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2024-11-04 18:13:01
Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии
«Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе» бо ташаббуси
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Маҳкам
Аъзам, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои
ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раҳимзода Маҳмад Забир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
муовинони Раиси Кумита, кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарони
коллеҷу литсейҳои касбии шащри Душанбе иштирок намуданд.
Нахуст, академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин
ҷашни муҳим шодбош гуфта, қайд кард, ки имсол мардуми шарифи
Тоҷикистон30-солагии қабули Констутсияи кишвари соҳибистиқлоли тоҷиконро дар
фазои сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ, бо шукргузорӣаз неъматҳои Истиқлоли
давлатӣ бо рӯҳияи болида таҷлил менамоянд.
“Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол
ин маҳсули тафаккури дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
мебошад, ки аз нахустин рӯзҳои ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардиданашон
нуктаҳои асосӣ ва диди худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистони
соҳибистиқлол дар шакли давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд иброз намуданд
ва ин тезисҳо дар моддаи якуми Конститутсияи Тоҷикистон мавқеи худро ёфта, ба
баҳсҳои дар он давра зиёде доир ба сохти давлатдории минбаъдаи ҷумҳурӣ хотима
бахшиданд”, - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.
Дар идомаи чорабинӣ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, академики Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, оид ба мавқеъ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
рушди қонунгузории кишвар ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат маърӯза намуда,
зикр кард, ки нақши Конститутсияи мамлакат дар самти рушди қонунгузории кишвар
назаррас буда, маҳз дар заминаи муқаррароти меъёрҳои заминавии он дурнамои
инкишофи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян ва муқарраргардидааст.
“Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон боис гардид, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ
санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ
дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо
таъмин карда шаванд. Вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он сиёсати ҳуқуқии
Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф
ёфтааст. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде ҳастанд, ки дурнамо, равиши асосӣ ва
стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум принсипҳои асосии сиёсати
ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд”, - гуфт академик Маҳкам
Маҳмудзода.
Сипас, Раҳимзода Маҳмад Забир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори
кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавриди
нақш ва ҷойгоҳи Конститутсия дар рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, таъкид дошт, ки фаъолияти озоди иқтисодиву
соҳибкорӣ дар асоси кафолатҳои конститутсионӣ тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии
кишварро таъмин намуд ва барои муайян кардани сиёсати мутавозин, хусусан, дар
самти паст кардани таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба
иқтисоди миллии кишвар асоси боэътимод гузошт.
Зикр гардид, ки дар Конститутсия меъёри
бунёдӣ ва бисёр муҳимми иқтисодиёт пешбинӣ шудааст, ки он эътирофи шаклҳои
гуногуни моликият мебошад. Дар доираи санади мазкур давлат фаъолияти озоди
иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти
хусусиро кафолат додааст. Аз ин бармеояд, ки фаъолияти озоди иқтисодӣ,
соҳибкорӣ, баробарҳуҳуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла
моликияти хусусӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар сатҳи Конститутсияи мамлакат ба
ҳисоб меравад.
Дар ҳамоиш дигар намояндагони сохторҳои Кумита дар мавриди нақши ин ҳуҷҷати
муҳиму сарнавиштсоз дар рушди давлатдории миллии тоҷикон ва дигар паҳлӯҳои
фаъолиятии хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ карданд.

