НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
2026-06-09 14:14:44
(Бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон)
" Соҳибкорӣ нерӯи пешбарандаи иқтисоди миллӣ
мебошад."
Эмомалӣ Раҳмон
Истиклоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикситон на танҳо рамзи
озодӣ ва давлатдорӣ, балки заминаи муҳими рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти
соҳибкории ватанӣ гардид. Маҳз баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои
рушди бахши хусусӣ фазои мусоид фароҳам омада, ҳазорон нафар тавонистанд
фаъолияти соҳибкории худро огоз намоянд.
Имрӯз соҳибкорон дар пешрафти иқтисоди кишвар саҳми назаррас
доранд. Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳҳои хурду
бузург, рушди соҳаи савдо ва саноат аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол ба
шумор меравад. Соҳибкорон бо ташаббус ва меҳнати худ дар ободии мамлакат,
таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум саҳми
арзанда мегузоранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон низ барои рушди соҳибкорӣ
таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Бо мақсади дастгирии соҳибкорон як қатор
қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикситон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии сохибкорӣ" барои
фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти соҳибкорон заминаи ҳуқуқӣ
гузоштааст.
Ҳамчунин дар мамлакат "Барномаи дастгирӣ ва рушди бахши
хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикситон барои солҳои 2021 - 2030" амалӣ гардида
истодааст, ки ҳадафи он беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ
мебошад. Бо дастгирии давлат Муассисаи давлатии" Ташаккул ва рушди
соҳибкории Тоҷикистон" таъсис дода шудааст, ки ба соҳибкорони нав
машварат, омӯзиш ва роҳнамоӣ пешниҳод менамояд.
Имрӯз бахшида ба чашни 35 - солаги Истиқлоли давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикситон дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободониву созандагӣ
вусъат ёфтаанд. Сохтмони корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои
савдо ва хизматрасонӣ нишонаи рушди босуръати иқтисоди миллӣ ва соҳибкорӣ
мебошад. Ин иқдомҳо барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва таъсиси
ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Ҷавонони кишвар низ бештар ба соҳибкорӣ таваҷҷӯҳ доранд. Ин
нишон медиҳад, ки насли ҷавон мехоҳад бо меҳнати ҳалол тоза ташаббуси созанда
дар пешрафти Ватан саҳм гузорад. Зеро ояндаи иқтисоди Тоҷикистон аз ҷавонони
соҳибмаърифат, фаъол ва ватандӯст вобаста мебошад.Ба андеша ман, ҳар як
соҳибкоре, ки дар ободии кишвар саҳм мегузорад, барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ
арҷ мегузорад. Зеро рушди иқтисод, пешрафти истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси
ҷойҳои нави корӣ аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол ба ҳисоб мераванд.
Ҳасанҷон Мансуров, омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ,
Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ