
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ТАШАББУСКОРИ ҲАДАФҲОИ ҶАҲОНИИ РУШДИ УСТУВОР ДАР СОҲАИ ОБ
2024-10-21 19:49:15
Дар
таърихи давлатдории тоҷикон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи
шахсиятҳои бузурге маҳсуб меёбанд, ки на танҳо дар раванди барқарории сулҳу
ваҳдати миллӣ ва раванди созандагию бунёдкорӣ корҳои арзишмандеро ба сомон
расонидаанд, балки ҳамчун ташаббускори ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор дар соҳаи
об низ хизматҳои шоёне намудаанд.
Сарвари
давлати тоҷикон дар яке аз суханрониҳояшон махсус қайд намуданд, ки “мо
тавонистем тавассути талошҳои муштарак дар чаҳорчўби ташаббусҳое, чун “Соли
байналмилалии оби тоза, 2003” Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт,
2005-2015” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, корҳои зиёдеро
ба сомон расонем”.
Ҳамин тавр, пешниҳоди якуми Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумиии СММ 1 октябри соли 1999
ин эълон намудани соли 2003 ҳамчун “Соли оби тоза” буд, ки дар дар асоси он 20
сентябри соли 2000 дар иҷлосияи 55-уми Маҷмааи умумиии СММ ин ташаббус
пазируфта шуд.
Пешниҳоди дуюми Сарвари давлат бо
қатъномаи махсус эълон кардани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии
амалиёти “Об барои ҳаёт” буд, ки 23 декабри соли 2003 Маҷмааи умумиии СММ дар
асоси “Эъломияи Душанбе” қатъномаи дахлдорро қабул карда, ин ташаббусро
пазируфт.
Пешниҳоди сеюм дар хусуси эълон намудани
соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” мебошад. Маросими
оғози он дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид,
ки дар он вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва
суханронӣнамуда буд.
Пешниҳоди чоруми Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии
амал “Об барои рушди устувор” аст, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумиии СММ
Қатъномаи дахлдорро дар ин маврид қабул кард.
Бояд қайд кард, ки 6-8 июни соли 2022
дар шаҳри Душанбе конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи
байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 баргузор гардид,
ки дар он Пешвои миллат иширок ва суханронӣкарданд. Зимни суханронӣ Президенти
мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронсро ба
масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, обшавии пиряхҳо ҳифзи муҳити зист,
мушкилоти дастрасии одамон ба оби тоза, вазъи беҳдошти солимии ҷомеаи ҷаҳон,
истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва коҳиш додани
таъсири омилҳои гуногун ба кишварҳо ҷалб карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
зимни суханронӣ, ҳамчунин, оид ба натиҷаҳои нишасти пешвоёни Эътилофи обу иқлим
дар шаҳри Душанбе, баррасии масъалаҳои хифзи пиряхҳо, андешидани тадбирҳо баҳри
расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши об дар тавлиди нерўи сабз, масъалаи
маблағгузории кишварҳои тараққикардаи олам ва ниҳодҳои молиявӣ барои дастрасии
ҳамагонӣ ба оби ошомиданӣ ва шароити зарурии беҳдошт андешаронӣ намуданд. Дар
рафти конфронс Сарвазири шоҳигарии Нидерланд Марк Рютте ва Абдуллоҳ Шоҳид,
раиси Маҷмаи умумии СММ, ба иштирокчиёни ҳамоиш муроҷиат карданд.
Таъкид шуд, ки табиқи ҳадафҳои даҳсола
барои ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва пешбарии ҳадафи шашуми рушди
устувор дар сатҳҳои гуногун мусоидат хоҳад кард. Зимни мулоқот масъалаҳои
амалисозии ҳадафҳои барномаву стратегияҳо аз ҷумла “Рўзномаи 2030”-и СММ оид ба
рушди устувор, татбиқи Барномаи миёнамўҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои
2021-2025, баргузории Саммит оид ба дигаргунсозии маориф, Саммити ҷаҳонии
иҷтимоӣ ва дигар тадбирҳои муштарак муҳокима гардидаанд.
Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2050
шумораи аҳолии кураи Замин эҳтимоли расидан то 9 миллиард нафарро дорад, ки
албатта боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид. Тақрибан 2
миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар
дастрасӣнадошта, зиёда аз 3,5 миллиард нафар аз хизматрасониҳои зарурии беҳдошт
ва қариб 2,5 миллиард нафар аз шароити одии гигиенӣбархўрдор нестанд. Ҳамин
тавр, ҳамасола қариб 0,5 миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба
ҳалокат мерасанд.
Мушкилот дар роҳи расидан ба ҳадафҳои
рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки кишвари кўҳистон
ва дорои захираҳои бузурги обӣ, махсусан пиряхҳо мебошад, монеаи ҷиддӣ эҷод
менамоянд. Барои мисол, дар натиҷаи ин раванд мо шоҳиди афзоиши бесобиқаи селу
обхезӣ, хушксолӣ ва дигар ҳодисаҳои табии марбут ба об шуда истодаем. Намунаи
дигари раванди зикршуда обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Дар якчанд даҳсолаи
охир беш аз 1000 пиряхҳои Тоҷикистон об шудаанд. Пиряхҳои калонтарини дунё дар
хушкӣ – “Федченко”, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри
муккааб ва лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст. Дар ин робита,
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии омўзиш ва ҳифзи пиряхҳоро давраи
то соли 2030 қабул намуд.
Бо назардошти он ки пиряхҳо ва дигар
манбаъҳои обии Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ
ташаккул меёбад, ин раванд ба нақшаҳои истифодабарии об кишварҳои минтақа
мушкилоти иловагиро ба бор хоҳад овард. Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар доираи эътимоди обу иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 “Соли
байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад.
Боиси хқшҳолист, ки имрўз Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли
масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Бо пешниҳоди Сарвари давлат 14
декабри соли ҷорӣ Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Соли
байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун
“Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона
қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчўбаи Созмони Милали Муттаҳид
фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта,
вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди
Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Саврибегим
ГУЛМИРЗОЕВА,
Файзулло
ҚУРБОНОВ, омӯзгорони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе